Бе омӯзгорони хориҷӣ литсейҳои туркиро чӣ интизор аст?

Яке аз мактабҳои туркӣ дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Гурӯҳе аз омӯзгорони хориҷии литсейҳои туркӣ баъди табдили ном кардани ин муассисаҳо, ки акнун мактаби хонандаҳои болаёқат ном дорад, аз кор рафтаанд.

Чанде аз волидони муҳасcилини собиқ “литсейҳои туркӣ” рӯзи 8-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, аз муассисаҳо рафтани омӯзгорҳои фанҳои муҳим муҳим ва эҳтимоли болоравии нархи мактаб, онҳоро нигарон кардааст. Гуфта мешавад аз 39 омӯзгори мактабҳои ширкати “Шалола” ҳоло 13 муаллими хориҷӣ, ба вижа туркҳо ин муассисаҳои таълимиро тарк карданд.

Мунира, як сокини пойтахти Тоҷикистон, ки ду фарзандаш дар ин литсей таҳсил мекунад, мегӯяд, як духтараш чанд муддат боз барои ширкат дар озмуни байналмиллалӣ аз фанни биология омодагӣ мебинад. Аммо вай мегӯяд, омӯзгори духтараш, ки аз Туркия буд ва ӯро ба озмун омода мекард, ахиран ба як мактаби хусусӣ ба кор гузашт. “Рости гап суолҳои зиёди беҷавоб дорем мо волидон. Ба мо гуфта буданд, литсейҳо фақат номашон тағйир меёбаду халос, аммо ҳоло мебинем омӯзгорон ҳам рафта истодаанд ва нарх ҳам якбора зиёд мешавад” - гуфт ин сокини Душанбе.

Ба гуфтаи волидон ва муҳассилини ин мактабҳо, рафтани омӯзгорони туркзабон аз Тоҷикистон ва аз ин муассисаҳои таълимӣ як соли ахир, аз замони сар задани баҳси моликияти литсейҳо ва аз кор озод шудани мудирони хориҷии мактабҳо шурӯъ шуд. Модари дигаре, ки нахост муаррифӣ шавад ва фарзанди савумаш дар яке аз литсейҳои шаҳри Душанбе таҳсил мекунад, мегӯяд, бо вуҷуди маоши на чандон зиёди худ, духтарашро маҳз ба хотири таълими босифати омӯзгорони турк,ба яке аз литсейҳои марбут ба “Шалола”гузошта буд.

Ин модар мегӯяд, бо рафтани муаллимон туркӣ аз мактаб, дигар идомаи таҳсили духтараш бо маблағи зиёд дар ин муассисаҳоро зарур намедонад. Ӯ мегӯяд, “махсусан таълими математика ва илмҳои дақиқ дар ин мактабҳо, ки омӯзгорони турк дарс медоданд, хеле хуб аст. Ҳоло дониши духтари ман дар илмҳои дақиқ ҳатто беҳтар аз муҳассилини мактабҳои олӣ аст. Ман фикр мекунам дар Душанбе ҳоло системае ба андозаи системаи мактабҳои туркӣ хуб нест. Ва ба фикри ман чизе, ки омӯзгорони турк дар солҳои зиёд сохтанд, мо дар як чашмпӯшӣ барҳам медиҳем.”

Омӯзгорони турк, ба волидайн гуфтаанд, гумон аст, ки баъди аз ширкати “Шалола” берун шудани мактабҳо, шароити буду боши онҳо дар Тоҷикистон хуб боқӣ бимонад. Мусоҳиби мо, модаре, ки фарзандаш дар ин муассиса таълим мегирифт, мегӯяд, яке аз ин омӯзгорони турк, ки нияти сафар ба кишварашро дорад, дар сӯҳбат бо вай гуфтаааст, эҳтимол дорад дигар банагардад.

“Вай гуфт дигар он шароиту имтиёзеро, ки “Шалола ” барояшон пешниҳод мекард, нахоҳанд дошт. Фарзандони омӯзгорони турку хориҷӣ дар мактаби байналмиллалии Душанбе таҳсил мекарданд ва харҷи таҳсилу зиндагии онҳоро дар Тоҷикистон “Шалола” пардохт мекард. Ҳоло, ки дигар мактабҳо, тобеи “Шалола” нестанд, касе ин маблағҳоро барояшон пардохт нахоҳанд кард”- гуфт модари талабаи литсеи туркӣ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вазири маориф дар бораи сарнавишти литсейҳои туркӣ

Нигаронии волидон аз рафтани омӯзгорони турк дар ҳоле аст, ки вазири маориф дар сӯҳбатҳои худ дар робита ба тақдири “Литсейҳои туркӣ” таъкид мекунад, ки низом ва нуфузимактабҳои собиқи туркӣ, ки ба муассисаҳои болаёқати таълимӣ табдил дода шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд. Нуриддин Саид дар сӯҳбати ахири худ, бо хабарнигорон ҳам дар мавриди омӯзгорони турк гуфт: “Омӯзгорону бародарони турк, агар хоҳиш дошта бошанд бо тамому эҳтирому назокат нигаҳ медорем, онҳое, ки рафтан мехоҳанд, пеши роҳашона гирифта наметавонем.” Оқои Саид гуфт, онҳо барои мактабҳои болаёқат омӯзгорони англисидонро аз хориҷ даъват кардаанд.

Дар литсейҳои марбут ба ширкати “Шалола” омӯзгорони турк аз фанҳои дақиқ ба хонандаҳои тоҷик дарс мегуфтанд, вале солҳои ахир дастпарварони ин мактабҳо низ баъди хатми донишгоҳҳо ба кор ҷалб шуданд.Маҳз ба умеди ҳамин хатмкардаҳо, ки шаҳрвандони Тоҷикистонанд, бархеҳо ба ояндаи ин мактабҳо хушбин ҳастанд. Аммо қисмате аз волидону муҳассилини мактабҳои собиқи туркӣ мегӯянд, бештар аз он нороҳатанд, ки вазорати маориф бидуни ягон машварат ва

Дарсхонаи литсейи туркӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

сӯҳбат бо онҳо ба кори ин литсейҳо тағйирот ворид кард.Онҳо мегӯянд, ҳоло суолҳои зиёди бепосухе доранд ва ният доранд, дастаҷамъона барои дарёфти посух ба пурсишҳои худ ба қабули вазири маориф бираванд.

Масъалаи дигаре, ки аксари онҳоро ба ташвиш андохтааст, эҳтимолияти як баробар афзудани қимати таҳсил дар мактабҳост. Ба волидон хабар додаанд, ки ҳаққи солонаи таҳсил дар ин мактабҳо беш аз 13 ҳазор сомонӣ мешавад. То ин вақт волидон мегӯянд, дар ҳудуди 8 ҳазор сомонӣ пардохт мекарданд.

"Шалола" аз муассисаҳои таҳти нуфузи ҳаракати дар Туркия пурнуфузи “Хизмет” дониста мешавад. Муассис ва роҳбари ҳаракати “Хизмет” рӯҳонии фирории турк Фатҳуллоҳ Гулен аст, ки аз солҳои 90 дар Амрико ба сар мебарад. Ӯ ибтидо аз ёрони раҳбари кунунии Туркия Раҷаб Эрдуғон ном бурда мешуд, вале дар солҳои охир бо ҳукумат мушкил пайдо кард ва ӯро ба ташкили гурӯҳҳои террористӣ ва як «ҳукумати параллелӣ аз ҳисоби шогирдони мактабҳояш айбдор карданд.

Фаъолияти литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон аз соли 1993 баъди бастани як шартномаи 10-сола бо ҳукумати ин кишвар оғоз мегирад. Волидон бартарии ин муассисаҳоро бар мактабҳои тоҷикӣ зуд пай бурданд ва бо вуҷуди арзон набудани таҳсил ҳади ақал як фарзандашонро ба ин мактаб шомил мекарданд. Падару модарон мегӯянд, донишу мантиқи фарзанди онҳо, ки дар литсеи туркӣ таҳсил кардааст дар муқоиса бо кӯдаки дигарашон, ки дар мактаби тоҷикӣ хондааст, фарқи зиёд дорад.

Баҳсибастани мактабҳои туркӣ солҳо боз дар кишвар идома дошт ва баъзе рӯшанфикрон таҳсили кӯдакон дар литсейҳоро барои ояндаи миллат хатарнок мешумурданд.

Баҳси ахир,тамдиди дигарбораи шартнома бо ширкати “Шалола” тақрибан аз соли 2013 сар зад. Дар ниҳоят баъди баррасиҳои дусолаи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо ин ширкат,билохира имсол ин муассиса ба мактабҳои хонандагони болаёқат табдил шуд ва назорати онҳо ба Вазорати маориф гузашт.