Шаҳри матрукаи Марйинка, ки замоне сарсабзу зебо буд

4 декабр, собиқ хиёбони Дӯстӣ дар шаҳри Марйинка. Роҳи замоне асфалтпӯш дар паи ҷангҳо аз байн рафтааст 

Айни ҳамон хиёбони Дӯстӣ пеш аз ишғол шудани он аз ҷониби нирӯҳои Русия. Марйинка дар 22-километрии ғарби Донетск ҷойгир буда замоне дар он 10 ҳазор нафар зиндагӣ мекард 

Ибодтагоҳи "Казанская божья матерь", 4 декабр. Аз аввалҳои солҳои 2014 дар наздикиҳои Марйинка низоъҳои мусаллаҳонаи миёни ҷангиёни рӯ ба Маскав ва артиши Украина идома дошт 

Августи соли 2014, ҳамон ибодатгоҳи Марйинка. 
Русия соли 2022 ба Украина ҳуҷум кард ва то моҳи марти соли 2023 Марйинка ҳам тақрибан пурра холӣ шуд  

Бозмондаҳо аз ҳайкали Тарас Шевченко дар Марйинка. Ин шаҳрро артиши Русия декабри соли 2023 ишғол кард  

Марти соли 2022, ҳамон нимпайкараи Тарас Шевченко 

Харобаҳои иморатҳои шаҳри Марйинка, 4 декабр. 
Аксбардори украинӣ Алена Гром аз соли 2017 чандин бор ба шаҳри Марйинка сафар кардааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Аврупо Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "Марйника як шаҳраки хурд буд ва ҳама сокинонаш якдигарро мешинохтанд" 

Бинои маъмурие дар Марйинка. Августи соли 2014
Гром мегӯяд, одатан шаҳр шомгоҳон оташборон мешавад, аз ин рӯ мардум талош мекунанд дар кӯчаҳо  намонанд

4 декабр, як мошини низомии харобшуда дар Марйинка. Гром мегӯяд, Марйинка ҳамеша як шаҳри сарсабзу зебое буд ва баҳорон ҳама дарахтон гул кардаву шаҳр шукуфон мегардид 

Июни 2015. Нирӯҳои украинӣ дар канораҳои Марйинка  

Кӯчаҳои матрукаи Марйинка. Аксҳои рӯзи 4 декабр дар Марйинкаро аскбардор Дмитрий Ягодкин бардоштааст, ки бо хабаргузории давлатии ТАСС кор мекунад 

Чорроҳае дар Марйинка. 2014 

4 декабр 

Августи 2014. Низомиёни украинӣ санади мошинсаворонро месанҷанд 

Харобаҳои дигар дар Марйинка. 4 декабр 
Гром мегӯяд, дар давоми сафарҳои зиёди кориаш ба Марйинка ӯ бо сокинони зиёде вохӯрдааст, ки ба гуфтааш, "бисёр меҳрубону хуб ва азияткашида ҳастанд" 

Кӯчаи тиҷоратие, ки дигар вуҷуд надорад. Августи 2014
Гром мегӯяд, ҳеҷ тасаввур намекард, ки ин шаҳри ободу сабз рӯзе ба харобазор табдил мешавад 

Аксҳои нав аз Марйинкаи воқеъ дар шарқи Украина гузаштаву имрӯзаи ин шаҳри замоне сарсабзу зеборо қиёс мекунанд. Муаллиф: Амос Чаппл, хабарнигори РАО/РО