Сурия: Кӣ дар куҷо ва ба зидди кӣ меҷангад? (ИНФОГРАФИКА)

Маҳалли таркиши як бомби Русия дар шаҳри Латамна дар канори Ҳамо

Амрико мегӯяд, ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурия то имрӯз бештар мухолифони режими Башор Асадро ба ҳадаф доштаанд, то ҷангиёни "Давлати исломӣ"-ро.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дидгоҳи Русия нисбат ба бӯҳрони чорсолаи Сурияро рад кард ва гуфт, на ҳамаи мухолифони режими президенти Сурия Башор Асад, тавре Кремл исрор меварзад, террористанд.

Обама, ки рӯзи 2 октябр дар як нишасти хабарӣ дар Вошингтон сӯҳбат мекард, гуфт, аҳдофи Русия дар Сурия “роҳ ба сӯи фалокат” аст. Гузашта аз ин, Обама гуфт, эътилофи Русия бо режими Башор Асад ва Эрон Маскавро дар чашми аксари сокинони Сурия ҳамчун душман нишон медиҳад ва ин метавонад ҷаҳони суннимазҳабро нисбат ба Русия бештар бадбин карда, Маскавро даргири ҷанги тӯлоние кунад: “Талоши Русия ва Эрон барои ҳифзи Асад ва кӯшиши ором кардани мардум фақат боиси ба ботлоқ ғӯтиданашон мешавад ва ин кор намедиҳад.”

Раисиҷумҳури Амрико таъкид кард, ки ҳамлаҳои ҳавоии Русия назар ба созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва шабакаи Ал-Қоида, ки Маскав мегӯяд, бештар ҷангиёни мухолифини мӯътадили Сурияро ҳадаф қарор медиҳанд.

Хадамоти иктишофии Бритониё рӯзи 3 октябр гуфтанд, ки ба ҳисоби онҳо, танҳо 5 дарсади ҳамлаҳои ҳавоии Русия то имрӯз “Давлати исломӣ”-ро ба ҳадаф доштаанд. Аксари ин ҳамлаҳо, бино ба ҳисоби ин манбаъ, ба мухолифини мӯътадили Асад осеб расонда, сабаби марги мардуми мулкӣ шудаанд.

Обама гуфт, чунин бархӯрд имкони расидан ба давраи гузариши сиёсӣ ва хатми низоъ дар Сурияро боз ҳам дуртар мебарад.

Ӯ ҳамзамон эътироф кард, ки барномаи худи Амрико ҷиҳати тамрин ва таъмини нирӯҳои мухолифини мӯтадил дар Сурия кор накард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва мунтақидони дигар пайваста ҳамин нуктаро ба боди интиқод мекашанд.

Обама гуфт, Вошингтон ҳоло бо Туркия ҷиҳати таҳкими марзҳои ҷанубии он кишвар бо Сурия ҳамкорӣ дошта, ҷиҳати кумак ба ҷангиёни курд дар шарқи Сурия низ талош меварзад. Раисиҷумҳури Амрико аммо аз посух ба ин суол, ки оё Амрико аз чирикиҳое, ки таҳти ҳамлаҳои Русия ваё нирӯҳои Сурия қарор мегиранд, ҳимоят хоҳад кард ё на?, худдорӣ кард. Бо вуҷуди алакай расидани чунин гузоришҳо, Обама гуфт, ӯ роҳ нахоҳад дод, то низои Сурия ба ҷанги байни ду абарқудрати низомӣ табдил ёбад: “Мо намехоҳем Сурияро ба майдони “ҷанги прокси” байни Амрикову Русия табдил диҳем. Инҷо кадом тахтаи шоҳмот барои бозии абарқудратҳо нест.”

Дар ин харита бубинед, ки ҳоло дар Сурия кӣ дар куҷо ва алайҳи кӣ меҷангад?

Ин сӯҳбатҳои Обама дар ҳолест ки ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурия аз рӯзи 30 сентябр оғоз ёфта, танишҳои дипломатӣ пиромуни аҳдофи Маскав дар ин кишвари ҷангзадаро афзоиш додааст. Маскав аз замони истиқрори нирӯҳо ва таслиҳоташ дар Сурия дар моҳи гузашта батакрор иддао дорад, ки ҳадафаш танҳо шикаст додани терроризм аст.

Вале исрори Маскав ба зарурати ҳамкорӣ бо режими Асад ва ҳамлаҳои ҳавоияш, ки тавре Вошингтон мегӯяд, зоҳиран ҷангиёни зидди ин режимро ба ҳадаф доштанд, на мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро, мояи афзоиши нигарониҳое шудааст, ки ҳадафи аслии Русия ҳифзи Башор Асад дар қудрат аст.

Сухангӯи вазорати дифои Русия Игор Конашенков гуфт, ҳавопаймоҳои ҷангии Русия рӯзи 2 октябр дар Сурия 14 парвоз анҷом дода, болои мавқеъҳои “Давлати исломӣ” 6 зарба задаанд. Ӯ гуфт, дар ин парвозҳо ҷангандаҳои СУ-34, СУ-24М ва СУ-25 ширкат карда, дар ин ҳамлаҳо аз ҷумла як маркази амалиётҳои низомии “Давлати исломӣ” дар вилояти Идлиб тахриб шудааст.

Дар баёнияи қаблии вазорати дифои Русия гуфта мешуд, ҳавопаймоҳои ҷангии Русия як посгоҳи фармондеҳӣ ва як маркази мухобироти ҷангиён дар вилояти Ҳалаб ва ҳамин тавр, як урдугоҳи ҷангиёнро дар вилояти Идлиб тахриб кардаанд. Вазорат ҳамчунин гуфт, як посгоҳи фармондеҳӣ дар вилояти Ҳаморо пурра аз байн бурдаанд.

Вале Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, марказаш дар Бритониё, ки бо як шабакаи манобеаш дар дохил ҷараёни низои Сурияро пайгирӣ мекунад, гуфт, дар маҳалҳои асобатшуда ҷангиёни “Давлати исломӣ” ҳузур надоштанд.

Туркия ва шариконаш дар эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ба зидди “Давлати исломӣ” аз Русия хостаанд, то ҳамлаҳо ба мухолифини Сурияро қатъ карда, рӯи ҷангиёни “Давлати исломӣ” тамаркуз кунад. Изҳороте бо чунин мазмунро рӯзи 2 октябр Туркия ҳамроҳ бо Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон ва кишварҳои арабии халиҷи Форс нашр карданд. Ин кишвар бо изҳори “нигаронии амиқ” аз рӯзҳои аввали бомбборони Сурия аз сӯи Маскав гуфтанд, ки ин маърака боиси “ташаннуҷи бештар”-и низои Сурия шуда, ба оташи ифротгароӣ равғани бештар мерезад.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 2 октябр дар мулоқот бо раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд изҳор доштааст, ки иқдомоти Маскав дар Сурия мутобиқ ба қонунҳои байналмилалист ва набард алайҳи терроризмро ба ҳадаф дорад. Аммо Ҳолланд ба Путин гуфтааст, маъракаи бомбборони Русия бояд танҳо ба “Давлати исломӣ” ва Ал-Қоида асобат кунад.