Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, гуфт, аъзои ниҳоди таҳти роҳбарияш баъд аз баҳсу баррасӣ ва ҳисобҳо Иди Қурбон ё Азҳоро 5 октябр таъин кардаанд ва аз мардум хост, аз он пайравӣ намоянд. “Аъзои Шӯрои уламо рӯзи идро якшанбеи ҳафтаи оянда эълон карданд. Бояд ҳамаи мову Шумо пайравӣ аз Шӯрои уламо кунем. Агар хато карда бошанд, онҳо гунаҳкор ҳастанд. Ба мову Шумо ҳеч гап нест. Агар савоб карданд, аҷру подош мегиранд”,-гуфт оқои Абдулқодирзода қабл аз намози ҷумъаи 26 сентябр.
Ба қавли раҳбари Шӯрои уламо, “муҷтаҳид иҷтиҳод мекунад, агар ба ҳадаф расид, аҷр мегирад. Ҳоло Шӯрои уламо иҷтиҳод кард, агар ба мақсад расиду воқеан ҳамин рӯз ид аст, ду аҷр мегирад. Агар фарз кардем, хато ҳам карданд, аҷр мегиранд. Аҷр на барои он ки хато карданд, балки барои он ки заҳмат кашиданду ҳисоб карданду баҳс карданд.” Сайидмукаррам Абдулқодирзда илова кард, ба далели он ки куҳҳои Тоҷикистон баланданду осмонбӯс, моҳи нав дертар дида мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 25 сентябр, баъд аз як ҷаласаи аъзояш эълон кард, ки Иди Қурбон ё Азҳо 5 октябр, дуруст дар ҷашни таваллуди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Иди забони тоҷикӣ таҷлил хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки аксар кишварҳои исломӣ ва мусалмонии ҷаҳон Иди Қурбонро 4 октябр таҷлил хоҳанд кард.
Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, “таъини рӯзи Иди Рамазон ва Қурбон салоҳияти Шӯрои уламост, ки бо баргузории нишасти тамоми аъзо ва дар асоси таҳқиқи дақиқи илмӣ сурат мегирад.” Ба қавли Сангалиев, “дуруст аст, ки бархе кишварҳои мусалмонӣ таҷлиди Иди Қурбонро 4 октябр эълон карданд, чун онҳо моҳи зулқаъдаро 29 рӯз ҳисоб карданд.” Аммо ба таъкиди ин мутахассиси Шӯрои уламо, “бо таваҷҷӯҳ ба он ки моҳи пурра дар минтақаи мо дида намешавад, моҳи зулқаъда 30 рӯз ҳисоб карда шуд ва ба ин далел Иди Қурбон ба таърихи 5 октябр рост омад.”
Ба ин тартиб, Иди Қурбон имсол дар рӯзи таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ ва таваллуди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон таҷлил хоҳад шуд. Дар ин рӯ, инчунин, сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Ин бори аввал нест, ки таъини оғози моҳи Рамазон ва ё идҳои Фитру Қурбон дар Тоҷикистон аз сӯи Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар ҷомеаи мусалмонии кишвао ба чолиш кашида мешавад. Зеро дар чанд соли охир оғози моҳи Рамазон ва ё идҳои Фитру Қурбон дар Тоҷикистон дар муқоиса ба дигар кишварҳои исломӣ як рӯз пеш ва ё ақиб ҷашн гирифта мешаванд.
Иди Қурбон яке аз ду иди мусулмонҳост ва онро ҳар сол мусулмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа, яъне баъд аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мекунанд. Иди Қурбон дар Тоҷикистон аз соли 1991 ба ин сӯ расман таҷлил мешавад ва ин рӯз рӯзи таътил эълон шудааст.