Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон наздик аст. Меравед?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар аввали моҳи марти соли 2025 дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор хоҳад шуд. То кунун намояндагони ҳеч ҳизбе дар бораи эҳтимоли ширкаташон дар ин маърака суҳбат накардаанд. Вакилони порлумон барои панҷ сол интихоб мешаванд. Солҳои охир онҳоро барои хомӯшӣ дар баробари душвориҳои мардум танқид мекунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсид, ки оё дар бораи интихоботи порлумонӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ чизе медонанд?