Хушунату зӯроварӣ дидед? Муроҷиат кунед!

Медонед, ки ҳар соат дар ҷаҳон панҷ зан аз дасти аъзои оилааш кушта мешавад?

Агар бигӯед, ки ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ надоред, пас, як лаҳза андеша кунед:

Дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз панҷ зан камаш яке мавриди хушунат қарор гирифта, сеяки занону духтарон аз дасти шавҳар, бародар ё хешовандони дигар азоб мекашанд. Латукӯбу озори занон дар ҳар минтақаи Тоҷикистон ҳаст ва мавридҳои то ба худкушӣ расондани онҳо ҳам кам нест.

Худкушии Зӯҳро Маҳмуродова бо чор фарзандаш дар Норак;

Марги пурасрори Манораи Абдуфаттоҳ дар Файзобод;

Қатли Моҳира Ятимова бо 13 зарби корд дар Душанбе ва ҳодисаҳои дигари ба ин монандро ба ёд доред?

Дар ҳамаи ин ҳолатҳо, баъди рӯй додани фоҷеа, яъне куштор ё худкушӣ аксарият мепурсанд, ки чаро аз ин даҳшат пешгирӣ карда нашуд? Чаро зан муносибати бераҳмонаву хушунатро таҳаммул кард, ба касе лаб накушод ва ҳамсари бераҳмашро тарк накард?

Дар Тоҷикистон 89 дарсад ё аксар ҷабрдидаҳои хушунати хонаводагӣ занҳо ҳастанд ва дар бисёр маврид худашон ё хешовандон онҳоро тарс медиҳанд, ки агар талоқ гирифтанд, сарсону ҳайрону нодор хоҳанд шуд.

Бисёр вақт ходимони полис ҳам ба хушунат дар оила чашм мепӯшанд. Чаро? Чун бовар доранд, ин кори шахсии ҳамсарон аст ва онҳо ҳатман оштӣ мекунанд.

Оё воқеан ҳам чунин аст? Хушунат метавонад, масъалаи дохилиоилавӣ бошаду тамом?

Ҳама гуна бадрафторӣ бо зан – латукӯб, фишори равонӣ, таҷовуз ба номус, маҳрум кардан аз пулу дороӣ – ин ҳама навъҳои гуногуни хушунат ва ҷиноят аст.

Агар шумо ҳам шоҳиди чунин навъи муносибат шудед ё бо шумо дар оила ингуна рафтор мешавад, хомӯш наистед. Садо баланд кунед, дар бораи шахсе, ки шуморо азият мекунад, гузориш диҳед.

Метавонед, ба телефони боварии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон занг занед: 221-21-21 ё рақами кӯтоҳи 102.

Бидонед, ки агар сари вақт барои ҳимояти худ даст ба кор нашудед, фардо фоҷеае сар мезанад.

Пеши роҳи хушунатро пеш аз ҳама худи шумо гирифта метавонед.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Худкушии Зӯҳро, марги Манора, қатли Моҳира... Инҳоро ба ёд доред?