Бар асари инфиҷор дар атрофи размоишгоҳи низомии пойгоҳи Русия як сокини 67-солаи ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Мӯъминобод кушта шудааст.
Шералӣ Зарифов, котиби ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Мӯъминобод, рӯзи сешанбе, 22-уми апрел зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, соатҳои тақрибан 13-и рӯзи 21-уми апрел дар натиҷаи инфиҷор Сайидаҳтам Сафаров, сокини рустои Турконӣ ҷони худро аз даст додааст.
Рустои Турконии ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Мӯъминобод, дар канори размоишгоҳи низомии «Мумирак»-и марбут ба пойгоҳи низомии Русия қарор дорад ва масъулони ҷамоат мина ва дигар муҳимотеро, ки дар чанд соли ахир дар ҳудуди ин ҷамоат таркида ва талафоти ҷонӣ ҳам дар пай дошт, ба ин размоишгоҳ рабт медиҳанд.
Ба гуфтаи ҷаноби Зарифов, таркиш замоне рух додааст, ки Саидаҳтам Сафарови 67-сола дар пушти манзили зисташ машғули кор будааст. Саидаҳтам Сафаров усто буда ва бештар дар хонааш устогӣ мекардааст.
Сокинони дигари ин русто мегӯянд, ҳанӯз маълум нест, ки Саидаҳтам Сафаров дар пайи таркиши мина ва ё снаряд ё муҳимоти дигари низомӣ ҷон дода бошад. Ба гуфтаи онҳо, ҳамсоягону аҳли русто танҳо садои таркидани ин таҷҳизоти низомиро шунидаанд ва ба дунбол, ҷасади Саидаҳтам Сафаровро бо зарарҳои ҷиддӣ пайдо кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки таҷҳизоти таркида чигуна дар дохили ҳавлии ин сокини Турконӣ пайдо шудааст.
Қаблан писари 27-солаи Саидаҳтам Сафаров - Шерафган Сафаров - низ дар таркиши мина аз як дасташ маҳрум шуда буд.
Маълум нест, ки оё ҳодисаи мазкур аз ҷониби сохторҳои интизомии Тоҷикистон таҳқиқ мешавад ё на. Айни замон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар дафтари матбуоти пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон гуфтанд, ки аз ҳодисаи таркиш хабар надоранд. Як масъули дафтари матбуот гуфт, ба дасти аҳолии мулкӣ афтодани маводи тарканда "ғайриимкон аст, чунки баъди ҳар размоиш ва машқи низомӣ размоишгоҳ аз ҳама гуна маводи таркандаву дигар мавод поккорӣ мешавад". Вай афзуд, ки ба ин наздикиҳо дар Мумирак ҳеҷ размоиши низомӣ анҷом нашудааст. Ба иттилои ин манбаъ, дар сурати аз ҷониби низомиёни рус мавриди таҳқиқ қарор дода шудани ингуна ҳодисаҳо, аз ҷониби вазорати дифои Русия комиссиюни махсус таъсис меёбад. "Вале ҳоло мо дар бораи ин ҳодиса аслан хабаре надорем", гуфт намояндаи Пойгоҳи 201 Русия.
Тамрингоҳи низомии пойгоҳи Русия дар 7-километрии шаҳри Кӯлоб дар қаламрави дар навоҳии Мӯъминободу Шӯрообод ҷойгир аст. Масъулони созмони Ҳилоли Аҳмар дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, машқгоҳи пойгоҳи низомиёни рус солҳост амал мекунад, вале ҳудудаш то кунун аломатгузорӣ нашудааст. Қаблан масъулони Ҳилоли Аҳмар дар минтақаи Кӯлоб аз масъулони пойгоҳи Русия хоҳиш карда буданд, ки ҳудуди размоишгоҳ мушаххас шавад.
Пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб солҳои 30-юми асри гузашта, замоне ки Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, таъсис ёфтааст. Тибқи иттилои сокинони маҳаллӣ, аз инфиҷори мина ва снарядҳои нотаркидаи тамрингоҳи ин пойгоҳ дар Мумирак дар даҳ соли ахир 15 нафар ҷон бохта, беш аз 20 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Низомиёни рус низ бо далели ин ки "ин снарядҳо ба онҳо тааллуқ надоранд", то кунун ягон бор ба хонаводаҳои зарардида ҷуброне пардохт накардаанд.