Дар Тоҷикистон барои бори аввал биржаи фондӣ ва ё бозори коғазҳои қиматбаҳо таъсис ёфт.
Як масъули Оҷонсии рушди бозори коғазҳои қиматноки Вазорати молияи
Тоҷикистон рӯзи 3-юми июл дар сӯҳбат ба Радиои "Озодӣ" гуфт: "Биржаи Фондӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ аллакай дар Бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Кумитаи андози Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи талаботҳои қонунгузории Тоҷикистон, Биржаи Фондиро иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок таъсис медиҳанд ва бо баробари гирифтани иҷозатнома Биржаи Фондӣ метавонад ба фаъолияти худ шурӯъ намояд."
Дар баробари ин, мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати молияи кишвар
дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳои марбута барои фаъолияти бозори
коғазҳои қиматнок мусоидат намуда, заминаҳои хуқуқии пайдоиш ва
фаъолияти инфрасохтори онро фароҳам меоранд.
Коршиносон мегӯянд саҳмияҳои ширкатҳои саҳомии мобилӣ, бонкҳои тиҷорӣ ва корхонаҳое, чун ТАЛКО, ки фоидаи хуб ба даст меоранд, метавонад дар ин биржа қурб (котировка) пайдо кунад.
Бозори авроқи гаронбаҳо як асли муҳими иқтисоди бозорист, ки мутобиқ ба талаботи бозор арзиши саҳмияи ин ё он ширкат ё корхонаро муайян мекунад. Яъне ба таъбири боз ҳам оддитар, бозори фурӯши саҳмияҳост.
Барои мисол, шумо саҳмияи як корхонаро имрӯз ба 100 сомонӣ мехаред ва баъди чанд муддат ки арзишаш вобаста ба талаботи бозор боло рафт, масалан, 150 сомонӣ мефурӯшед. Ҳамин 50 сомонӣ фоидаест, ки шумо аз «бозӣ» дар биржа ба даст меоред. Ва агар шумо 100 саҳмия харида бошед дар вақти арзониаш, фоидаи шумо 5000 сомонӣ, ва агар 1000 саҳмия харида бошед, фоидаатон 50 000 сомонӣ хоҳед шуд. Ҳарчанд метавонад раванд баръакс шавад ва нархи саҳмияҳои харидаи шумо пойин биравад ва аз ин муомила зиён ҳам бинед.
Дар ҳар сурат, дар бисёри кишварҳои дунё чунин биржаҳо ба як маркази аслии фаъолиятҳои молӣ табдил ёфта, як муҳаррики дигари иқтисодҳо шудааст.
Мунъим Ҳасанов, иқтисоддон ва устоди Донишгоҳи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ мегӯяд, то ба ҳол дар Тоҷикистон бозори коғазҳои қимматнок вуҷуд надошт: «Агар дар Тоҷикистон бозори коғазҳои қимматнок таъсис ёбад, баъдан мешавад гуфт, ки Тоҷикистон пура ба низоми иқтисоди бозорӣ гузашт. Ин яке аз масъалаҳои муҳими гузариш ба ин низом аст. Вақте арзиши воқеъии саҳмияҳои ширкатҳои Тоҷикистон дар бозор таъйин мешавад, он вақт сармоягузорони хориҷӣ низ барои харидории ин саҳмияҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд. Ҳамин тариқ ба Тоҷикистон ҳар чӣ бештар сармояи хориҷӣ ворид мешавад.»
Ҷаноби Ҳасанов афзуд, ташкили чунин як биржа маънои онро надорад, ки тамоми коғазҳои қиматноки ширкатҳои саҳомии кишвар дарҳол бозоргир мешаванд. Дар ин бозор танҳо ҳамон ширкатҳое муваффақ мешаванд, рақобатпазиранд ва солро бо фоида ҷамъбаст мекунанд.
Дар Тоҷикистон то ба ҳол танҳо биржаҳои молӣ, назири биржаи пахта ва алюминий, ду маҳсулоти умдаи содиротии кишвар, вуҷуд дошт. Коршиносон мегӯянд, бинобар набуди бозори коғазҳои қиматбаҳо эътимоди мардум низ ба саҳмияву заём ва облигатсияҳое, ки аз сӯи давлат нашр мешаванд, зиёд набуд.
Танҳо пас аз нашру фурӯши саҳмияҳои НБО Роғун дар соли 2010 президент Эмомалӣ Раҳмон ба вазорати молияи Тоҷикистон дастур дода буд, ки дар кишвар бозори коғазҳои қиматбаҳоро таъсис бидиҳад.
Зимнан, ба бовари иқтисоддонҳо, агар Биржаи фондии Душанбе ба як биржаи воқеъӣ ва холис табдил ёфтад, қимати воқеъии имрӯзаи саҳмияҳои Роғунро ҳам метавонад муайян кунад. Феълан бисёри мардум ба ин саҳмияҳо ҳамчун ба як қоғази бекоре нигоҳ мекунанд ва худро як навъ «ғоратшуда» эҳсос мекунанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2010 бо фурӯши нимаиҷбории саҳмияҳои нирӯгоҳи сохтанашудаи Роғун аз мардум ва ширкатҳо ҳудуди 186 миллион доллар ба даст овард. Вале бо гузашти 3 сол аз он маърака, сохтмони Роғун ҳам аз ҷояш наҷунбидааст ва саҳмияҳояшдар сандуқҳои мардум ба истилоҳ чанг гирифта хоб рафтаанд.