Ним миллион сомонии академики тоҷик куҷо шуд? Ёде аз рӯзгори Раҳим Масов

Раҳим Масов агар зинда мебуд, 16-уми ноябри имсол 85-сола мешуд.

Васияти академик Раҳим Масов, ки агар зинда мебуд, 16-уми ноябри имсол 85-сола мешуд, ҳанӯз иҷро нашудааст.

Ин муаррих, ки осор ва кору пайкораш замоне баҳсҳои доғро дар маҳфилҳои илмӣ ба бор оварда буд, соли 2018 даргузашт, вале ду сол пеш аз марг васият кард, ки ним миллион сомониаш аз пули ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод”-ро барои бунёди мактаб бидиҳанд. Ин маблағ дар бонки "Тоҷиксодиротбонк"-и буҳронишуда гир мондаанд. Соима Раҳимова, хоҳари Раҳим Масов гуфт, “тақдири пулҳояш ин аст, ки то ҳозир аз бонк гирифта наметавонем. Ягон пул нагирифтаем. Намедонем, ки чӣ қадар аст.”

Рӯшанфикри ҷасур

Академик Раҳим Масов аз камтарин рӯшанфикрони тоҷик дар поёни қарни XX ва аввали XXI буд, ки дар қазоват ба ҳаводиси таърихӣ ва сиёсатгузориҳои рӯзгораш бештар аз диди адолати илмӣ, ҷасорати шахсиятӣ ва шаҳомати ахлоқӣ бархӯрд мекард. Ин ҷанбаи шахсиятияш ӯро аз дигар ҳамтоён, хусусан ҳамкоронаш дар Академияи улум ва донишгоҳҳо фарқкунанда карда буд.

Раҳим Масов соли 1939 дар маҳаллаи Скосми рустои Мдехарви Ванҷ зода шуда, пас аз марги падар таҳсили мактаби миёнаро дар хонаҳои кӯдакони Хоруғу Душанбе фаро мегирад. Соли 1961 риштаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, то поёни умр дар Пажӯҳишгоҳи таъриху мардумшиносии Академияи улум кор кард. 27 сол раҳбари ин Пажӯҳишгоҳ буд. Соли 2015 ба гуфти академик Акбар Турсон, ҳардуи онҳо ба дастгоҳи раиси ҷумҳур даъват ва аз вазифа барканор карданд.

Ин донишманд он лаҳзаро чунин ёд кард: “Вақте ин тасмимро эълон карданд, Масов худашро дошта натавонист ва баланд гуфт, ки “за чтоооо?” (барои чӣ?). Ман дар паҳлуяш будам, гуфтам, ки “я скажу за что” (ман мегӯям, ки барои чӣ). “Ты из кожи вон лез чтобы служить. А теперь такие не нужны, понял?”. Ҳамин хел карда, бо ханда ба берун баромадем. Аммо он ҷо ман гуфтам, ки хуб, давраи мо гузашт, дигар мо даркор нестем. Аммо баъди аз кор гирифтанаш умраш кӯтоҳ шуд, зери нуфузи бетаваҷҷуҳӣ, ношукрӣ ва азоб монд. Ман, дар ҳамон дастгоҳи раисҷумҳур гуфтам, ки барои ман ҳеч гап не, зеро аз нисф зиёди умрам, солҳои эҷодиям дар хориҷ гузашт. 25 сол қариб дар Маскаву Ленинград, 17 сол дар Амрико будам. Гуфтам, ман даъво надорам, ман ба ин ватан ҳоло хизмат накардаам. Лекин ба Масов ҷабр шуд.”

Муаллифи “Таърихи табартақсим”

Дар мақоми раҳбари Пажӯҳишгоҳи таърих Масов дар поёни умри Шӯравӣ ба асноди сирриву махфӣ ва дастнахӯрдаи таърихи сиёсии Осиёи Марказӣ, хусусан фоҷиаи тоҷикон дар солҳои бистуми асри гузашта даст ёфт, онҳоро бо тафсилу ҷузъиёт ва баҳогузории илмӣ мунташир намуд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

85 соли Раҳим Масов, муаллифи "Таърихи табартақсим"

Соли 1991 китоби “Таърихи табартақсим”-и академик Масов ба нашр расид, ки пушти саҳнаи таърихнигории шӯравӣ, аз ҷумла тақсимоти милливу ҳудудӣ дар Осиёи Марказӣ ва ташкили кишварҳое чун Тоҷикистону Узбекистону Қазоқистону Туркманистонро ошкор мекард. Ин асар, ки фарогири асноду мадорики то ин вақт барои доираҳои илмӣ дастнорас буд, ба Масов шӯҳрати зиёде овард ва ӯро барои суханронӣ ба донишгоҳҳои маъруфи кишварҳои Ғарб даъват карданд.

Ин асарро он замон “гардише дар тафаккури нави таърихнигории ҷумҳурӣ” унвон карда буданд. Баъдан, академик Масов дар ин равиш соли 1995 китоби "Тоҷикон, бо муҳри “комилан сиррӣ” ва соли 2003 асари "Тоҷикон: фишороварӣ ва ассилимилятсия"-ро навишт, ки алайҳи ин китобҳо аз сӯйи даҳҳо муаллиф аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон тақризу ҷавобия нашр шуд.

Рақиб Абдулҳайев, профессор, ҳамсабақи донишгоҳии Раҳим Масов гуфт: "Масъалаҳои тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ, ки соли 1924 ба вуҷуд омаду дар он ҷо баъзе омилҳои субъективӣ буданд, ки баъзе аз шаҳрҳои мо гирифта шуд, ҳамин Раҳим Масовро бетоқат карданд. Мехост ҳақиқатро рӯи об барорад. Ва барои ҳақиқатро рӯи об баровардан бисёр кор кардан даркор буд, бисёр ҷустуҷӯ кардан даркор буд, тамоми ВАО-и СССР-ро дидан даркор буд, адабиёти тамоми СССР-ро дидан даркор буд. Масалан бойгониҳои Осиёи Миёна, Маскавро дидан даркор буд. Ҳамаи ҳамин корро ӯ кард. Ақиб нагашт. Ва якумин китобе, ки навишт, "Таърихи табартақсим" буд."

Барои ин осори арзишманд ва корҳои дигар дар таҳқиқ ва мудирияти таърихнигории мардуми тоҷик, академик Масов танҳо шахсияти илмие буд, ки дар оғози солҳои 2000-ум барои дарёфти унвони Қаҳрамони Тоҷикистон пешниҳод шуд. Аммо баъдан ба далоили норӯшан ин унвонро дарёфт накард. Сайфуллоҳ Муллоҷонов, муаррих мегӯяд, Масов шахсияти нотакрор буд. "Он чизе, ки ӯро аз дигарон, аз соири ҳамкоронашу ҳамзамононаш мумтоз месохт, ин буд, ки бар хилофи бештари донишмандону шуарои мо аз расми чоплусиву хушомад дӯр буд, ки ӯро воқеан ҳам ба хотири ҳамин мумтоз месохт ва бо ҳамин хусусияти худ фарқ мекард,"--гуфт ӯ.

Масов мухолифи додани замини Тоҷикистон ба Чин буд

Рақиб Абдулҳайев, профессор, ҳамсабақи донишгоҳии Раҳим Масов гуфт, "яке аз хусусиятҳои махсусаш ин буд, ки гапашро мардона мегуфт, гапашро, ки мегуфт онро ба охир мерасонид."

Масов ба унвони раиси Пажӯҳишгоҳи таърих ҳамеша бо таърихсозиҳои дурӯғин мухолифат мекард ва дар баробари дасткориҳои таърих мавзеъгирии қотеъ дошт. Аз ҷумла ӯ соли 2011 дар яке аз суҳбатҳо бо Радиои Озодӣ гуфт, ки узви комиссиюни додани бахше аз заминҳои Тоҷикистон ба Чин буд ва зери Созишномаи марзӣ имзо нагузошт. Ӯ дар суҳбате бо озодӣ ин амалкардашро чунин шарҳ дода буд: "Ягон вақт мегуфтанд, ки як нафар узви комиссия буд ва як сухан кард, ки "хайр, ҳамин кӯҳ будааст, додан гиред". 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, додан гирем, чӣ мемонад? Имзо кардан лозим набуд, чунки ман медонистам, ки баъд як вақт олимҳо онро меомӯзанд."

Масов ҳамчунин ба ҷашнгирии қадомати таърихи шаҳру навоҳӣ дар кишвар мухолиф буд ва ин сиёсатгузориҳои ҳукуматро интиқод мекард.

Ҳарчанд Масов барои таҳқиқи норӯшаниҳои таърихи сиёсии тоҷик ва баҳсҳои доманадораш бо муаррихону донишмандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба унвони як рӯшанфикри миллӣ маъруф шуда буд, аммо ӯро як муаррихи ҳамсӯ бо Русияи вақт медонистанд, ки дар саргаҳи ин таърихсозиҳо буд.

Вале солҳо пеш дар як сӯҳбат бо Озодӣ ин мавзеъгирияшро чунин тавҷеҳ карда буд: "Мо мустақил набудем, ба маънои томаш, вале нишонаҳои давлатдорӣ пайдо буд, ҳамааш. Вале баъдан асоси ҳуқуқии давлати имрӯзаро поягузорӣ карда буд. Иттиҳоди шӯравӣ барҳам хӯрд, мо мустақил шудем. Асоси ҳуқуқиаш ҳамон давра ташкил шуд. Агар республикаи Тоҷикистон намешуд, мо чӣ мешудем?"

Доктори илми таърих, Абдулло Ғафуров, аз шогирдони Масов дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бар ин аст, ки сарфи назар аз таваҷҷуҳи шахсие, ки устодаш ба Сталин дошт, дар таҳқиқи қазияҳои он давра воқеиятро сарфи назар накардааст. "Ҳар он чи ки Раҳим Масов дар он ҷо навиштаанд, бо факту далелҳо аст. Солҳои охир баъзе олимон пайдо шуда истодаанд, ки навиштаҳои Раҳим Масовро зери суол гузошта истодаанд ва мегӯянд, ки гӯё, ки ин ҷо гуноҳи пантуркизм камтар асту манфиати Русия бештар. То ҷое, ки нафароне, ки чунин ақида доранд, мумкин аст дуруст бошад. Вале ман фикр намекунам, ки академик Масов барои симпатияи шахсии худ ба Сталин ин корро карда бошад,"--гуфт Абдулло Ғафуров.

Имсол ҳукумати Ванҷ эълон кард, ки мактаби зодгоҳаш, деҳаи Мдехарвро ба номи академик Масов мегузоранд. Аз ин пештар як қулла дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ ба номи Раҳим Масов номгузорӣ шуда буд. Аммо пас аз марги ин донишманди саршинос борҳо аз сӯи донишмандону ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шуда буд, ки дар Душанбе хиёбоне ё муассисае ба номи Масов ва ҳайкали ӯ гузошта шавад. Аз ҷумла Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, ки замоне Масов хонаашро фурухтаву онро таъмир карда буд. Ин пешниҳод то ҳанӯз бе посух мондааст. Хонаи шахсиашро, ки ҳанӯз замони дар ҳаёт буданаш ба хона-музей табдил дода буд ва бойгонии мероси илмиаш дар он нигаҳдорӣ мешаванд, аз тарафи ҳеҷ ниҳоди давлатӣ ё илмӣ ҳимоят намешавад.

Соли 2018, академик Раҳим Масов бар асари сактаи мағзӣ дар 79-солагӣ даргузашт ва дар қабристони Лучоби Душанбе – оромгоҳи чеҳраҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистон ба хок супурда шуд.