Посухи вакилони Зайд Саидов ба Ожонси зиддифасод

Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров (акс аз бойгонӣ)

Вакилони мудофеъи Зайд Саидов бо пахши як изҳороти расмӣ раддияи дар расонаҳо нашршудаи Ожонси зиддифасодро беасос хондаанд.
Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров аз ҷумла ин иддаои Ожонсиро, ки гӯё ин ду вакил аз ҳарфҳои роҷеъ ба парвандаи Саидов ба матбуот задаи худ изҳори пушаймонӣ кардаву ваъда додаанд, ки минбаъд бидуни далел ҳарф назананд, радд мекунанд.

Зокиров ва Табаров аз ҷумла навиштаанд, ки тамоми коре ки барои дифоъ аз Зайд Саидов анҷом медиҳанд, дар чорчӯби қонун аст. Ба ақидаи онҳо, баръакс Ожонси зиддифасод ҳуқуқи муваккили онҳоро бепарда поймол мекунад: “Пеш аз ҳама сухан аз хусуси риояи принсипи асоситарини давлати демокративу ҳуқуқбунёд – эҳтимолияти бегуноҳӣ меравад , ки таъмини риояашро на танҳо Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 15-и он), балки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 20) кафолат додаанд. Тибқи ин принсип ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад. Мисоли рӯшани сарфи назар шудани принсипи мазкур маълумотест, ки Агентӣ дар нишасти матбуотиаш 29 июли соли равон паҳн кардааст ва чанд нуктаи онро ба хотири тасдқи хулосаамон лозим медонем айнан хотиррасон кунем:
 «Зайд Саидов бисёр ҷиноятҳо содир кардааст.»
 «Ба иттилои Фаттоҳ Саидов, дар ҳоли ҳозир то 15 ҳолати ба ҷиноят даст задани Зайд Саидовро рӯйи даст доранд.»
 «Ин инсон 38 миллион сомонӣ маблағи буҷаро аз худ кардааст. Ин ҳам ҷиноят аст.»


Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров дар изҳороти худ меафзоянд, мақомоти Ожонсӣ иттиҳомоти собитнашуда алайҳи Зайд Саидовро тавассути матбуот нашр мекунанд. Онҳо аз ҷумла аз суханронии раиси Ожонси зиддифасод

Фаттоҳ Саидов

дар ҳамон нишасти матбуотиаш нақли қавл мекунанд, ки гуфтааст: "саргузашти ин духтараки 14-соларо шунидан хеле сахт аст. Вай 3 мартаба исқоти ҳамл шудааст ва он пизишконе, ки исқоти ҳамл кардааст, мо пурсидем, дафъаи баъдӣ, ки нахост исқоти ҳамл кунад, Зайд бо пояш ба шиками духтарак задааст. Барои он ки сираш фош нашавад, ҷавонеро киро мекунад ва мегӯяд, "тарзе кун, дили вайро ёб" ва ба ӯ 1300 доллар медиҳад ва ваъда мекунад, ки тӯятро дар ресторан мегузаронам ва як моҳ зиндагӣ мекунӣ ва баъд кори худат. Ин магар аз рӯи виҷдон аст?"

Вакилони Зайд Саидов иддаои Ожонсӣ дар бораи изҳори пушаймонӣ кардани онҳо аз пахши баёнияҳои қаблӣ дар мавриди ин қазияро бепоя хондаанд.
Онҳо мегӯянд, “дар асл мӯҳтавои мавқеъи мо, ки аз ҷумла дар нишасти матбуотӣ низ аз он ҷилавгирӣ шудааст, нишон додани он аст, ки ҷурме, ки бо иттиҳом ба он Зайд Саидов расман муртакиби гуноҳ шинохта мешавад, дар пояи далелҳои нокифояву шубҳабарангез шакл гирифтааст ва аз ин рӯ барои айбдоркунӣ асоси кофӣ вуҷуд надорад. Гуфтему мегӯем, ки барои дурустии ин мавқеъ ҳаргиз шубҳа надоштему надорем ва аз он то даме, ки далели муносибу ҷавобгӯ ба талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятиро тафтишот пешниҳод намекунад, ҳаргиз даст намекашем.”

Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров дар мавриди 8 иттиҳоми ахиран расман эълоншуда алайҳи Зайд Саидов навиштаанд, “ба итминони комили мо, айбҳои эълоншуда асоси қонунӣ надоранд ва дар сурати татбиқи бечунучарои талаботи моддаи 21 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумхурии Точикистон, ки тафтиши хамачониба, пурра ва холисонаи ҳолатхои корро тақозо мекунад, парванда нисбати Зайд Саидов вобаста ба ин айбхо бояд бинобар набудани таркиби ҷиноят дар кирдораш ва дар баъзе ҳолатҳо бо сабаби умуман ҷой надоштани ҳодисаи ҷиноят қатъ гардад.”

Онҳо ҳамин тавр, иддаои Фаттоҳ Саидов дар бораи даст доштани Зайд Саидов дар тасарруфи амволи давлат ба маблағи 62 миллион сомониро бепоя хонда, гуфтаанд, дар ин робита алайҳи ӯ то ҳол расман ягон айб эълон нашудааст: “Пас, пурсида мешавад, дар ин сурат аз хусуси кадом тасарруфу азхудкунии амвол метавон сухан ронд? Посухи шахсан мо басо қотеъона аст: эътимоди комил ба он дорем, ки зерҳимояамон ба ин амалҳо ҳаргиз даст назадааст. Баръакс, фаъолияти давраи вазирии мавсуф, ва инро ҳамаи онҳо, ки бо ӯ сару кор гирифтаанд метавонанд тасдиқ кунанд, яке аз шаффофтарин давраҳои фаъолияти вазорати марбута будааст. Далелҳои кофие, ки даврони соҳибкориашро низ намунаи ибрати фаъолияти барои буҷаи давлат фоиданоктарин арзёбӣ мекунанд, кам нестанд. Вагарна ӯро лоиқи мукофотҳои гуногуни давлатӣ намедонистанду нисбат ба ӯ ҳамду сано аз минбарҳои баландтарин намехонданд. Он чи ки ҳалолкориву қонунпарастии давраи соҳибкориашро набудани ягон эроди мақомоти андоз зимни санҷишҳои фаъолияташ далел аст, боз ҳам ҳамон хулосаи моро тасдиқ мекунад.”


Зайд Саидов, Эмомалӣ Раҳмон ва Олег Сосковетс

Дар мавриди 15 иншооте, ки гӯё Зайд Саидов дар давраи вазириаш ба номи хешовандонаш хусусӣ кардааст, вакилони ӯ мегӯянд, “вазъи ҳуқуқии аксари ин иншоотҳо ин иддаоро инкор мекунад. Масалан, 95 дар сади саҳмияҳои фабрикаи «Гулистон» мутааллиқ ба сармоягузори хориҷист, ҶСП «Абрешим» ва ҶСК «Точиказот» низ, ҳамчунин, ғолибан бо ҷалби маблағгузории сармоягузорони хориҷиву имкониятҳои соҳибмулкии онҳо идора мешуданд. ҶСП «Алмаз-азия», ҶСП «Табарук» ва ҶСП «Меҳробод» бо шарикии сармоягузорони Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баъди аз вазифаи вазирӣ рафтани Зайд Саидов, яъне дар давраи соҳибкориаш таъсис ёфтаанд.”

Вакилони мудофеъ ҳамин тавр, аз сӯи Ожонси зиддифасод таҳқиқ шудани иттиҳомоти таҷовуз ба номус, алоқаи ҷинсӣ бо нафари зери синни 16 ва ба исқоти ҳамл маҷбур кардани занро зери суол бурда, “қонуншиканӣ” номидаанд. Онҳо меафзоянд, “рӯтобии «ҷабрдида» аз рӯбарӯкуниро низ яке аз далели боэътимоди бофтаву беасос будани иттиҳом ба таҷовузу маҷбуркуниву исқоти ҳамл медонем.” Такяи тафтишот ба як аризаву он ҳам баъд аз 5 солро вакилон далели комилан бофта будани ин иттиҳом алайҳи Зайд Саидов меноманд.

Вакилони мудофеъ мегӯянд, “бо мурури зиёда аз ду моҳи тафтиш низ ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов поймол мешаванд.” Онҳо бавижа ба ин нукта таъкид мекунанд, ки дар ин дувуним моҳ алорағми талаботи қонун “боре нашудааст, ки бо мо имконияти вохӯрии як ба як бо зерҳимояамонро тафтишот дода бошад. Магар худи ин ҳолат далели заъфи эътимоди мақомоти тафтишот ба айбҳое, ки гардани Зайд Саидов овехтаанд, нест?”

Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар, дар моҳи апрел аз азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Аммо алакай дар моҳи май мақомот алайҳаш чанд парванда кушоданд. Зайд Саидов рӯзи 19 май, баробари бозгашт аз сафари Аврупо, дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд.

Мақомот то имрӯз алайҳи ӯ 8 иттиҳом - гирифтани пора(моддаи 319-уми Кодекси ҷиноӣ), қаллобӣ, бисёрзанӣ(моддаи 170), тамаъҷӯӣ(моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ(моддаи 314), таҷовуз ба номус(моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре ки ба синни 16 нарасидааст – эълон кардаанд. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомотро комилан радд мекунанд ва мегӯянд, таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сирф сиёсӣ дошта, ба азмаш барои сохтани ҳизби нави сиёсӣ бастагӣ дорад.