Муҳоҷироне, ки аз Русия ихроҷ шудаанд ва роҳи қонунии бозгашт надоранд, падаре, ки фарзанди камсаводаш ба донишгоҳ дохил нашудааст ва касе, ки қонунан бояд панҷ сол интизори навбати ҳаҷ бошад, донишҷӯе, ки устодаш баҳояшро намегузорад, бемордоре, ки бемораш дар ҳолати вазнин аст, ронандае, ки ошкоро ҳаракати роҳро вайрон кардааст -- ҳамагӣ бо истифода аз шеваи "як балош кун" мехоҳанд, роҳи ҳалли мушкили худро пайдо кунанд.
Юнус Қаюмов, сокини 23-солаи Хатлон, барои панҷ сол аз Русия ихроҷ шуд, аммо ба гуфтаи худаш "як бало" кард, то соле нагузашта дубора ба муҳоҷират биравад. Ӯ пасованди русии "ов"-ро аз охири исми хонаводагиаш берун андохт, ному насаби худро тоҷикӣ кард ва дубора ба Русия рафт, аммо фандаш ошкор шуд. Ӯро дар фурудгоҳи Маскав ҷарима карданд ва дубора ба Тоҷикистон баргардонданд.
"Гуфтанд, ки дигар ягон роҳ надорӣ, аммо амакамро зорӣ кардам, ки як бало карда, маро равон кунад. Ин ҷо ҷойи кор нест. Номамро тоҷикӣ кардам, вале дар фурудгоҳ инро фаҳмида, ҳам 30 ҳазор рубл ҷарима карданд ва ҳам барои ҳамеша маро ихроҷ намуданд," -- мегӯяд Юнус Қаюмов.
Лутфулло Расулов, ҳуқушиноси Созмони ҷаҳонии муҳоҷират мегӯяд, ҳар моҳ то 200 муҳоҷире, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, аз онҳо машварати ҳуқуқӣ мепурсанд, аммо вақте мешунаванд, ки роҳи бозгашт ба он кишварро надоранд, хоҳиш мекунанд, то "як бало кунем".
"Ба 98 дарсади муроҷиаткунандагон вақте мегӯем, нисбат ба онҳо манъи вуруд аст, ҳуқуқи сафар надорӣ, зуд мегӯянд, "ака, як балош кун", ки равем. Мо мегӯем, "балош" дар Русия ҳаст ва дасти мо ба он намерасад. Мо ягон балоша намеёбем, аммо мебинем, ки аксари онҳо “ягон балоша” ёфта мераванд, лекин бархеашон суд мешаванд ва бархеи дигар ба мӯҳлатҳои дароз ихроҷ мешаванд."
Оҷонсӣ: "Як балош кун" -- ишораи порадиҳӣ
Дар баъзе мавридҳо истилоҳи маъмулии "як балош кун" бо изофаи “мо Шуморо розӣ мекунем" маънои берун рафтан аз чаҳорчӯби қонунро мегирад. Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон "як балош кун"-ро истилоҳе медонад, ки порадиҳӣ ва порагириро ба дунбол дошта метавонад.
Олим Забирзода, сухангӯи Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ниҳоди онҳо дар 8 соли фаъолияташ даҳҳо ҳолатеро ошкор кардааст, ки истилоҳи “як балош кун” дар ниҳоят ба гирифтани пора расондааст: “Вақте як нафар мегӯяд, ин корро анҷом дода наметавонам, корафтода ба зорӣ медарояд, ки “ака, як балош кун”. Бо гуфтани ин ибора корафтода ба корсоз паём медиҳад, ки барои пора додан омода аст. Масалан, ҳолатҳое ҳаст, ки мегӯянд, мехоҳад, падараш ҳамин сол ҳаҷ равад ё як бало кун, то ҳамин сол додар ё писараш ба донишгоҳ дохил шавад. Ин оғози пешниҳоди пора додан аст, зеро кори онҳо аз роҳи қонунӣ барор нагирифтааст.”
"Як балош кун, як пиёла чой қарздор"
Коршиносон низ мегӯянд, ибораи “як балош кун” истилоҳи хоси миёни порадиҳандагону порагирандагон аст.
Ба андешаи Юсуф Самадов, ҷомеашиноси тоҷик, ин истилоҳ дар ҳоле пайдо шудааст, ки сатҳи фасодкорӣ дар ҷомеа боло рафтааст ва сокинон аз тарси ошкор нашудани порадиҳӣ онро пардапӯшона ба забон меоранд. Ӯ мегӯяд, жаргони “Як балош кун, мо як пиёла чой қарздор” чунин фаҳмида мешавад, ки кори маро анҷом деҳ ва бароят пора хоҳам дод:
“Гӯяндаи ин ҳарф мехоҳад, мушкилашро бо ҳар роҳе бошад, ҳал кунад. Ин аз ноадолатӣ, фасодзадагии ҷомеа дарак медиҳад. Яъне, инсон медонад, ки кораш қонунан ҳал намешавад ва бояд пора диҳад, худаш бо ин ҳарф пешниҳод мекунад. Мо навбатро риоя кардан намехоҳем, қонунро риоя кардан намехоҳем, мехоҳем, натиҷа ба даст биорем. “Як балош кун”, маънои ба даст овардани натиҷа бо ҳар роҳи мумкин аст.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сокинон мегӯянд, гоҳо ин ибора аз ҷониби худи мансабдорон ба шакли “зиқ нашав, як балош мекунем” низ садо медиҳад. Боз ҳам ишорае, ки иҷрои ин кор талошҳои ғайриодӣ ва подоши ғайриодиро талаб мекунад. Яъне маълум аст, ки ин як кори сахт ва ношуданист, аммо "як балош мекунем".
Аз дӯстдухтарам илтиҷо мекунам, "як бало кунад"
Аз сӯи дигар ин вожа дар мавридҳое низ истифода мешавад, ки ҳеҷ рабте ба фасод надорад, вале дар ҳама ҳолат ба хотири чораи ноилоҷӣ ба кор меравад.
Баҳодур, ҳамсӯҳбати 23-солаи мо дар дар яке аз хиёбонҳои Душанбе гуфт, ӯ бештар ҳангоми илтиҷо ба дӯстдухтараш ин ибораро истифода мекунад: “Вақте ягон бегоҳ ба сайр рафтани бошам, ӯро занг мезанам, аммо ӯ мегӯяд, ки ҳеҷ имкони аз хона берун шудан надорад. Мегӯям, ки илтимос як бало карда, ягона баҳона ёфта берун баро. Баъзан ӯ ягон баҳона карда, ба модараш дурӯғ мегӯяд ва мо бо ҳам мулоқот мекунем. Яъне, “балоша” меёбад, аз роҳҳи дурӯғ гуфтан ба модараш.”
Ҳамсӯҳбати дигари мо бо номи Ҷалолиддин мегӯяд, “баъзан дӯстон қарз мепурсанд. Мегӯям, ки надорам. Илтимос, як бало карда, пул пайдо кун гуфта, ба ҷон мерасонанд. Гоҳе мешавад, ки ҳеҷ бало карда намешавад, вале баъзан як бало кардан мумкин аст.”
Ду мавриди сӯистифода
Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси маъруфи тоҷик мегӯяд, “як балош кун” таркиби ибораҳои рехта аст ва дар забони омма ба ду маъно истифода мешавад: “Як маънояш фасод, корсозӣ ҳаст. Маънои дигараш чораҷӯӣ ҳаст. Як нафарро наздикаш дарди бедаво дорад, аммо ӯ аз пизишкон хоҳиш мекунад, "як бало кунанд", то ӯро шифо бахшанд.
"Дар ин ҷо ба маънои зорию илтимос, тавалло меояд, ки тобиши манфӣ надорад. Дар як маврид маъноро холис ифода мекунад, аммо дар мавриди дуюм сарборӣ дорад. Сарбориро мо обуранги ҳиссии манфӣ мегӯем, ки ғаразнок истифода мешавад. Ин эҷодиёти мардумӣ аст. Хусусияти андаке жаргонӣ дорад. Дар фарҳанги ибораҳои рехтаи забони тоҷикӣ нест ва ин тоза муд шудааст,”- мегӯяд Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси маъруфи тоҷик.