Модари Умедҷон Тоҷиев дар боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд бо фарзандаш мулоқот кард ва вазъи саломатии вайро хеле бад арзёбӣ кард.
Бибисалима Тоҷиева рӯзи 25 ноябр пас аз мулоқот бо фарзандаш - Умедҷон Тоҷиев, узви боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, вазъи саломатии писараш «беҳад бад аст, як пояш ҳангоми аз ошёнаи сеюми ШКД-и Исфара ба замин афтидан шикастааст ва пойи дигараш сахт маъюб шудааст».
Бибисалима Тоҷиева гуфт, «аз Умедҷон пурсидам, ки "барои чӣ худатро аз ошёнаи севум партофтӣ?" Гуфт, ки кормандони "шӯъбаи корҳои дохилӣ шадидан латту кӯб карданд, дар миёнам қувваи барқ монданд, сарамро ба замин хам карда, дар паҳлӯҳоям лагад заданд, тоқат накардам, худамро "ҳарчӣ бодо бод!" гуфта, ба замин андохтам».
Бибисалима Тоҷиева афзуд писарашро бо замбар ба наздаш овардаанд ва Умедҷон Тоҷиев аз ҷояш хеста наметавонистааст. «Як пояш шикастагӣ, пои дигараш сахт маъюб шудааст. Тамоман нигоҳубини духтур нест, худаш мегӯяд, шабҳо фақат барои дардро ҳис накардан як дору медиҳанду тамом», меафзояд модари Умед Тоҷиев.
Ба нақли модар Умедҷон Тоҷиев айберо, ки ба вай бор кардаанд, қабул надорад, худро гунаҳгор намедонад ва гуфтааст дар ҳаққи вай ин ҳама туҳмат аст. Мақомоти тафтишотӣ Тоҷиевро дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ муттаҳам мекунанд.
Бибисалима меафзояд, ки писараш ҳоли хеле бад дорад: "Бо ин аҳволаш чӣ хел мехӯрад, чӣ хел мепӯшад, ман намедонам". Вай мегӯяд, ки то ҳол бо аризаи адвокат ва волидон дар бораи ба табобатгоҳ кӯчонидани Умедҷон ҷавоб надодаанд.
«Ман фарзандамро баъд аз ба СИЗО овардан ягон бор надида будам. Ба президент, ба ҳамаи вазирон менависам, ки ба ҳоли бачаи ман раҳм кунанд, аз ин ҳолат наҷоташ диҳанд», мегӯяд модари Умедҷон Тоҷиев.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта як гурӯҳи кории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ба дидори ду аъзои боздоштшудаи ҳизб ба Хуҷанд рафта буданд. Вале бо сабаби ҳузур надоштани раҳбари маҳбас, ба онҳо иҷозат надодаанд, ки бо Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов, аъзои дигари боздоштшудаи ҲНИТ вохӯранд.
Умедҷон Тоҷиев дар соли 2009-ум низ бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои тундрав боздошт шуда буд. Ӯ баъди 3 рӯзи боздошт аз шадидан латукӯб шуданаш дар шӯъбаи милиса ба додситонӣ шикоят бурд ва пирӯз ҳам шуд. Наздиконаш мегӯянд, мақомот шояд барои ситондани интиқоми он "нокомӣ"-и 4 сол пеши худ дигарбора ба ҷони Умедҷон Тоҷиев дарафтодаанд.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки вазири дохила Рамазон Раҳимов санҷиши хидматии қазияи аз қабати сеюми бинои милисаи Исфара афтодани Умедҷон Тоҷиевро тақозо кардааст. Ба дунболи ин санҷиш, аз муҷозоти чанд корманди милисаи Исфара низ гузориш расид. Вазорати корҳои дохилӣ расман хабар дод, ки «тибқи хулосаи санҷиши хизматӣ, барои дағалона вайрон намудани талаботи низомномаҳои ВКД Тоҷикистон, яъне зоҳир намудани бемасъулиятӣ нисбати иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки боиси ҷаҳидани дастгиршуда У. Тоҷиев аз тирезаи бинои ШКД гардидааст, кормандони масъули ШВД-1 дар шаҳри Исфара то ба аз вазифа озод намудан ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ кашида шуданд». Аммо шумори дақиқ ва исму мақоми барканоршудаҳо ва ҳамин тавр, далели муҷозоти онҳо то ҳол гуфта нашудааст.