Дуйшенбиев: Тарафҳо дар марз аз силоҳ истифода накардаанд

Раимбердӣ Дуйшенбиев аз вазъи марз ба президент Алмосбек Отамбоев гузориш медиҳад.

Сардори Хадамоти марзбонии Қирғизистон Раимбердӣ Дуйшенбиев ба пурсишҳои хабарнигори Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Бурулкан Саригулова дар бораи вазъ дар марз бо Тоҷикистон посух дод.

Озодӣ: Дар деҳаи Кок-Тоши вилояти Бодканд ду рӯз боз вазъ муташанниҷ аст. Охирин таҳаввулот чист?

Дуйшенбиев: Дар ҳоли ҳозир дар минтақаи низоъ миёни намояндагони ду тараф гуфтушунид идома дорад. Дар онҳо аз тарафи Қирғизистон муовини сардори Хадамоти марзбонӣ, полковник Искандар Мамбеталиев, намояндагони ВКД, Кумитаи амнияти миллӣ ва ҳукумати маҳаллӣ ширкат доранд. Аз тарафи тоҷик -- намояндагони хадамоти марзбонӣ, раиси ноҳияи Исфара. Кормандони ниҳодҳои қудратӣ одамонро ором мекунанд, ҳар тараф бо аҳолии худ кор мебарад, вазъро зери назорат доранд ва ба мардум вазъро мефаҳмонанд. Намояндагони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ вазъро дар манотиқи марзӣ дунбол мекунанд.

Озодӣ: Дар ҷойи воқеа одамон ҳастанд. Чӣ қадаранд?

Дуйшенбиев: Ба ҳисобҳои пешакӣ, аз тарафи қирғизҳо дар он ҷо тақрибан 20-25 ва аз тарафи тоҷикон 30-40 нафар ҳастанд.

Озодӣ: Гуфтушунид мушкилро ҳал хоҳад кард? Маълум шудааст, ки гуфтушуниди телефонӣ ҳам сурат гирифтааст.

Дуйшенбиев: Бале, гуфтушуниди телефонӣ буд. Ман бо сардори Хадамоти марзбонии Тоҷикистон сӯҳбат кардам. Вай ҳам муовинашро ба ҷойи воқеа фиристод. Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо вазъи марзро баррасӣ хоҳанд кард. Дар ҳолати шиддат гирифтани вазъ ҷузвутомҳои марзбонӣ омодаанд барои пешгирӣ аз он амалиёти муштарак анҷом диҳанд. Маълумоте нашр шуд, ки марзбонон аз силоҳ истифода кардаанд. Таъкид мекунам, ки марзбонон аз силоҳ истифода накардаанд. Дар он ҷо сӯҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд.

Озодӣ: Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, садои тирандозиро шунидаанд. Ба журналистон ҳам дар ин бора хабар расид.

Дуйшенбиев: Не, силоҳ истифода нашудааст. Аммо сокинон мегӯянд, ки аз тарафи тоҷикӣ тирандозӣ аз силоҳи шикорӣ шунида шудааст. Марзбонон, кормандони милиса ва ниҳодҳои дигари қудратӣ аз силоҳ истифода накардаанд.

АКСҲОИ ХАБАРНИГОРИ ОЗОДӢ АЗ МАҲАЛИ ҲОДИСА

Аксҳо аз маҳали муноқишаи тоҷикону қирғизҳо дар Исфара

Озодӣ: Аҳолии маҳаллӣ чӣ талаб дорад?

Дуйшенбиев: Дар деҳаи Майское наздик ба 50 оилаи тоҷикон зиндагӣ мекунад. Роҳ ба қабристон аз канори хонаҳои онҳо мегузарад. Аммо онҳо ин роҳро барои сокинони деҳаи қирғизии Кок-Тош бастаанд. Пеш гузаштани мошинҳо аз ин ҷо озод буд, акнун мушкил пеш омадааст. Ба нишони эътироз қирғизистониҳо оби каналро, ки ба деҳаи Чоркӯҳи тоҷикон меравад, бастаанд. Тарафи тоҷикӣ талаб дорад, ки об кушода шавад, қирғизӣ инро, ки роҳ боз гардад. Ҳеч тараф гузашт накардааст. Ин масъалаҳо ҳоло баррасӣ мешаванд. Барои ҳалли онҳо кумиссюни муштараки дуюониба таъсис ёфтааст.

Озодӣ: Эҳтимоли шиддат гирифтани муноқиша ҳаст? Барои пешгирӣ аз он чӣ чораҳо дида мешавад?

Дуйшенбиев: Мо ҳамаи гуна имкониятҳои эҳтимолиро дар мадди назар дорем. Барои он ки вазъ натафсад, чораҳои зарурииро пиёда мекунам. Ҳарду тараф оромиро мехоҳад.

Озодӣ: Дар байни аҳолӣ гуфтугӯҳое ҳаст, ки тарафи савум ба низоъҳои марзӣ даст дорад. Ин овозаҳо асос дорад?

Дуйшенбиев: Мутаассифона, дар ҷомеа чунин овозаҳо ҳастанд. Ҳамчунин овозае ҳаст, ки аз тарафи тоҷикон 500 нафар ҷамъ омадаанд ва омодагӣ мегиранд, ки аз силоҳ истифода кунанд. Тарафи қирғизҳо низ ин омодагиро мегирад, аз деҳаҳои ҳамсоя одам меоранд. Ҳамаи ин овоза аст.

Озодӣ: Ин эҳтимолро тасдиқ мекунед, ки чнуин овозаҳо аз тарафи нерӯҳои савум паҳн карда мешаванд?

Дуйшенбиев: Бояд таҳқиқ кард, пажӯҳиш гузаронд. Аз эҳтимол дур намедонам, ҳама чиз мумкин аст.

Озодӣ: Ин аввалин низои марзӣ нест ва мумкин охирин ҳам набошад. Аслан, чунин низоъҳоро чӣ гуна мешавад, пешгирӣ кард? Чӣ бояд кард, ки дар марз сулҳу оромӣ бошад?

Дуйшенбиев: Дар навбати аввал бояд марзҳоро дақиқ кард.

Озодӣ: Ин фаҳмост. Вале раванд фурсат мехоҳад. Вале ҳоло бояд чӣ кард, чӣ чораҳоро дар пеш гирифт?

Дуйшенбиев: Бояд дар навбати аввал дар минтақаҳои баҳсталаб хатти марзро рӯшан кард. Асосан дар ҳамин гуна ҷойҳо муноқиша бармехезад. То ҳол масъалаҳои об, чарогоҳҳо, киштозорон ҳал нашудаанд. Бино бар ҳамин баҳсҳо муноқишаҳо сар мезанад. Бояд ба аҳоли маҳаллӣ итминони хотир дод, ки барои ҳалли ин масъалаҳо тамоми чораҳо дида мешаванд, талошҳои муштарак анҷом мегиранд.

Озодӣ: Дар бораи зарардидаҳои муноқишаи ахир хабар мерасад. Чанд нафар маҷрӯҳ шудааст?

Дуйшенбиев: Зарардидаҳо аз ҳарду тараф ҳастанд. Аз тарафи қирғизӣ 7-8 нафар захмӣ шуданд. Онҳо ба бемористони Бодканд интиқол дода шуданд.

Озодӣ: Бо захм аз силоҳи оташфишон?

Дуйшенбиев: Не, захмҳое, ки аз сангборони ҳамдигар гирифтаанд.

Озодӣ: Талафоти молӣ ҳам ҳаст?

Дуйшенбиев: Ба сурати умум дар як рӯз одамон се бор аз санг ҳамчун силоҳи зидди ҳамдигар истифода карданд. Дар натиҷа боми хонаҳо, шишаи мошинҳо шикастаанд.