Президенти "нав" -- Назарбоев дар ростои як "давраи сахт"

Дар ростои “давраи пурталотум” бо як интихоботи “намоишкорона” Нурсултон Назарбоев ҳокимияти худро устувортар кард, аммо синнаш аз 74 гузаштааст...

Гумон намерафт, ки раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар интихоботи президентии 26 апрел “кам биёрад”. Вай ҳатто бештар овард. Аз интихобот то интихобот тарафдорони Назарбоев гӯё 2,2 дарсад афзудаанд. Агар чаҳор сол пеш 95,5 дарсади интихобкунандагонро аз ӯ пуштибонӣ карда бошанд, ин бор 97,7 дарсади онҳо хостаанд, ки ҳокимияти Назарбоев боз панҷ соли дигар давом кунад.

Аммо ин рақамҳо бештар “самараи кор”-и ниҳодҳои давлатӣ шумурда мешаванд, ки ба гуфтаи нозирони ғарбӣ, “дасти дароз”-е дар маъракаи интихоботӣ доштанд. Ва қисман аз он ки Назарбоев дар корзор бо рақиби кам ё беш ҳамвазне рӯбарӯ нагашт. Ду номзади дигар айнан мисли номзадҳои президентии Тоҷикистон дар мулоқот бо мардум “рақиб”-и худро ситоиш мекарданд.

Раҳбари Ҳизби халқӣ-коммунистии Қазоқистон, Владислав Косарев, бо он ки номзади ҳизбаш дар интихобот шикаст хӯрд, аз пирӯзии Назарбоев изҳори шодмонӣ кард ва гуфт, “халқ ба раҳбари бузургаш бовар дорад. Ҷои шакке нест ва агар ӯ дар фикри тағйир додани ҳаёт аст, метавонад, нотарсона даст ба кор занад, зеро халқ бо ӯст!”

Мисли дигар раҳбарони деринаи Осиёи Марказӣ, Назарбоев баъд аз 25 соли ҳокимият низ ҳанӯз вориси сиёсии худро ба майдон наовардааст ва зоҳиран, мақсад дорад, то нафаси охирин аз курсии президентӣ ҷудо нашавад. Рақибони воқеӣ ва маъруфаш, онҳое, ки аз зиндон ё куштор эмин мондаанд, дар хориҷаанд, сиёсатҳояш дар маҳдуд кардани талошҳои сиёсӣ, озодии матбуот ва ҳуқуқи инсон ҳадафи танқид қарор мегиранд.

Интихоботи ахирро низ нозирони Созмони Амнияти ва Ҳамкории Аврупо маъракае “бо интихоби маҳдуд, бе мухолифони ҳақиқӣ ва фишор ба озодии баён” номиданд. Ҳамаи интихоботҳои гузашта, ки бо тағйири Қонуни асосии Қазоқистон ба вуқӯъ пайвастаанд, ноозод, ношаффоф ва ғайридемократӣ унвон шудаанд.

ТАРАФДОРИИ ХАЛҚ

Дар Қазоқистон низ мисли Ӯзбакистон, Тоҷикистон ё Туркманистон намоише бо номи “интихобот” барои додани қонунмандӣ ба ҳокимият ва таъкид ба тарафдории аксарияти аҳолӣ зарур аст. Вале дар мавриди Назарбоев бо ишора ба пеш овардани замони баргузории интихобот “шароити мураккаби ҳозира” низ омили муҳим шумурда мешавад. Ҳомии ҳуқуқи инсон Евгений Жовтис мегӯяд, ҳарчанд интихоботи ахир як зоҳирбозии тамом буд, низои Русия ва Украина метавонад яке аз ангезаҳои он бошад. Ба гуфтаи ӯ, саромадони қазоқ аз он нигаронанд, ки Русия зиёд будани аҳолии рустаборро дар шарқи Украина барои оташ додани низоъ истифода бурд. Ҳамин гуна таносуби аҳолӣ дар минтақаҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Қазоқистон низ дида мешавад. “Дар чунин шароит Назарбоев, ки бо ҳамтои русаш равобити хуб дорад ва забони қудратҳои дигари байнулмилалиро ҳам ёфта метавонад, барои элитаи Қазоқистон омили субот аст,” – мегӯяд Жовтис.

Аз сӯи дигар, президенти Русия Владимир Путин, ки дар пайи бунёди як эътилофи пасошӯравист, низ, ба ақидаи Жовтис, Назарбоевро як коршарики пешгӯишаванда медонад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ширкат дар интихоботи президентии Қазоқистон

“Интихоби ӯ аз нуқтаи назари таърих одилона аст,” – мегӯяд нависандаи қазоқ Дукен Масимханулӣ, -- зеро вай давлатро сохт ва бунёди он идома дорад. Гоҳе барои сохтани давлатдорӣ чаҳоряк аср ё 30 сол вақт даркор аст. Ин хоси ҳамаи давлатҳост. Агар вазъи саломатии Нурсултон Абишевич имкон надиҳад ё сабабҳои дигаре пеш ояду ӯ натавонад, раҳбарӣ кунад, мумкин аст, ҳокимиятро ба одамоне супорад, ки ба онҳо бовар дорад. Аммо дар ҳоли ҳозир саломатияш хуб аст ва сониян, халқ ба ӯ эътимод дорад,” -- мегӯяд Дукен Масимханулӣ.

САЛОМАТӢ – ГАВҲАРИ НОЁБ

Нурсултон Назарбоев пас аз заҳмати сангини раҳбарии 25-сола ба яке аз кишварҳои муҳими Шӯравии пешин дар синни 74-солагияш аз нав раисиҷумҳури Қазоқистон интихоб шуд. Дар кишвари ӯ мардҳо аз 63-солагӣ бознишаста мешаванд, зеро аксари онҳо дар ин син қобилияти кории худро аз даст медиҳанд. Аммо президент, ки масъулияти сахти раҳбарии 18 миллион нафарро солҳо дар дӯш дорад, зоҳиран 10 сол баъд аз ин марз низ гӯё тавоноии худро ҳифз мекунад.

Ҳангоми овоздиҳӣ дар интихоботи 26 апрел Назарбоев гуфт, барои суботи кишвараш раъй медиҳад. Ин субот на танҳо ба иродаи ҳамсояи азими шимолии Қазоқистон, балки ба коҳиши нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ низ бастагӣ хоҳад дошт. Коршиносон бар инанд, ки то тирамоҳи соли равон қурби пули миллии Қазоқистон ба маротиб “сабуктар” хоҳад шуд ва раҳбари давлат маҷбур ба он хоҳад гашт, ки аз чораҳои барои ҷомеа “нофорам” истифода кунад. Шояд ба ҳамин сабаб Назабоев хост, пеша з ҷорӣ кардани чунин чораҳо давраи раёсати худро тамдид кунад. Дар акси ҳол интихоботи навбатӣ мебоист дар моҳи апрел, яъне баъд аз ин чораҳо ва пайомадҳои номаълуми онҳо баргузор мешуд.

Онҳое, ки самимона барои Назарбоев овоз додаанд, бовар доранд, ки вай дар ҳама ҳолат метавонад, кишварро наҷот диҳад. Дар давраи ҳокимияташ Назарбоев бо такия ба захираҳои нафту гази кишвараш ва ҷалби зиёда аз 200 миллиард доллар сармоягузории хориҷӣ Қазоқистонро ба дувумин иқтисоди бузурги Шӯравии пешин табдил дод. Назарбоев расман “Пешвои Миллат” эълон шудааст.

Мухолифонаш бар инанд, ки ӯ як низоми назораткунандаи ҳамаи риштаҳои ҳаётро сохта, ба ҳеч нерӯе имкони сар бардоштан намедиҳад. Аз сӯи дигар синни ӯ сабаб гаштааст, ки дар байни синфи миёна ва ҷавони кишвар бо раҳбари он холигоҳе ба миён ояд. Ба ақидаи коршиносон, ҳамин гуна холигоҳ сабаби бӯҳрон ва ошӯбҳо дар Миср ва Тунис истилоҳи “Баҳори Араб”-ро ба миён оварда буданд.

Нурсултон Назарбоев соли 1989, пас аз шӯршиши ҷавонон зидди раҳбари Қазоқистон таъин шудани Колбини рус, аз тарафи раҳбари вақти Шӯравӣ Михаил Горбачёв Котиби якуми Ҳизби коммунисти Қазоқистон таъин шуд ва аз он вақт то ҳоло идораи ин кишварро дар қабза дорад. Унвони ӯ аз 24 апрели соли 1990 ба президенти Қазоқистон иваз карда шуд.