Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах нимаи дуюми рӯзи душанбеи 15 июн бо сафари корӣ ба Душанбе омад. Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва ҳайати ҳамроҳи ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон истиқбол карданд.
Ба иттилои котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, Томас Бахро дар ин сафар раиси Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои байналмилалии олимпӣ Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Томас Бах ва Шайх Аҳмад дар доираи сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар мебошад, мулоқот хоҳанд кард.
Меҳмонон, инчунин, ба қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташриф меоваранд ва бо варзишгарону мураббиёну доварони маъруф, инчунин аъзои кумитаи иҷроия ва кормандони КМО мулоқот мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки ин аввалин сафари Томас Бах ба Тоҷикистон мебошад. Томас Бах бо ҳайати Кумитаи байналмилалии олимпӣ тавассути ҳавопаймо аз Тошканд (Ӯзбекистон) ба Душанбе меояд ва рӯзи 16 июн аз Душанбе ба Бишкек (Қирғизистон) парвоз мекунад.
ШАРҲИ ҲОЛ
Томас Бах 29 декабри соли 1953 дар шаҳри Вюрсбурги Олмон ба дунё омадааст. Маълумоташ олӣ, ихтисосаш ҳуқуқшинос. Ба ғайр аз забони модариаш олмонӣ, ба забонҳои фаронсавӣ, англисӣ ва испанӣ озодона гап мезанад. 10 сентябри соли 2013 Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) интихоб шудааст.
Вай чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар ҳисоби дастаӣ оид ба шамшербозӣ дар соли 1976 ва чемпиони ҷаҳон дар ҳисоби дастаӣ дар соли 1977 мебошад. Ӯ соли 1991 узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ интихоб шудааст. Солҳои 1996-2000-ум узви Кумитаи иҷрояи КБО, солҳои 2000-2004-ум ноиби президенти КБО, соли 2006 аз нав ноиби президенти КБО интихоб шудааст.
Томас Бах моҳи сентябри соли 2013 яке аз номзадҳо ба вазифаи президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ буд. Баъди аз ин вазифа рафтани Жаг Рогге 10 сентябри соли 2013 Президенти нави КБО (Кумитаи байналмилалии олимпӣ) интихоб шуд. Ба тарафдории ӯ аз 93 узви КБО 49 нафар овоз доданд. Рақиби аслиаш Ричард Каррион (Пуэрто Рикко) 29 овоз гирифт.
Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ 12 августи соли 1963 дар шаҳри Бейрути Лубнон таваллуд шудааст. Донишгоҳи Кувайтро бо ихтисоси сиёсатшиносӣ ва Академияи ҳарбии Кувайтро хатм кардааст. Ба ғайр аз забони модариаш арабӣ, ба забони англисӣ озодона гап мезанад. Фаъолияти кориаш соли 2000-ум ба ҳайси раиси Раёсати ҷавонон ва варзиши Кувайт шурӯъ шудааст. Баъдан ӯ дар вазифаҳои вазири иттилоот, вазири энергетика, раиси Ташкилоти мамлакатҳои нафт хориҷкунандаи ОПЕК кор кардааст. Аз соли 2006 то 2009 раиси амнияти миллии Кувайт буд.
Ӯ аз моҳи сентябри соли 1991 то ҳоло Президенти Шӯрои олимпии Осиё ва аз апрели соли 2012 раиси Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ мебошад. 25 майи соли 2012 раиси Комиссияи ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъин шудааст. Вай, инчунин президенти фахрии як қатор клубҳои Осиё мебошад. Аз 30 апрели соли 2015 узви кумитаи иҷроияи ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) интихоб шудааст.