Умаралӣ Қувватов, ки дар боздоштгоҳе дар Дубай қарор дорад, бо пахши номае ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат кардааст.
Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сабтиномнашудаи "Гурӯҳи 24", ки дар боздоштгоҳе дар Дубай қарор дорад, дар номае ба сокинони Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Ӯ гуфтааст, ин номааш ба афроде навишта шудааст, ки нисбат ба сарнавишти Тоҷикистон бетараф набуда, "умед ба ояндаи рӯшани кишвар доранд".
Ин номаи Умаралӣ Қувватовро рӯзи якуми январи соли 2013 Иттиҳодияи минтақавии коммунистҳои Русия дар торнамо ё сайти худ нашр кардааст. Дар номаи Қувватов омадааст, ҳарчанд аз боздошташ наздик ба даҳ рӯз мегузарад, вале то кунун алайҳи ӯ айб эълон накардаанд. Дар номааш ҷаноби Қувватов меафзояд, боздошти ӯ натиҷаи муборизаҳои як соли ахираш бар зидди ҳукумати кунунии Тоҷикистон мебошад.
Раҳбари созмони сабтиномнашудаи "Гуруҳи 24" дар охири ин муроҷиати худ гуфтааст, сарфи назар аз ҳама ӯ муборизаашро барои барқарории адолат идома хоҳад дод. "Ба ҳар чизе, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, бовар накунед. Ман барои барқарории адолат мубориза карда будам ва мубориза хоҳам бурд",-омадааст дар номаи Қувватов.
Умаралӣ Қувватов рӯзи 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай аз сӯи маъмурони амниятии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд. Ба гуфтаи афроди наздик ба Қувватов, ӯ бояд аз Дубай ба Брюссел мерафт. Тоҷикистон бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мавриди истирдоди гумонбарҳо 5 сол пеш созишнома имзо карда буд.
Ин дар ҳолест, раҳбарияти ширкати "Тоҷирон" Умаралӣ Қувватовро дар дуздии амволи ширкатҳои маъруфи афғониву чинӣ муттаҳам медонад. Файзулло Ғуломов, раиси ин ширкат, дар як мусоҳибаи худ гуфтааст, "Қувватов дар баробари "Тоҷирон", ширкатҳои муваффақи афғонӣ, ба мисли "Газинфар групп", "Зулфиқор Ҳақёр", "Ҷовид Ҷайҳун", ширкати амрикоии "Доунренҷ"-ро ба маблағи миллионҳо доллар фиреб додааст."
Умаралӣ Қувватов, ки худро раҳбари собиқи ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” медонад, тобистони соли гузашта, баъди тарки кишвар, дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дод ва гуфт, Эмомалӣ Раҳмон набояд дар интихоботи соли 2013 ширкат кунад.