"Мардум шикоят мекунанд." Нархи газ дар Тоҷикистон аз 8 сомонӣ гузашт

Нархи газ дар Тоҷикистон боло рафтааст

Камчинӣ ва якбора боло рафтани арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон нигаронии сокинон ва ронандагонро ба бор овардааст. Ду ҳафта пеш нархи як литр гази моеъ то 7 сомонӣ буд. Ҳоло дар пойтахт ва ноҳияҳои атрофи он аз 7 сомониву 80 дирам то 8 сомониву 20 дирам расидааст.

Ҳоҷӣ Абдуллоҳ, ронандаи 78-солаи таксӣ дар масири Душанбе-Ҳисор, мегӯяд, болоравии арзиши газ на ба манфиати онҳост, на мардум. "Ба 8 сомонӣ газ мехарам. Даҳ литри он ба 60 километр мерасад. Фоида намебинам," – гуфт ӯ.

Муъмин Раҳмонов, ронандаи дигари таксӣ дар ин масир, мегӯяд, ҳарчанд арзиши газ боло рафтааст, наметавонанд роҳкироро боло баранд: "Газ шаш сомонӣ буд, роҳкиро 10 сомонӣ. Ҳозир газ 8 сомонӣ шудааст, роҳкиро ҳамон. Мо зиёд карда наметавонем. Мардум шикоят мекунанд, дар мошин савор намешаванд."

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз шарҳи сабабҳои камчинӣ ва гароншавии гази моеъ худдорӣ карданд. Аммо тоҷирони сӯзишворӣ дар суҳбатҳои бидуни навор сабаб пеш меоварданд, ки воридоти гази моеъ аз Қазоқистон маҳдуд шудааст.

Як намояндаи дафтари матбуоти Вазорати энергетика дар суҳбати телефонӣ рӯзи 20-уми ноябр сабаби камчинӣ ва боло рафтани арзиши газро ба гарон шудани арзиши он дар Қазоқистон вобаста донист. Ба гуфтаи ӯ, ширкати "Тенгизшевройл"-и Қазоқистон арзиши як тонна гази моеъро аз 470 доллари пешина ба 520 доллар расондааст.

Ширкатҳои воридкунандаи газ дар Тоҷикистон 94,2%-и газро аз "Тенгизшевройл" мехаранд.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нархи газ боло рафт, роҳкиро чӣ?

Дар моҳи сентябри имсол низ арзиши гази моеъ марзи 8 сомониро убур карда, дар моҳи октябр то 6 сомониву 20 дирам пойин омад. Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд, ки дар баробари бебарқӣ ва гароншавии ангишт, боло рафтани нархи гази моеъ ба ҷайбашон зарба зада, зиндагиашонро ба мушкили дигар рӯ ба рӯ мекунад.

Тоҷикистон гази моеъро умдатан аз Қазоқистон ва миқдори ками онро аз Русияву Узбекистон меорад. Дар Тоҷикистон 14 ширкати воридкунандаи гази моеъ аст, вале намояндагони чунин ширкатҳо намехоҳанд ошкоро дар бораи сабабу омилҳои афзоиши нарх суҳбат кунанд. Тоҷикистон дар ним соли гузашта аз хориҷа бештар аз 200 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардааст, ки нисбат ба ним соли гузашта 12 ҳазор тонна кам шудааст.