Хабари фирори “Раис” аз боздошт рад шудааст

"Раис Худойдод"

​Масъулони амнияти миллӣ фирори Раис Худойдодро, ки аз “хатарноктарин” афрод ба ҳисоб рафта, таҳти пайгарди қонунии мақомоти Тоҷикистон ҳам қарор дошт, нодуруст хонданд.

Масъулони идораи амнияти миллии Афғонистон фирори "Раис Худойдод" аз боздоштгоҳро, ки аз ӯ хатарноктарин нафар ном бурда мешавад ва таҳти пайгарди мақомоти Тоҷикистон низ қарор доштааст, бепоя хонданд. Ин изҳороти мақомоти амниятӣ баъд аз он нашр шуд, ки чанде аз расонаҳои афғон гузоришҳоеро дар бораи фирори "Раис Худойдод" дар шаби душанбеи ҳафтаи гузашта ба чоп расонданд.

Мақомоти амниятӣ мегӯянд, Ҳашматуллоҳ Набил, сарпарасти ин ниҳод қарор аст ба унвони номзади раёсати умумии амнияти миллӣ ба парлумон муаррифӣ шавад ва ин гузоришҳо ба хотири бадном сохтани ӯ ба нашр расидаанд.

Ҳамид Султон, яке аз масъулони дафтари матбуоти раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, низ гуфтааст, ба зудӣ нодурустии ин мавзӯъро ба мардум собит хоҳанд кард. Ӯ афзудааст, “ин мавзуъ комилан ғалат аст. Мо ба зудӣ як видеои тозаро ба хотири исботи нодурустии он барои мардум ба нашр мерасонем.”

Раис Худойдод шаби 15 сентябри соли гузашта аз тарафи нерӯҳои амниятии Афғонистон боздошт шуд, ки номаш дар рӯйхати сиёҳи мақомоти Тоҷикистон низ қарор дошт. Он вақт мақомоти амниятии афғон аз ӯ “хатарноктарин, бузургтарин, золимтарин, муҷримтарин ва моҳиртарин муҷрими ҳирфаӣ дар таърихи муосири Афғонистон” ном бурда буданд. Абдулҳасиб Сиддиқӣ, сухангӯи Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, гуфта буд, “Худойдод маъруф бо номи “Раис Худойдод” дар сангинтарин ҷиноятҳо, аз қабили одамрабоӣ, қатлу куштор ва сирқати амвол гумонбар дониста мешавад.”

Ба қавли Абдулҳасиб, “Раис Худойдод” давоми чанд соли охир бештар аз сад миллион доларро аз ҳисоби одамрабоӣ ва дуздӣ ба даст оварда будааст. Ба қавли мақоми амниятии Афғонистон ин нафар, на танҳо дар ин кишвар, балки дар Тоҷикистон, Покистон ва Аморати муттаҳидаи Арабӣ бо ҷурми одамрабоӣ ҷустуҷӯ мешуд ва дар рӯйхати сиёҳӣ мақомоти ин кишвар ҷой дошт.

Аммо зимни ироаи ин хабар мақомоти амниятии Афғонистон нагуфтаанд, ки “Раис Худойдод” аз Тоҷикистон киро рабудааст. Ин дар ҳолест, ки аз марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод даҳҳо ҳолати одамрабоӣ қайд шудааст ва инчунин соли гузашта ду сокини Тоҷикистон дар дохили хоки Афғонистон рабуда шуданд, ки пас аз чанде раҳо гардиданд. Аммо ҳоло маълум нест, ки “Раис Худойд” барои кадоме аз ин одамрабоиҳо аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон низ ҷустуҷӯ мешуд.