Полковник Зикруллоҳ Саидзода, сардори факултаи 5-уми Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, дар амали ҳар касе, ки нишонаҳои ғайри мазҳаби Ҳанафия мушоҳида шавад, мавриди бозпурсӣ қарор хоҳад гирифт.
Саидзода, ки 7 август, пеш аз намози ҷумъа, дар масҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб сӯҳбат мекард, гуфт, ҳадафи омаданаш ба пеши намозгузорон низ ҳушдор додан аз равияҳои динии ифротист.
Ӯ афзуд, бар асоси қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон то кунун фаъолияти даҳ созмони мазҳабӣ дар кишвар мамнӯъ шудааст ва пайравӣ аз онҳо ҷавобгарӣ дорад. "Ман хабардор карданӣ ҳастам, агар дар касе аз намозгузорон нишонаҳои ин равияҳо мушоҳида шавад, мақомот бевосита бо ӯ сари кор мегиранд ва бозпурсӣ мекунанд. Ҷавобгарӣ нисбат ба онҳо пешбинӣ шудааст," -- таъкид дошт Зикруллоҳ Саидзода.
Ин полковники Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар идома аз гурӯҳҳои "ҷиҳодӣ" интиқод ва аз мазҳаби Ҳанафия ва пешвояш Имоми Аъзам, ки аксари кулли сокинони мусулмони Тоҷикистон пайравӣ аз онмекунанд, тавсиф намуд. Ӯ гуфт, ки дар ҷаҳон беш аз як миллиард мусулмон аз мазҳаби Имоми Аъзам пайравӣ доранд дар Тоҷикистон низ ҷой ва ниёзе ба равияҳои дигар нест.
"Ин гурӯҳҳоеро, ки бо номи “ҷиҳодӣ” маъруф ҳастанд, ҷиҳодӣ не, балки ифротию бединӣ арзёбӣ мекунам. Бубинед, аз давлатҳои ҳамсоя чӣ қадар ҷавонон ба ин гурӯҳҳо шомил шудаанд. Мо набояд ба чунин дасисаю гуфтори онҳо дода шавем," -- таъкид дошт ӯ дар ҳузури садҳо тан аз намозгузорон.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зикруллоҳ Саидзода дар идома аз либоспӯшии баъзе аз занону духтарони тоҷик ба шеваи, ба қавли ӯ, "бегона" низ интиқод кард. Ӯ гуфт, "баъзе аз ин либосҳо нимурёнанд, ки хоси ойини мо нест". "...Худованд ҳеч гоҳ ба сурат ва сару либоси Шумо назар намекунад, балки ба дил ва амали Шумо назар мекунад. Имрӯз баъзеҳо тақлид ба фарҳангу маданият ва маърифати мардуми бегона мекунанд, ки урён аст ё ба пуррагӣ баданашон менамояд. Ин макр аст," -- таъкид дошт ӯ.
Дар ин сӯҳбати Зикруллоҳ Саидзода сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Сафиалло Азизуллозода (Девонаев) низ иштирок дошт. Ва тайи як моҳи охир ин бори дувум буд, ки масъулони Вазорати корҳои дохилӣ дар намозҳои ҷумъа дар масҷиди марказии пойтахт суханронӣ мекарданд.
Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон дин аз давлат ҷудост, вале мақомот мегӯянд, ки онҳоро барои контроли намозгузорон рухдодҳои ахир дар Ховари Миёна ва Афғонистони ҳамсоя водор кардааст.
Рӯзи 3 июли соли ҷорӣ Бароталӣ Ҳамидзода, сардори Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе бо таъкиди эҳтиром ба мазҳаби ҳанафӣ гуфт, ҳар нафаре, ки вақти тоату ибодат намозро тарк мекунад, муҷозот хоҳад шуд.
Зоҳиран ишораи ин мақомдори Вазорати корҳои дохилӣ ба намояндагони ҷараёнҳое буд, ки маъмулан ду ракъат фарзи намози ҷумъаро хонда, то он ки чор ракъати суннат хонда шавад, аз масҷид берун мешаванд. Ду ҳафта пеш намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ин изҳороти Ҳамидзодаро мавриди таҳқиқ қарор хоҳанд дод, ки аз номӣ кӣ ва дар чӣ шакл онро баён кардааст.