Раҳбари нави маорифи Душанбе мегӯяд, ба ҷангу фасод дар мактабҳо хотима дода, баҳогузориҳои "воқеӣ"-ро ҷорӣ мекунад.
Ҳамидуллохон Фақиров, раҳбари нави Раёсати маорифи Душанбе, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, талош мекунад баҳогузории "воқеӣ"-ро дар мактабҳои пойтахт ҷорӣ карда, ба ҷангҳои байнимактабӣ ва ҷамъоварии маблағу ришвахорӣ дар муассисаҳои таълимӣ хотима бахшад.
Фақиров: "Соҳаи маориф дар тамоми ҷаҳон мушкилӣ дорад, чун ин соҳаест, ки ҳама вақт дар ҳоли тағйирёбӣ қарор дорад. Баъдан, имрӯз дар ин соҳа тамоюлҳое, мисли задухӯрдҳо байни хонандагони синфҳои болоӣ, ҷамъоварии маблағ дар мактабу кӯдакистонҳо пайдо шудаанд. Фикр мекунам, сабаб дар номукаммалии муносибатҳои навест, ки дар ҷомеаи мо ҷой доранд. Механизми амалӣ гаштани баъзе хидматрасониҳое, ки дар асоси шартнома сурат мегиранд, шаффоф ва дуруст ба роҳ монда нашудаанд. Яке аз вазифаҳое, ки дар назди раёсати маорифи шаҳр ва назди ман гузошта шудааст, ин аст, ки бояд ҳамин муносибатҳо ё маблағҷамъкуниҳои беасосро ба танзим дарорем."
Озодӣ: Аксари волидон аз кори муассисаҳои томактабӣ ва бемасъулиятии муррабияҳо шикоят мекунанд. Барои мисол, ахиран як гурӯҳ волидон аз муносибат ва кори муррабияҳои кӯдакистони "Санҷобча"-и шаҳр шикоят карда буданд. Дар ин маврид чӣ мегӯед ва чӣ кор хоҳед кард?
Фақиров: "Дар шаҳри Душанбе муассисаҳое ҳастанд, талаботи ҷомеаро қонеъ карда наметавонанд. Баъзан волидоне пайдо мешаванд, ки ба кӯдакистонҳо кӯмак мекунанд. Одамони сарватманд ба мактабу кӯдакистонҳо кӯмакҳо мекунанд. Ин дар тамоми дунё ҳаст. Вале дар мо як низоми муайян надорад. Маҷбур шудем, якҷоя бо Раёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳама мудирон даъват кардем, ки ин кӯмакҳо ба як низоми муайян дароварда шавад. Агар пардохти ҳатмӣ 10 сомонӣ бошад, дигараш бояд ихтиёрӣ шавад. Ҳар касе мехоҳад, метавонад кӯмак кунад, аммо на зиёда аз 40 сомонӣ. Ин бояд иҷборӣ набошад. Мо то соли нав ҳамин шеваро тавсия додем. Боз мебинем. Дар масъалаи кӯдакистони "Санҷобча", ки дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр шуд, мо иттилоъ дорем ва чораҳо ҳам андешидем. Вале бубинед мо аз муносибат дар муассисаҳои томактабӣ нисбат ба кӯдакон шикоят мекунем, вале чаро намегӯем, ки дар хона бо кӯдакон муомилаи бад мекунем, чаро ягон маротиба мо муносибати волидонро муҳокима намекунем. Медонед, ки дар кишварҳои пешрафта ба ин масъала ҳам таваҷҷуҳи ҷиддӣ равона мешавад. Вақте кӯдак дар хона дар ҳолати бад меафтад, дар кӯдакистон ҳам дигар наметавонад рафтори хуб кунад, чун ӯ дигар ба фишору ба муносибати дағалона одат мекунад. Инро бояд дуруст дарк кард."
Озодӣ: Агар ба масъалаи мактабҳои миёна рӯ орем, солҳои ахир аксарият аз ҷангҳои байнимактабӣ, ки дар пойтахт ба назар мерасанд, нигаронӣ мекунанд. Омили ин падида аз нигоҳи Шумо чист ва дар ин самт чӣ барнома доред?
Фақиров: "Рости гап, мо дар ин масъала бо синфҳои болоии мактабҳо ва раёсати умури дохиливу дигар ниҳодҳои масъул вохӯрдем. Мушоҳида кардем, ки онҳое даст ба ин корҳо мезананд, ки каму беш ба варзиш машғул ҳастанд. Яъне, дар ин ё он толорҳои варзишӣ ба муштзаниву лагадзанӣ машғуланд. Мо маҷбур шудем, бо Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе бо раёсати амнияти пойтахт ва тамоми мураббиҳои варзиш, чемпионҳо мулоқот кардем. Гуфтем, тарафдори варзиш ҳастем, вале варзишгар бояд маънавиёти хуб дошта бошад, одобу рафтораш ҳам хуб бошад. Яъне он қуввату нерӯе, ки дорад, на ба хотири тарсондани ҳамсолони худ истифода барад. Мутаассифона, мушоҳида кардем, аз байни 10 хонандае, ки ба варзиш машғул аст, танҳо як нафар бо баҳои хубу аъло мехонад. Бояд кӯшиш кард, ки наврасон ҳам варзишгар ва ҳам хонандаи хуб бошанд. Ин масъала дастаҷамъона ҳаст, барои ин на фақат бояд аз ноболиғону мактаб танқид кард. Бо ин шева намешавад мушкилро ҳал кард."
Озодӣ: Ба сатҳи дониши хонандаҳои макотиби шаҳр чӣ гуна баҳо медиҳед?
Фақиров: "Имрӯз воқеан ҳолате пайдо шудааст, ки қисми муайяни ҷавонони мо зарурати донишандӯзиро дарк намекунанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳар хеле бошад, як бало карда мактабро тамом кунанду халос. Дар зиндагӣ мақсаду нақшаи муайяне надоранд. Ин ҷо ростӣ, норасоии фаъолияти мактабро ҳам эҳсос кардам. Яъне, аз синфҳои ибтидоӣ хуб талаб мекунем ва дониши онҳо ҳам беҳтар аст. Аммо аз синфи 7 боло қафомонӣ ва мушкилот пайдо мешавад. Дар ин синфҳо фанҳои омӯзишӣ зиёд мешавад ва хонанда мушкил мекашад. Дар ҳамин раванд баъзе омӯзгорон хонандаеро, ки қафо монду нахонд, ба ҳоли худ гузошта корашро идома медиҳанд. Ҳамин ҳолати танбалӣ ва фориғболӣ ба наврасон одат мешавад. Ин хонандаро бо баҳои ғайривоқеӣ аз як синф ба синфи дигар гузаронида то охир мебарем. Шаҳодатнома медиҳем. Заминаи ин мушкил ҳамин аст. Ман аллакай супориш додам, ки баҳогузорӣ дар мактабҳо бояд ҳақиқӣ бошад. Хонанда надонист, баҳои 2 бояд гузошт. Бигзор ӯро аз синфаш монем, аммо дониш диҳем. Бигзор волидон баҳои бади фарзанди худро дида, дар фикри ояндаи ӯ шаванд. Яъне бояд кор объективӣ ва шаффоф шавад. Мо нақшаи муайяни хатми хонандаро надорем. Мақсад тарбия ва додани дониши зарурӣ аст. Мо бояд иқтидори зеҳнии ҷомеаро хуб тарбия кунем. Дар ҳамин чоряки навбатӣ ман ба ҳама мактабҳо рафта, баҳои хонандаро бо сатҳи дониши ӯ месанҷам."
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!