Ҳаҷ-2016: Қимати сафари ҳаҷ то охири март мушаххас мешавад

Арзиши сафари ҳаҷ барои зоирони тоҷик дар нимаи дуюми моҳи март мушаххас хоҳад шуд.

Арзиши сафари ҳаҷ барои зоирони тоҷик дар нимаи дуюми моҳи март мушаххас хоҳад шуд ва сафари аввалин гурӯҳи зоирон ба самти Арабистони Саъудӣ баъди 20 август шурӯъ мешавад. Дар ин бора дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хабар дод. Ин ва масоили дигари марбут ба ташкили сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳаҷ рӯзи 3 март дар ҳузури муовини сарвазир Азим Иброҳим дар чаҳорчӯби ҷаласаи Комиссия оид ба назорат ва муташаккилона баргузор намудани сафари шаҳрвандон ба Ҳаҷ баррасӣ шуд.

Дар ин ҷаласа сӯҳбат аз зарурати таҳияи рӯйхати зоирон дар манотиқи мухталифи кишвар ва ҳам таҳияи либоси ҳоҷиён, ташкили озмуни роҳбаладон, хизматрасонии аввалияи тиббӣ ва дигар масоил баррасӣ шудааст. Ба иттилои Сулаймон Давлатов, квота барои Тоҷикистон дар соли 2016 мисли соли гузашта дар ҳаҷми 6295 нафар боқӣ мемонад ва ба рӯйхати зоирон онҳое шомил мешаванд, ки синнашон аз 40-сола боло буда, солиёни зиёд дар навбат истодаанд. Вай гуфт, дар ҷараёни ташкили сафари ҳаҷ имсол ҳеҷ тағйирот ё навигарие ҷорӣ нашудааст.

Дар робита бо қимати сафар, Давлатов гуфт, ки ҳанӯз ин масъала ниҳоӣ нашудааст, чунки арзиши роҳ аз пешниҳоди ширкатҳои ҳавоӣ, қимати хобгоҳҳо ва масоили дигар бастагӣ дорад. Вай гуфт, ки баъди омӯзиши ин ҳама масоил, дар ҳамоҳангӣ бо вазорати нақлиёт ва ҳам Хадамоти зидди инҳисории Тоҷикистон қимати сафари ҳаҷ мушаххас мешавад. Ӯ гуфт, то он замон, интихоби ширкатҳои ҳавоӣ ҷараён мегирад. Ба саволи радиои Озодӣ дар бораи он ки дар шароити коҳиши арзиши билетҳои ҳавопаймоҳо дар ширкатҳои ҷаҳонӣ оё қимати парвоз то Маккаву Мадина ҳам арзонтар мешавад? – ӯ гуфт: “Мо аз рӯи тартиб ба вазорати нақлиёт муроҷиат мекунем ва вазорат ба мо ширкатҳои ҳавопаймоиро пешниҳод мекунад. Мақомоте ҳастанд, ки нархномаро назорат мекунанд. Ҳамон вақт ҳамааш маълум мешавад”.

Дар ҳоле, ки ҳанӯз қимати умумии сафари ҳаҷ мушаххас нашудааст, эҳтимол меравад, ки пастравии қурби сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ ба нархи сафар таъсир гузорад. Соли гузашта нархи сафар ба ба Маккаву Мадина 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирам муқаррар шуда буд, ки назар ба соли 2015 4711 сомонӣ зиёдтар буд. Ҳамон вақт масъулони Кумитаи дин гуфтанд, ки сабаби чунин болоравии нархи сафар аз як тараф, боло рафтани қурби доллар дар муқобили сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон аст ва аз тарафи дигар, афзоиши хидматрасониҳо ба ҳоҷиёни оянда дар Арабистони Саъудӣ аст.

Дар миёнаҳои моҳи январи имсол Кумитаи дини Тоҷикистон эълон кард, ки аз ин ба баъд аз Тоҷикистон танҳо афроди аз 40-сола боло ҳақ доранд, ки аз Хонаи Худо зиёрат кунанд. Сабаб ин аст, ки, ба гуфтаи мақомот, бояд пеш аз ҳама пиронсолон имконият дошта бошанд ба орзуи зиёрати хонаи Худо бирасанд. Ин навоварӣ норизоияти бархе шаҳрвандонро ба бор овард, ки гуфтанд, чунин қарор имкониятҳои зоирони ҷавонро маҳдуд мекунад, дар ҳоле, ки бисёри онҳо ба хотири кӯмак ба волидону азизони барҷомондаашон ба ҳаҷ мераванд.

Сафари Ҳаҷ ба ҳар мусалмон дар зиндагиаш ҳадди ақал як бор фарз шудааст. Тоҷикистон ба далели афзоиши шумори хоҳишмандони сафари Ҳаҷ чанд сол боз талош дорад, то квотаи ин кишварро ба дастикам 8 000 нафар дар сол бирасонад. Вале мақомоти Арабистони Саудӣ ба далели зарурати анҷоми корҳои бозсозӣ дар Маккаву Мадина, аз ҷумла бозсозии атрофи масҷиди Ҳарамайни Шарифайн, аз боло бурдани квотаи кишварҳо, бо шумули Тоҷикистон худдорӣ мекунад.

Аксар сокинони Тоҷикистон мусалмонанд ва зиёрати Хонаи Худо барои бисёри онҳо орзуи якумрӣ мебошад. Сол то сол шумори хоҳишмандони зиёрати Каъба афзоиш меёбад, вале бо далели ҷорӣ будани квота, мақомоти тоҷик мегӯянд, танҳо аз рӯи муқаррароти муайянкардани масъулини ҳаҷи Арабистони Саъудӣ метавонанд зоиронро бифиристанд.