Мисли имсол қаҳрамонии Тоҷикистон бо ширкати 12 даста дар ду давра баргузор мешавад. Дастае, ки дар соли 2025 ҷойи охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меафтад ва дастае, ки дар мусобиқот ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2025 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.
Шакли нави маҳдудияти шумораи бозигарони хориҷӣ тасдиқ гардид. Дар соли 2025 ҳар як дастаи лигаи олӣ метавонад то ҳафт бозигари хориҷиро ба дархости худ ворид кунад, аммо танҳо панҷ легионер дар як вақт имкон дорад дар майдон бошад.
Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор макони баргузории бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни қаҳрамони кишвар – «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода мегардад. Бозӣ 25-уми май, дар Рӯзи ҷаҳонии футбол, баргузор мешавад.
Дар соли 2025 ҳар марҳилаи Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат буда, бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд сурат мегирад.
Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ фаъолияти доварон мавриди танқиди шадид қарор гирифта, ба Департаменти доварон ва нозирони ФФТ тавсия дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи доварӣ чораҳои қатъӣ андешад.
Тасмим гирифта шуд, ки ба хотири баланд бардоштани сифати доварӣ музди маоши доварон, нозирон ва комиссарони бозиҳо дар мавсими нав 30 дарсад боло бурда шавад. Сар аз соли 2025 довароне, ки дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон кор мекунанд, барои холҳои пасти гирифтаашон муҷозот хоҳанд шуд.
Кумитаи иҷроияи ФФТ, ҳамчунин, нақшаҳои фаъолияти дастаҳои мунтахабро барои соли 2025 тасдиқ кард. Макони баргузории бозии нахустини тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муқобили мунтахаби Тимори Шарқӣ муайян шуд. Ин бозӣ 25-уми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз меёбад.
Ҳамчунин, кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯйхати беҳтарин бозигарон ва мураббиёни соли 2024-ро тасдиқ кард, ки дар маросими ҷоизасупорӣ ба барандагони номинатсияҳо тақдим хоҳад шуд.