Гила ё гилоя, пойиз ё тирамоҳ: кадоме дуруст аст?

Исфандиёри Одина

Исфандиёри Одина, рӯзноманигор ва пажӯҳишгар

Аз дардҳои куҳнаи бархе аз фарҳангиёни тоҷик таассуби бемаврид нисбат ба маҳалли худашон аст. Маҳалгароӣ ба шаклҳои гуногун дар миёни онҳо зоҳир мешавад: гоҳ дар қолаби баҳсҳои сиёсию иҷтимоӣ, гоҳ дар гуфтмони торихию фарҳангӣ. Гоҳ ин таассуб маҳдуд ба рустову шаҳристон ё зодбуми кӯчакашон мешавад, гоҳ ҳавзаҳои бузургтаре чун Варорӯду Хуросон ва Форсу Озарбойҷонро ҳам фаро мегирад.

Бавижа дар баҳсҳо перомуни забони порсӣ мебинем, ки касоне дар Тоҷикистон вожаҳову иборотеро ба маҳаллу минтақаи худ нисбат медиҳанд ва корбурди онҳоро бар таъбирҳо ва калимоти дигар афзал мешуморанд – сирфан бо такя ба ин бовари козиб, ки гуё дастаи дувум аз ин вожаҳо ва истилоҳот мутааллиқ ба “дигарон” аст.

Батозагӣ чашмам ба намунае аз ин даст нивиштаҳо уфтод: “Шакли саҳеҳу дурусти калимаи “гилоя” вожаи “гила” ва калимаи “пойиз” вожаи тоҷикии “тирамоҳ” аст. Қаламбадастони мо ба лаҳҷаи теҳронии забони форсӣ тақлид намуда, чунин менависанд, ки дуруст нест. Калимаҳои тоҷикӣ асилтар ва зеботаранд.”

Ин ки чи калимае зебову дигаре зишт аст, сирфан ба салиқаи шахсӣ бармегардад, ки бар сари он наметавон баҳс кард. Ин маворид пеш меояд, ки касе аз вожа ё таркибе хушаш меояд, вале фарди дигар чунин алоқа ё тамоюле ба он надорад. Ин амре табиъист, магар ин ки ғаразе, монанди гароишҳо ва таъассуботи маҳаллӣ, дар кор бошад.
Вале ин иддио, ки фулон калима дурусту асил асту дигаре ғалат, ё фулон вожа ба гӯиш ё лаҳҷаи хоссе таъаллуқ дорад, аз назари забоншиносӣ қобили баҳс аст. Дар ин матлаб ба баррасии чунин вожаҳо дар нақли қавли боло мепардозем.

Гила ва гилоя

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Яғнобӣ зивок". Мустанад дар бораи забоне, ки бo хатари нобудӣ рӯбарӯст

Ин ду вожа дар миёни порсизабонон корбурди фаровоне доранд. Ҳарду ҳаммаъно, ба чами шиква ё шикоят ва тақрибан ҳамшакланд. Дарвоқеъ “гилоя” гунае таҳрифшуда аз “гила” аст, ки бештар дар гӯиш ба кор меравад, ҳарчанд вориди фарҳанги форсии Амид ҳам шудааст. Ин вожа эҳтимолан таҳти таъсири “шикоя” ё “шиквоия”, ки гоҳ ба ҷои шиква ва шикоят ба кор меравад, ба шакли “гилоя” даромадааст.

Шакке нест, ки “гила” саҳеҳтар аст. Бо ин ҳол, наметавон гуфт, ки ин вожа сирфан “тоҷикӣ” ва “гилоя” мутааллиқ ба гӯиши баистилоҳ “теҳронӣ” бошад. Ин иддио дар беҳтарин ҳолат як бовари козиб аст. Шуаро ва удабои як садаи ахири Эрон аз вожаи “гила” фаровон кор гирифтаанд, масалан Шаҳриёр, шоири маъруф, мегӯяд:

ГИЛАЕ кардаму аз як ГИЛА бегона шудӣ,
Ошноё, ГИЛА дорам зи ту чандон, ки мапурс.


Ё Парвини Эътисомӣ гуфта:

Гаштем бешумору надидем оқибат,
Як некрӯз к-ӯ ГИЛА аз осмон надошт.


Шояд бигӯед инҳо шеър аст ва дар забони рӯзмарраи эрониён “гила” ба кор намеравад. Хуб, ин ҳам матлабе аз торнамои “Интихоб” ба торихи 24-уми майи гузашта: “Сайид Аҳмади Хотамӣ, имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон, аз мусаввабаи таътилии шанбеҳо ГИЛА кард ва гуфт: Аз таътилии шанбе ГИЛА дорем. Ин чӣ мусаввабае буд?!...”

Ё унвони матлабе аз торнамои Висто: “ГИЛАИ Саҷҷоди Наҷафӣ аз бетаваҷҷуҳиҳо ба забони форсӣ...” Унвони матлаби дигаре аз “Соъиднюз”: “Меҳрони Мудирӣ: Наргиси Муҳаммадӣ омад давриҳамӣ, аз бехостгорӣ ва бешавҳарӣ ГИЛА кард...”

Инҳо нишон медиҳанд, ки вожаи “гила” дар Эрон корбурди фаровон дорад, агарчи корбурди “гилоя” ҳам дар фазои расонаҳои форсизабон андак нест. Ва итлоқи яке аз ин ду вожа ба Эрону дигаре ба Тоҷикистон аз ноогаҳист.

Тирамоҳ ё тирмоҳ?

Ба назар мерасад ин вожа ба шакли “тирамоҳ” (تیره‌ماه) дар луғатномаҳои куҳани порсӣ дарҷ нашуда, ба истиснои “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, нашри соли 1969-ум дар Маскав, ки ҷумлае аз Аҳмади Дониш дар он ба унвони намуна оварда шуда: “ТИРАМОҲ «تیره‌ماه» фасли сол, ки баъд аз тобистон меояд, фасли хазон, поиз. Филвоқеъ сардии шамоли тирамоҳ ва расидани хазон аломати навид ... аст. Аҳмади Дониш."

Аммо ҳамин фарҳанг дар шарҳи вожаи "тирмоҳ/тирмаҳ" (تیرماه/تیرمه), бидуни ҳои дучашмӣ (ه) дар байн, онро номи моҳи шамсӣ хонда, вале дар байте, ки ба унвони намуна овардааст, ин вожа маънои фасли солро мерасонад: “ТИРМОҲ//ТИРМАҲ, تیرماه||تیرمه моҳи чоруми соли шамсӣ, ки ба 22 июн — 22 июл рост меояд; моҳи якуми тобистон; муқ. тир II 2.

Биҳиштвор машоми ҳаёт тоза кунад,
БАҲОРУ ТИРМАҲ обу ҳавои ин манзил. Исмат”

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Мехоҳем гумрук боҷхона шавад, суғурта – бима, вале муҳлат даркор" ВИДЕО

Аз ин даст таноқузот дар баргардони вожаҳо ва номҳо аз хатти порсӣ ба сириллик дар китобҳои чопи Шӯравӣ фаровон аст. Бино бар ин, баъид нест, ки дар дастнивиси китоби Аҳмади Дониш ин вожа ба шакли “тирмоҳ” омада бошад, то “тирАмоҳ”.

Моҳи тира?

Табиист, ки маънои “тирамоҳ” моҳи тира аст ва дар мавриди моҳ ва фасли сол ин маъно гунг ба назар меояд. Бавижа ин ки дар бештари рӯзҳои пойизӣ ҳаво дар саросари фалоти Эрон рӯшан ва офтобист. Фирдавсӣ дар байте ду вожаи “тира” ва “моҳ”-ро канори ҳам гузошта ва ба маънои “тирагии маҳтоб” ба кор бурдааст:

Баромад яке абру шуд тира моҳ,
Ҳаме тир борид аз абри сиёҳ
.

Шуарои дигаре ҳам ба ҳамин маънӣ ин ду вожаро канори ҳам ба кор бурдаанд. Бо ин ҳол, ба назар мерасад дастикам дар ду маврид – дар ашъоре аз Сӯзании Самарқандӣ ва Анварии Абевардӣ “тира моҳ” (яъне тирамоҳ: تیره ماه) ба маънои фасли сол омадааст:

ТИРАМОҲ омад ба хидмат, то кунад дар боғҳо,
Шохсоронро ба рӯзи сури ту динорбор. (Сӯзанӣ)

ТИРАМОҲИ умедро дода,
Ба сабои вафо мизоҷи рабеъ. (Анварӣ)

Маънои фасли сол дар байти аввал аз онҷо бармеояд, ки вожаи “динорбор” бар шабоҳати баргҳои хазон ба зардии динор далолат мекунад. Дар байти дувум шоир дар баробари тирамоҳ басароҳат аз вожаи “рабеъ” (баҳор дар ъарабӣ) кор гирифтааст.

Бо ин ҳол, ин ки вожаи "тирамоҳ" (تیره‌ماه) саҳеҳ бошад, маҳалли тардид аст, зеро дар бештари манобеи куҳан номи ин фасл "тирмоҳ" (تیرماه) зикр шуда ва низ ишора ба моҳи тир дорад. Ин ном дар ваҳлае аз торих маънои фасли солро гирифта, мисли “баҳор”, ки он ҳам дар оғоз номи моҳе (“сураваҳора”) дар забони порсии бостон (даврони Ҳахоманишиён) буда ва баъд ба маънои фасли сол ривоҷ ёфтааст.

Мардум ҳам номи ин фаслро бештар ба шакли “тирмоҳ” талаффуз мекунанд. Ман ҳанӯз кӯдак будам, ки аз бузургсолони русто “тирмо(ҳ)” шунидаам, на “тирАмоҳ”, ки ин якеро баъдҳо дар мактаб аз китобҳои чопи Шӯравӣ ёд гирифтем.

Поиз ё пойиз

Номи дигари ин фасл поиз ё пойиз аст. Ин вожа нисбат ба “тирмоҳ” корбурди фаровонтаре дар адаби куҳани порсӣ дорад. Шуарои порсигӯ аз гӯшаву канори мухталифи Эронзамин, аз шарқу ғарб ва шимолу ҷануб, аз ин ном истифода кардаанд. Чунончи худи Фирдавсӣ аз “пойиз” ба маънои хазони умр кор гирифта:

Даҳу ҳашт бигзашт сол аз бараш,
Ба пойиз чун тира гашт афсараш.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Маданӣ" ба ҷои "гражданӣ" дар Тоҷикистон. Навбати Суду Прокуратура?

Дар осори дарҷшуда дар торнамои Ганҷур ин вожа дастикам чиҳил бор ба маънои фасли сол аз сӯи шуаро ба кор рафта, дар ҳоле ки корбурди “тирмоҳ” ҳамагӣ 8 бор ва “тирамоҳ” аз ду маврид бештар нест. Намунае аз корбурди "пойиз" аз сӯи Мавлонои Балхӣ, ки ба иддиъои тоҷикистониҳо, зодаи Вахш, буд:

Гулрухон рӯй намоянд, чу рӯ бинмоем,
Ки баҳорем дар он боғ, на мо ПОЙИЗЕМ.

Ба назар мерасад, дар осори Мавлоно дастикам дар 12 маврид вожаҳои “пойиз” ва “пойизӣ” ва танҳо дар як маврид “тирмоҳ” ба маънои фасли сол ба кор рафтааст:

Пир тобистону халқон ТИРМОҲ,
Халқ монанди шабанду пир моҳ.


Ҳоло, ки Мавлонои Балхӣ вожаи “пойиз”-ро фаровон ба кор бурда, чиро як тоҷики варорӯдии имрӯз бояд аз корбурди он худдорӣ кунад? Сирфан бо ин иддиои ботил, ки ин ном ба гӯиши "теҳронӣ" (ё ҳар ҷои дигаре) мутааллиқ аст?

Корбурди ҳеч яке аз ин номҳо ҳеч рабте ба маҳаллу минтақаи хоссе надорад ва ин номҳо дар ғарбу шарқ ва шимолу ҷануби Эронзамин ба таври мусовӣ роиҷ будаанд ва ба ҳамин шева ҳам дар адаби куҳани порсӣ бозтоб ёфтаанд. Рабт додани вожаҳои забон ба маҳаллу минтақае хос бо ангезаҳои маҳалгароёна коре ношоист аст.

Аз идора: Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.