"Ҷасадро худам шустам." Марги сарбози 20-солаи тоҷик дар қисми низомӣ

Ботир Эргашев

Ҷасади Ботир Эргашев, сарбози Нерӯҳои марзбонии КДАМ-ро, ки дар як қисми низомӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хидмат мекард, дар зодгоҳаш - деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов - дафн карданд, аммо суолу тахминҳо дар бораи марги ӯ боқист. Вай 20-сола буд.

Намояндагони Нерӯҳои марзбонӣ ва ҳукумати маҳаллӣ рӯзи 11-уми ноябр ҳангоми супоридани ҷасади Ботир Эргашев ба волидонаш гуфтаанд, ки "ӯ худкушӣ кард". Падараш, Баҳодур Эргашев, иддао дорад, ки дар бадани ҷавон осори латукӯб буд. Додситони ҳарбии Кӯлоб тафтишро шуруъ кардааст.

"Лабҳояш дарида буд"

Падари Ботир Эргашев рӯзи 14-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз марги мармузи писараш дар як қисми низомӣ то ҳол ба худ наомадааст. Мегӯяд, писараш ҳамагӣ як рӯз пеш аз ҳодиса бо онҳо телефонӣ гап зада буд ва то поёни хидматаш рӯзҳои андак монда буд.

"Дар соли 2022 ба хидмат рафт. Бояд ҳамин шабу рӯз меомад. Рӯзи 10-уми ноябр додараш ҷашни зодрӯз дошт. Занг зад, табрик кард. Бо модараш гап зад. Рӯзи дигар писарамро қима-қима карда ба мо оварда доданд," – гуфт Баҳодур Эргашев.

Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи расмӣ то ин дам бенатиҷа буд.

Баҳодур Эргашев

Пайвандонаш мегӯянд, ҷасади Ботир Эргашевро намояндагони Раёсати марзбонии КДАМ ҳамроҳи масъулони ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов супориданд. Онҳо гуфтаанд, ки Ботир Эргшаев дар қисми низомӣ худкушӣ кард. Аъзои хонавода ба ин фарзия шубҳа доранд. "Дар суҳбат бо мо боре ҳам аз шароити хидмат шикоят накарда буд," – гуфт Баҳодур Эргашев.

Вай афзуд, дар ҷисми писараш осори латукӯб ва шиканҷаро дидааст: "Ҳарду мояаш кабуд буд. Ҷасади бачаамро худам шустам. Аз гардан то поёни нофашро бурида буданд. Ду ҷойи каллаашро бурида дӯхтаанд. Дар пушти сараш як шикофии калон буд, шояд задаанд. Лабҳояш дарида буд."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "8 кас худкушӣ кард." Марги 40 сарбоз дар як сол дар артиши Тоҷикистон

"Баъд мефаҳмам, ки давлат ҳаст"

Дар ҳамин ҳол манбаъҳои Радиои Озодӣ дар мақомоти вилояти Хатлон гуфтанд, ки Додситони ҳарбии гарнизони минтақаи Кӯлоб таҳқиқро сар кардааст. Пайвандонаш азм доранд, барои дарёфти ҳақиқат то ниҳодҳои болоӣ муроҷиат кунанд.

"Кӣ бачаи маро кушта бошад? Ба ман ёфта нишон диҳанд, шуд. Баъд ман мефаҳмам, ки давлат ҳаст. Имрӯз бачаи маро ин хел мекунанд, пагоҳ бачаи ҳамсояро. Ин ҳолатро дида, баъд кӣ рафта хидмат мекунад?" – афзуд Баҳодур Эргашев.

Марги сарбозони тоҷик дар артиши Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани онҳо расонаӣ шудааст. Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориши солонаи худ гуфтааст, ки дар соли 2023 марги 40 сарбоз дар артиш сабт шудааст. Аз ин шумора, ба эътирофи Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, "6 нафар аз беморӣ фавтиданд".

Радиои Озодӣ дар соли 2023 дар бораи марги камаш 5 сарбоз хабар дода буд. Наздикони ҳамаи онҳо мегуфтанд, ки ба табиӣ будани марги фарзандони худ бовар надоранд ва хоҳони таҳқиқ ҳастанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Марги сарбози 20-солаи тоҷик дар қисми низомӣ