Созмони нав дар АвроОсиё: «Утопия»-и нав барои Путин?

Акс аз бойгонӣ

Як сиёсатшиноси наздик ба Кремл таъсиси созмони нави низомиву амниятӣ дар АвроОсиёро ногузир мехонад. Аммо таҳлилгарон Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиёро «як утопияи нав барои Путин» унвон мекунанд.

Алексей Подберёзкин, муаррихи рус ва собиқ номзад ба мақоми президенти Русия, рӯзи 19 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳори боварӣ кард, ки кишварҳои АвроОсиё ба ҳамгироии бештари низомиву сиёсӣ ва маҳз зери парчами Русия ниёз доранд.

Ин муҳаққиқи рус, ки феълан яке аз раҳбарони МГИМО – Донишкадаи давлатии робитаҳои байналмилалии Маскав ва узви Шӯрои назди президенти Русия оид ба рушди ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар аст, дар як гузориши таҳлилӣ навиштааст, «тайи сад соли ахир АвроОсиё дар маркази ҷангҳои тамаддунҳо қарор дошт ва ба назар мерасад, ки ин раванд дар оянда ҳам боқӣ мемонад.» Ӯ мутмаин аст, ки «назорат бар АвроОсиё ҳамвазни назорати геополитикии дунёст.»

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Алексей Подберезкин, садсолаҳои ахир ҳама ҷангҳо дар ин қаламрав «ҷангҳои эътилофӣ» буданд, ҳарчанд ҳар эътилоф раҳбари аршади худро дошт. Ӯ ҳадс мезанад, ки ташкили ин гуна эътилофҳо дар ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи оянда ҳам ногузир хоҳад буд. Ӯ таъкид мекунад, ки ҳама бархӯрду ҷангҳои тамаддунҳо дар АвроОсиё барои сиёсату иқтисоди Русия паёмади сангин доштанд ва ҳама кишварҳои узви эътилофро ҳам заъиф мекарданд ва аммо тамаддуни ғарбӣ аз ин низоъҳо манфиати иқтисодиву сиёсӣ мебардошт. Тағйири ин «анъана» фақат дар сурати ҳамгироии низомиву сиёсӣ зери парчами Русия ё ташкили созмони амнияти дастҷамъӣ дар қаламрави АвроОсиё мумкин аст, - мегӯяд Подберёзкин.

Алексей Подберёзкин

Алексей Подберезкин дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шарҳи андешаҳояш гуфт, ки дар вазъи феълӣ АвроОсиё алтернатива дорад – ё чун низоми ягонаи амниятии зери назорати Амрико пазируфтани НАТО, ё рафтан зери парчами Русия дар ин созмони ҷадид.

Аммо дар ҳоле, ки бархе кишварҳо, аз ҷумла, дар Осиёи Марказӣ, ба созмонҳои таҳти раҳбарии Маскав, аз ҷумла, ба Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё бо назари шубҳа менигаранд, узвияти онҳо дар сохтори пешниҳодӣ зери фишори Русия сурат нахоҳад гирифт? Алексей Подберезкин мегӯяд, ин кор бояд фақат ихтиёрӣ бошад, вагарна моҳияташро гум мекунад.

МГИМО аз марказҳои умдаи таҳлилӣ барои ҳукумати Русия маҳсуб шуда, тавре мусоҳиби мо гуфт, «аксар маводи таҳлилии МГИМО дар барномаҳои стратегии ҳукумат ба инобат гирифта мешаванд.»

Дар ҳамин ҳол, Алексей Малашенко, раиси барномаҳои Маркази Карнегӣ дар Маскав, ташкили созмони нави амнияти дастаҷамъӣ дар АвроОсиёро «утопия» ё «бофтаи хаёл» мехонад ва мегӯяд, ки он танҳо «варианти русии ташкили эътилофи нав зери парчами Русия ба хотири нерӯманд намоиш додани ин кишвар аст. » Ӯ меафзояд, Русия барои ташкили ниҳоде фаротар аз Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) қодир нест.

«Аммо алайҳи кӣ таъсис шудани ин ниҳод ҳам маълум нест. Алайҳи НАТО? Алайҳи Чин? Бархе мегӯянд, ки СПАД алайҳи «Толибон» ташкил шудааст, аммо Толибон сӯи шимол ҳаракат намекунанд, зеро онҳо дар Афғонистону Покистон ҳадафҳои худро доранд,» - гуфт Малашенко.

Алексей Малашенко

Ба гуфтаи Малашенко, СПАД ба як ниҳоди саркӯбкунандаи эътирозҳо дар дохили кишварҳои узв табдил шудааст ва ҳоло «агар дар кишваре низоъ ё «инқилоб»-е рӯй диҳад, СПАД ҳаққи мудохила ва саркӯбашро дорад.» Дар инқилоби ахири «лолагӣ» дар Қирғизистон, ба гуфтаи Малашенко, СПАД аз ин гуна масъулият бархурдор набуд. «Ташкили ниҳоди амниятӣ дар АвроОсиё фақат ба хотири он аст, ки Владимир Путин худро на фақат дар Русия, балки дар дигар қаламравҳо низ раҳбар ҷилва диҳад,» - мутмаин аст мусоҳиби мо.

Алексей Малашенко меафзояд, ки воқеъан ҳам солҳои ахир кишварҳои пасошӯравӣ дар мавриди вуруд ба созмонҳое чун Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё дудилаанд, зероин барои Тоҷикистону Қирғизистон ҳам маънои «падруд гуфтан бо як бахши истиқлоли худро дорад.» Аз тарафи дигар, узвияти чунин кишварҳои фақир барои Русия ҳам, ки алакай зери бори гарони пардохти баҳои садоқати Абхозистону Осетияи ҷанубӣ ва Қриму ҷудоиталабони шарқи Украина мондааст, миёншикан аст.

Сергей Абашин, доктори илми таърих ва таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, мегӯяд, «феълан Маскав фақат талоши наздикшавӣ бо Қазоқистонро дорад ва он ҳам хеле эҳтиёткорона. Дар Кремл мехоҳанд, ки ин раванд бояд зина ба зина сурат бигирад, зеро метарсанд, ки як қадами ноҷо метавонад боиси фурӯрезии барномаҳояш шавад. »

Аз нигоҳи таҳлилгар, ба фарқ аз Душанбеву Бишкек, «2 кишвари дигар минтақа - Узбакистону Туркманистон аз Русия дурӣ меҷӯянд ва тавре мебинем, Маскав дар таҳмили нуфузаш болои ин кишвар оҷиз монда, маҷбур аст, ки дар масъалаи имкони узвияти онҳо ба созмонҳои зери назараш ҳатто лаб накушояд.»

Тазоҳуроти зидди Иттиҳоди АвроОсиё дар Арманистон

Дар соли 1991, ки Шӯравӣ пош хӯрд, ба ақидаи ин таҳлилгар, худи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқлол дод, чунки он замон ва ҳатто ҳоло ҳам дар миёни элитаҳои Русия ақидае ҳаст, ки «чаро мо бояд ин кишварҳоро «хӯронем?» Аммо акнун, аз тарҳҳои мисли Иттиҳодияи АвроОсиё, ё ба таъбири матбуот, «микро-СССР»-е, ки Путин мехоҳад дар паҳнои пасошӯравӣ бунёд кунад, бармеояд, ки фикри элитаҳои Русия тағйир мекунад. Ҳадди ақал фикри доираҳои наздик ба Путин ва дигар сардамдорони кунунии Кремл.