"Гӯри кампир" ба садҳо хонавода таҳдид мекунад

Пораи "Гӯри кампир" дар акси Мустаони Ваҳҳоб. 11 июли соли 2017

Пораҳои пиряхи “Гӯри кампир”, воқеъ дар ноҳияи Тоҷикобод, 220-километрии пойтахти Тоҷикистон обанбореро ба вуҷуд овард, ки акнун ба беш аз 500 хонавода таҳдид мекунад.

Ин хабарро шоми 11 июл Аваз Сафарбеков, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Тоҷикобод ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Гуфта мешавад, 500 хонавода дар деҳаи Капалӣ ва Фатҳобод зиндагӣ мекунанд ва кӯли сунъӣ, ки иборат аз яху лой аст, дар 13-километрии ду деҳа, дар оби дараи Шӯрак, шохоби рӯдхонаи Сурхоб пайдо шудааст.

Пиряхи “Гӯри кампир” дар қаторкӯҳи “Пётри як” ҷойгир аст ва яке аз пиряхҳои дар ҳоли ҳаракат ба шумор меравад.

Мустаон Ваҳҳобов, вакили деҳаи Капалӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот дар навбати аввал 250 нафарро кӯч доданд, ки дар наздикии ду соҳили рӯдхонаи Сурхоб зиндагӣ мекунанд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ҳоли омодабош қарор доранд ва дар сурати канда шудани сарбанди кӯли сунъӣ мардуми боқимондаро аз тариқи баландгӯякҳо огоҳ мекунанд, ки аз маҳалли таҳдиди офат оҷилан берун раванд. Хонаҳои сокинони боқимонда дар баландиҳо ҷойгиранд ва дар ростои хатари ногузир қарор надоранд.

Пиряхи “Гӯри кампир” дар қаторкӯҳи “Пётри як” ҷойгир аст ва яке аз пиряхҳои дар ҳоли ҳаракат ба шумор меравад. Масоҳати кӯли сунъӣ, ки пораҳои пиряхи “Гӯри кампир” ба вуҷуд овардаанд, зиёда аз се километр аст. Аваз Сафарбеков гуфт, маҳали канда шудани пирях ва ҷамъшавии об аз ҷониби навбатдорон назорат мешавад.

Дар деҳаи Капалӣ ва Фатҳобод наздики 500 хонавода зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи шоҳидон пораҳои ях аз 50 то 100 метр баландӣ доранд. Пораҳои “Гӯри кампир” соати 4-и субҳи 11 июл ба шохаи рӯдхонаи Сурхоб афтод.

Мустаон Ваҳҳобов мегӯяд, “ба мо саҳар чӯпони деҳа занг зад, ки ҳамин хел ях афтодааст. Мо бо намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба он ҷо рафтем. Ҳоло аз поёни ин яхҳо дигар об ҷорӣ намешавад. Умедворем, ки ин яхҳо ба мардум зиён нарасонанд. Намояндагони ҳукумат дар паҳлӯи мардум ҳастанд ва ҳар коре, ки аз дасташон меояд, анҷом медиҳанд”.

Садод Шарипов, сокини деҳаи Капалӣ гуфт, ки мардум аз ин ҳодиса нигарон ҳастанд: “Мо ҳар лаҳза интизори хабар ҳастем, ки одамоне, ки дар он ҷои об ҳастанд, ба мо чӣ мегӯянд. Агар канда шуд,ба мо хабар медиҳанд ва ҳама ба ҷои бехавфтар меравем. Агар об аз зери ях ҷорӣ шавад, хатар камтар аст.”

Соли гузашта, 28 август бар асари афтодани пораҳои ях аз пиряхи “Гӯри кампир” беш аз 20 хона дар деҳаи Капалӣ зиён дида буд.

Пиряхи “Гӯри кампир” дар қаторкӯҳҳои “Пётри як” ҷойгир аст ва бар асари гарм шудани иқлим дар чанд соли ахир рӯ ба обшавӣ овардааст. Аз ҳаракат ва обшавии ин пирях ҳамасола рӯдхона сероб мешаванд ва мардуми поёноб аз обхезӣ зиён мебинанд.

Бонки Ҷаҳонӣ барои назорати пиряхҳои дар ҳоли ҳаракат ва ҷилавгирӣ аз обшавии батадриҷи онҳо соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 13 миллион доллар ҷудо кардааст. Пиряхҳои "Федченко", "Пётри 1", "Гӯри Кампир" ва "Дидал" дар Тоҷикистон аз ҷумлаи пиряхҳои дар ҳоли ҳаракатанд ва хатарнок унвон мешаванд.