Яке аз чеҳраҳои шинохташудаи телевизиони Ҷумҳурии исломии Эрон дар пайи нашри аксҳои беҳиҷобаш дар як порк дар Шведсария, ба "риёкорӣ" муттаҳам шуд. Озода Номдорӣ, муҷрии телевизион ҳамеша аз чодар ба унвони "ҳиҷоби муносибе барои занон", дифоъ карда буд ва дар мусоҳибае, ки 4 сол пеш бо рӯзномаи "Ватани имрӯз" -- аз расонаҳои наздик ба мақомоти Эрон, анҷом дод, гуфта буд, ки Худоро шукр мекунад, "чодарӣ" аст.
Пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон дар соли 1979, пӯшидани ҳиҷоб барои занон дар он кишвар ҳатмӣ шуд.
Ҳамин амр сабаби интиқоди шадиди корбарони эронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, ки ҳузури бидуни ҳиҷоби хонум Номдорӣ дар як меҳмонии хориҷ аз кишварро мухолиф бо гуфтаҳои ӯ ва нишонаи "дурӯягӣ" ва "риёкорӣ" хонданд. Вай дар қисмате аз мусоҳибаи худ гуфта буд, "аслан намешавад одам эътиқод надошта бошад ва чодарпӯш ҳам бишавад". Вай дар бахши дигар аз ин мусоҳиба аз "чодарӣ" ҳамчун "ҳиҷоби муносиб" дар муҳити мардона ёд карда ва гуфта буд, ки он барои зан эҳтиром меоварад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ӯ мегӯяд, "ин ҷумла борҳо ба дӯстонам гуфтаам, ки эҳтиромҳое барои хонумҳои чодарпӯш вуҷуд дорад ва ман ин эҳтиромро дӯст доштам... Худоро шукр, ки дар телевизион кор мекунам ва чодарпӯш ҳастам."
Ин қисмати мусоҳибаи хонум Номдориро корбарони эронии шабакаҳои иҷтимоии ҳамроҳ бо акси беҳиҷоби вай дар меҳмонии хориҷ аз Эрон борҳо нашр карданд ва ҳатто ин мавзӯъ яке аз масъалаҳои пурбаҳс дар ин расонаҳо дар ду рӯзи гузашта буд.
Як корбари "Твиттер" бо номи "Марди беасос" навиштааст, "ин ки чодарӣ бошӣ ё набошӣ ё ҳатто гоҳе бошӣ ва гоҳе набошӣ, ба худат вобаста аст. Вале ин, ки гӯши мардум чизе бихонӣ ва худат таври дигар амал кунӣ, ҳақорат аст."
Корбари дигаре бо номи Юсуф ҳам навишт, "мавзӯъ аслан ҳиҷоб ва ё адами ҳиҷоби хонум Озода Номдорӣ нест, балки риёкории эшон аст. Ҳиҷобашон ба худашон марбут аст, аммо риёкориашон на."
Аммо аз сӯи дигар, бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо интиқод аз нашри аксҳо, хостори риояти ҳарими хусусии афрод шудаанд. Бархе аз корбарон низ ба ин баҳона сиёсатҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар аминаи ҳиҷоби иҷбориро мавриди интиқод қарор доданд.
Аз ҷумла як рӯҳонӣ бо номи Наҷафии Теҳронӣ дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навиштааст, "мушкил фақат аз Озода Номдорӣ ва афроди монанди ӯ нест, мушкил аз тафаккур, фарҳанг ва низоме аст, ки афроди ҷомеа худро маҷбур мекунанд ба ҳар сабабе дугона рафтор кунанд."
Дар ин ҳол, худи Озода Номдорӣ дар вокуниш ба ин навиштаҳо интишори аксҳояшро ҳамчунин "таҷассус (ҷосусӣ) дар хусуситарин бахшҳои зиндагӣ"-и худ дониста ва гуфтааст, ки дар ин меҳмонӣ танҳо "наздикон ва маҳорим"-и вай ҳузур доштанд.
Пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон дар соли 1979, пӯшидани ҳиҷоб барои занон ҳатмӣ шуд. Аммо аз ҳамон вақт ин амр бо муқовимати қисме аз занони рӯбарӯ шуд, ки ба ҳиҷоб эътиқод надоранд. Ҳукумати Эрон солона нерӯ ва маблағҳои ҳангуфтеро сарфи муқобила бо заноне мекунад, ки ба бовари онҳо, "беҳиҷоб" ё "бадҳиҷоб" ҳастанд.