Роҳҳои нави муҳоҷират. Чаро Узбекистон осон мепаймояд, Тоҷикистон не?

Муҳоҷирони корӣ дар Русия. Акс аз бойгонӣ

Дар пасманзари сахтгириҳои Русия, Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои нав барои фиристодани муҳоҷирони корист. Азиз Нуруллоев, коршиноси мустақил, мегӯяд, муваффақияти кишвар аз ҳарчи зудтар омода кардани мутахассисон вобаста аст. Касоне, ки ҷавобгӯйи талаботи кишварҳои мизбон бошанд.

Дар давоми ду ҳафта ҳукумати Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ ва Кувайт тафоҳумномаи ҳамкориро дар заминаи муҳоҷират имзо кард. Ҷузъиёти ҳуҷҷат бо Кувайт то ҳол маълум нест, аммо аз соли оянда муҳоҷирони тоҷик ба Корея фиристода хоҳанд шуд. Барои рафтан ба ин кишвар Вазорати кору муҳоҷират талаб дорад, ки бояд дархосткунандагон дар марказҳои омӯзишии онҳо барои омӯхтани забон ва малакаҳои зарурӣ сабти ном шаванд.

Бозорҳои нав – талаботи нав

Азиз Нуруллоев, коршиноси мустақил мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон омода кардани мутахассисонро дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя бисёр дер шурӯъ карданд.

"Дар тӯли 30 сол давлат ба низомманд кардани ин соҳа машғул нашуд. Натиҷаи ин ҳузури ду миллион муҳоҷир дар Русия шуд, ки бештари онҳо ба корҳои камдаромад машғуланд. Узбекистон, ки таҳсилоти касбӣ-техникияш дар вазъияти хубтар қарор дорад, дар пайдо кардани масирҳои нави муҳоҷират ва ҷалби сармоя роҳи осонтареро мепаймояд," – шарҳ дод ӯ.

Таҳқиқоти Бонки Осиёии Рушд (соли 2021) дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ гуфтаҳои коршиносро тасдиқ мекунад. Тибқи ин таҳқиқот, низоми таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар Тоҷикистон дар омода кардан, мудирият ва маблағгузорӣ ниёз ба беҳбудӣ дорад, то ба талаботи бозори кор мувофиқат кунад.

Ба фарқ аз Қазоқистон ва Узбекистон, давлати Тоҷикистон низоми дастгирӣ ва ҳамкорӣ бо корфармоён надорад. Муаллифон ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, ки барномаи таълимро нав карда, бо арсаи тиҷорат ҳамкориро ба роҳ монанд ва аз тариқи фосилавӣ маҳоратҳои рақамӣ ва интихоби касбро рушд диҳанд.

“Пешравӣ ҳаст”?

Раҳмон Улмасов

Раҳмон Улмасов, коршиноси умури муҳоҷират, таъкид мекунад, ки омода кардани мутахассисони техникӣ дар Тоҷикистон натиҷа медиҳад: “Мо 63 Омӯзишгоҳ дорем, ки мутахассис омода мекунанд. Ҳукумат дар амри фиристодани одамон ба марказҳои омодагӣ дар ноҳияҳои гуногун тасмимҳои қотеъона мегирад. Аллакай 6 ҳазор ба хориҷа, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ фиристода шудаанд. Ин ҳам кам аст. Бояд марказҳои бештар бунёд шаванд, то барои фиристодан нерӯи корӣ мутахассис омода кунанд,” -- мегӯяд Улмасов.

Дар сомонаи Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ феҳристи литсейҳои касбӣ ва ихтисосҳо нашр шудааст. Илова бар ин, Маркази таълими калонсолон низ дар назди Оҷонси меҳнат ва шуғли аҳолӣ фаъол аст, ки барои хоҳишмандон омӯзиши касбҳои гуногун ва забон пешниҳод мекунад. Аммо баҳогузории талабот ба чунин хизматрасониҳои давлатӣ ва сатҳи маҳбубияти онҳо дар миёни мардум ҳанӯз душвор аст.

Кумитаи махсус чӣ кор мекунад?

Моҳи сентябри соли 2023 бо қарори ҳукумат Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъсис шуд. Ин ниҳод кори муассисаҳои таҳсилоти ибтиодӣ ва миёнаи касбиро назорат карда, фаъолияти онро беҳбуд мебахшад. Фарҳод Раҳимӣ, президенти собиқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, сардори он таъйин шуд.

Раҳимӣ дар суҳбат бо хабаргузории расмии "Ховар" гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир қариб 20 дарсади хатмкардагони коллеҷҳо бо кор таъмин мешаванд. Аз ин рӯ, вазифаи онҳо омӯхтани бозори кор ва эҷоди ихтисосҳои нав аст, ки ба воқеъиятҳои нав мутобиқ бошанд.

Фарҳод Раҳимӣ

"Тибқи радабандӣ ва омор, коллеҷҳои тиббӣ дар ҷойи аввал қарор доранд. Барои мисол онҷо 80% духтарон барои омӯзиш мераванд. Боқимонда – касбҳои техникӣ. Ихтисосҳои технологӣ аз маҳбубияти зиёд бархурдор нестанд. Барои ҷалб кардани таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои техникӣ кушодани ихтисосҳои муосир, аз ҷумла омӯзиши ҳуши сунъӣ, нерӯи «сабз», иқтисоди «сабз», сарчашмаҳои алтернативии энергия» дар назар аст, ки ҷавонон тавонанд технологияҳои иттилоотиро омӯзанд …", - гуфтааст Раҳимӣ. Ба гуфтаи вай, барои рушд додани ин самт Тоҷикистон ба таҷрибаи Олмон ва Беларус такя мекунад.

Таъкид бояд кард, ки дар ин кишварҳо донишомӯзон дар қисмати аввал назарияро фаро мегиранд ва баъдан вориди қисмати таҷрибавӣ дар корхонаҳо мешаванд.

Дар Тоҷикистон 65 литсейи касбӣ-техникӣ ҳаст. Ғайр аз ин, 90 ҳазор донишомӯз дар 88 коллеҷи хусусӣ ва давлатӣ пазируфта шудааст. Дар литсейҳо 14 самт иборат аз 135 ихтисос ва дар коллеҷҳо 10 самт аз рӯи 209 ихтисос омӯзонида мешаванд. Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ, теъододи донишомӯзон дар оянда бештар хоҳад шуд.