Гукеш ҷавонтарин қаҳрамони шоҳмоти ҷаҳон шуд

Гукеш Доммараҷу

Гроссмейстери байнулмилалӣ Гукеш Доммараҷу аз Ҳиндустон дар мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти ҷаҳон дар Сингапур бар Динг Лирен аз Чин пирӯз шуд.

Рақобати ниҳоӣ, ки Доммараҷу бо донаҳои сиёҳ бозӣ мекард, бо пирӯзии ӯ анҷом ёфт. Натиҷаи ниҳоии бозӣ 7,5:6,5 ба фоидаи Доммараҷу шуд.

Доммараҷу 18 сол дорад ва ҷавонтарин қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи шоҳмоти классикӣ гардид. Вай пас аз Вишванатан Ананд дуюмин қаҳрамони ҷаҳон аз Ҳиндустон аст. Дарвоқеъ, Ананд, ки қаҳрамони 15-уми ҷаҳон аст, мураббии Гукеш мебошад.

Насибҷон Амонӣ, рӯзноманигор ва шореҳи шоҳмот, гуфт, ки пеш аз ду бозии асосии ниҳоӣ қаҳрамони ҷаҳон Динг Лирен бартарии равонӣ ва имкони бештаре барои дар даст нигоҳ доштани тоҷи шатранҷро дошт.

Вай афзуд, “бисёриҳо акнун бар ин бовар буданд, ки чун Динг Лирен бозии 13-умро бо донаҳои сиёҳ мусовӣ анҷом дод, барои дастёбӣ ба ҳадафи ниҳоӣ басо наздик шуд, зеро дар бозии охирин ӯ донаҳои сафедро дар ихтиёр дошт. Вале дар охири бозии ниҳоӣ, ки шатранҷбози чинӣ ҳарчанд як пиёда камтар дошту вале ҳама натиҷаи онро мусовӣ мегуфтанд, ба иштибоҳ роҳ дода, дар ҳаракати 59-ум таслим шуд.”

Ба ин тартиб, Гукеш баробари соҳиб шудан ба унвони қаҳрамонӣ, ҳамчунин дар таърихи шоҳмоти ҷаҳон рекорди наве гузошт: ӯ нахустин шатранҷбозе гардид, ки дар 18-солагӣ шоҳи шатранҷи ҷаҳон шуд.