Кобинаи нави Афғонистон имрӯз ё фардо эълон мешавад

Манобеи наздик ба раиси ҷумҳур ва раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон мегӯянд, бахше аз кобинаи нав ҳадди аксар дар байни ду рӯзи оянда эълон хоҳад шуд.

Муҷибураҳмон Раҳимӣ, сухангӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар сӯҳбат ба бахши дарии Радиои Озодӣ аз пешрафт дар робита ба ташкили кобинаи нав хабар дод ва гуфт, қарор аст бахше аз кобинаи нав қабл аз баргузории нишасти Лондон эълон шавад.

Ин дар ҳолест, ки як манбаи наздик ба Ашрафғанӣ Аҳмадзай низ ҳамин мавзӯъро таъкид карда аз эҳтимоли эълони бахши аз кобина дар поёни имрӯз ё рӯзи якшанбе хабар дод. Ин манбаъ, ки нахост аз он ном бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар мавриди 15 вазоратхона, ба шумули вазоратҳои калидии дифоъ, умури дохилӣ ва хориҷӣ ба тавофуқ расидаанд ва гуфтугӯ дар мавриди вазоратҳои дига ҷараён дорад. Ба гуфтаи манбаъ, бахши бузурги кобина дар поёни рӯзи шанбе ва дар сурати таъхир рӯзи якшанбе қабл аз сафари Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба Бруссел ва Лондон эълон хоҳад шуд.

Ҳукумати ваҳдати милии Афғонистон бинобар таъхир дар эълони кобина дар ҳоли ҳозир мавриди интиқодоти шадид қарор гирифтааст ва қарор аст конфронси Лондон дар чаҳоруми моҳи декабр ба раҳбарии Афғонистон ва Бритониё баргузор шавад. Интизор меравад дар ин нишаст, кӯмакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон эълон шавад.

Ин дар ҳолест, ки сафири Бритониё дар Афғонистон дар сӯҳбати ихтисосӣ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, агар кобинаи ҳукумати Афғонистон то ҳангоми баргузории Конфронси Лондон эълон нашавад, ба даст овардани аҳдофе, ки дар назар аст, мушкил хоҳад буд.

Ҳукумати ваҳдати миллӣ дар авохири моҳи сентябр корашро оғоз кард ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай ваъда дода буд, ки пас аз арзёбии вазоратҳо ва идораҳо дар чиҳилупанҷ рӯз кобинаи навро эълон хоҳад кард. Бо он ки бештар аз ду моҳ аз эҷоди ҳукумати ваҳдати миллӣ мегузарад, ҳанӯз ҳам кобинаи нави ин кишвар эълон нашудааст.

Аз сӯи дигар парлумони Афғонистон ҳукуматро бинобар таъхир дар ташкили кобинаи нав шадидан мавриди интиқод қарор дода, гуфтааст, ки ҳукумати феълӣ машруияти қонуни худро аз даст додааст. Абдурауф Иброҳимӣ, раиси парлумони Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе гуфт, кори сарпарасти вазоратхонаҳо бар пояи Қонуни асосӣ поён ёфта ва раиси ҷумҳур ва раиси иҷроия мукаллаф ҳастанд, ки ҳар чӣ зудтар кобинаи навро муаррифӣ кунанд.