Дар аввалин лаҳзаҳои пас аз пирӯзияш дар сабқати Лондон Мавзуна Чориева ба суолҳои Радиои Озодӣ посух дод.
Мавзуна Чориева дар даври чаҳорякниҳоӣ дар вазни то 60 кг пирӯз шуд ва ҳадди ақал соҳиби медали биринҷӣ мешавад. 6-уми август Чориеваи 19-сола бо Ченг Донги 25-сола аз Чин, барандаи дукаратаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (солҳои 2008-ум ва 2010-ум) рақобат кард. Бо вуҷуди он ки қади Ченг Донг нисбат ба Мавзуна 17 сантиметр баландтар аст (қади Чориева 1 м 60 см мебошад), дар ин қувваозмоӣ муштзани тоҷик кӯшиш мекард, ки зарбаҳояш ба ҳадаф расанд. Қувваозмоии пуршиддат бо пирӯзии Мавзуна Чориева аз рӯи холҳо бо ҳисоби 13:8 (2:2, 2:1, 4:3, 5:2) поён ёфт.
Хабари пирӯзии Мавзуна дар они воҳид шабакаи интернетиро такон дод. Садҳо нафар аз талошҳои хастагинопазир ва чобукию худфидоии ӯ, ки сабаби аввалин медали олимпии варзишгарони тоҷик дар Лондон гашт, самимона истиқбол карданд. Дар ҳамин лаҳзаҳои нахустини баъд аз поёни набард ба мо муяссар гашт, бо Мавзуна телефонӣ ҳамсӯҳбат шавем. Ҳанӯз садои ӯ аз изтироби ғалаба меларзид ва фараҳи бузурги ботинии ӯ эҳсос мегашт. Нахустин суол мо суол набуд, балки табрик буд: Мавзуна, муборак бод ба Шумо ва ҳамаи мухлисони варзиш ин пирӯзӣ, ки садҳо ҳазор нафарро шод кард.
Чориева: Ташаккур. Ман дар ҳақиқат хурсандам. Хуб гузашт. Ман аз ин натиҷаҳо қаноатмандам.
Озодӣ: Ҳамин лаҳзаҳо бозии шумо тамом шуд ва мо вақте ин набарди шуморо бо рақиби чиноӣ тамошо мекардем, чунин ба назар мерасид, ки гӯё гоҳо зарбаҳои шумо сахту ҳадафманд набуд? То куҷо ин пирӯзӣ ба Шумо осон даст дод?
Чориева: Ҳама варзишгароне, ки ба Олимпиада омаданд, беҳтаринҳоянд. Вале ман ба як чиз боварӣ доштам, ки, ба худо, ба самимияти ман бовар кунед, ки дурӯғ намегӯям, 8 миллион нафар дар қафои ман буданд. Ман ба худ чунин гуфтам, ки бояд ба тамоми дунё нишон диҳам, ки зани тоҷик чӣ гуна аст. Бале, душвор буд, хеле душвор буд. Чунки қади ӯ 1 метру 80 сантиметр буд, аз ман яку панҷоҳу нӯҳ. Дастони ман ба ӯ бо душворӣ мерасид. Ман кӯшиш кардам, ки осон занам. Бисёр чусту чолокӣ кардам, азобаш додам, ба сараш гизалагӣ кардам, ки ӯ ба сари ман биёяд. Валекин ҳамаи ин дар дасти Худованд буд. Аз ман меҳнат буд ва баракаташро ман аз Худованд дидам.
Озодӣ: Мавзуна, акси Шумо дар Фейсбук диққати ҳамаро ба худ кашидааст. Вақте Шуморо пирӯз эълон карданд, ба зону шиштеду бо кафи дастон чашмонатонро пӯшидед. Аз дили шумо он лаҳза чӣ гузашт?
Чориева: Он лаҳза, бовар кунед, ман орзуи падарамро ба ҷо овардам. Ман шукрона мегӯям, ки ба орзую ҳаваси доштаам расидам. Ман орзу доштам, ки дар Олимпиада иштирок кунам, ман омадам. Орзу кардам, ки ба ватан ақаллан бо як медал баргардам. Ман дар он лаҳза шукронаи Оллоҳ кардам.
Озодӣ: Мо орзу мекунем, ки ин танҳо нуқтаи аввали пирӯзиҳои шумо бошад ва дар оянда нишонҳои нуқраву тиллоро ба даст оваред. Дар ин замина шонси худро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Чориева: Иншооллоҳ, ман барои ин кӯшиш мекунам. Ман пеш аз баромадҳои дигар зиёд гуфтан намехоҳам. Ман каме аз китфам ҷароҳат бардоштаам. Худо хоҳад, инро бояд муолиҷа кунам. Умедворам, ки худованд беиқболам намекунад.
Озодӣ: Оё дар ҷараёни бозӣ дар ринг дар вақти танаффус кӣ хизмати шуморо ба ҷо меовард? Кӣ шамол медоду обатон медод?
Чориева: Устодам Мирзо Шамсиев. Он кас мисли падарам ҳастанд. Дар ринг об ҳам медоданд, раҳнамоӣ мекарданд, мегуфтанд, ки бо ин рақибам бо кадом роҳи осон бояд мубориза барам.
Озодӣ: Дар давоми ду рӯзи баъдии дигар, то рақобати навбатӣ чӣ мекунед?
Чориева: Аз ин ҷо, ки баромадем, сабтҳоро тамошо мекунем ва ҷойҳои нозуки рақибро бояд омӯзем. Омода шавем.
Озодӣ: Дар ин лаҳзаҳо ба модар ва азизони дигари худ, ки дар Кӯлобу Душанбе ва дигар нуқоти Тоҷикистон барои шумо ҳаводорӣ мекунанд, чизе гуфтанӣ ҳастед? Паёми Шумо ба онҳо чист?
Чориева: Паёми ман як чиз аст. Ман тамоми халқи Тоҷикистонро дӯст медорам. Тамоми кӯшише, ки ман мекунам, ман бояд нишон диҳам, ки як духтари тоҷик ҳастам. Ман иншооллоҳ сари модарамро боз ҳам баландтар мекунам, ростӣ, намедонам, ки он кас ҳоло чӣ ҳис мекунанд. Ман дӯст медорам Тоҷикистонро, ин барои ман бас аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад