Нашри феҳрасти рафиқони "сарватманди" Путин

Владимир Путин ва Алишер Усмонов, яке аз афроди сарватмандтарини Русия.

Вазорати молияи Амрико феҳрасти деринтизори гурӯҳе аз чеҳраҳои сиёсӣ ва афроди сарватманди Русияро нашр кард, ки бо раиси ҷумҳур Владимир Путин иртибот доранд ва мумкин аст, дар оянда таҳти таҳримоти Амрико қарор бигиранд.

Феҳрасти бо номи “Гузориши Кремл”, шаби 30-уми январ ба вақти Амрико нашр шуд ва дар он номи 114 чеҳраҳои сиёсӣ ва 96 фарди сарватмандеро овардаанд, ки ба гуфтаи мақомоти Амрико ба сабаби наздикӣ бо Путин сарват ва ё қудрат ба даст овардаанд.

http://prod-upp-image-read.ft.com/40911a30-057c-11e8-9650-9c0ad2d7c5b5

Гузоришро ғайрирасмӣ “Феҳрасти Путин” номидаанд. Дар он номи Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, 31 вазири ҳукумат, Дмитрий Медведев, нахуствазир, Сергей Лавров, вазири умури хориҷӣ ва дигар мақомоти баландпояи идораҳои истихборотии Русия низ ҷой дода шудааст.

Мудирони ширкатҳо ва бонкҳои бузурги давлатӣ ба мисли Роснефт ва Сбербанк, афроди сарватманди маъруф, Роман Абрамович, Алишер Усмонов, Михайил Прохоров, Олег Дерипаска ва Евгений Касперски, муассиси Озмоишгоҳи Касперски, ширкати офарандаи антивирусҳо аз шумори афроди дигаре ҳастанд, ки дар феҳраст шомил шудаанд.

Вале ҳукумати Амрико ба Конгресс гуфтааст, ки айни замон таҳримоти наве ба зидди Русия эъмол карданӣ нест. Гузоришро рӯзи 29-уми январ бар асоси Санади муқовимати Амрико ба зидди рақибон аз тариқи таҳримот ба Конгресс пешниҳод карданд.

Доналд Трамп, ин санадро моҳи август, бар хилофи майли худ имзо кард ва онро ҳарду палатаи порлумони Амрико тасвиб карданд. Санади мазкур дар посух ба дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар соли 2016 қабул карданд.

Дмитрий Песков

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл рӯзи 29-уми январ Амрикоро ба он муттаҳам кард, ки мехоҳад, бо нашри ин феҳраст ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия дар моҳи март таъсир гузорад. Интизор меравад, ки Владимир Путин дар интихоботи рӯзи 18-уми март пирӯз мешавад.

“Ба эътиқоди мо, ин як талоши ошкор ва возеҳ барои таъсир гузоштан ба интихобот аст” – гуфт, Дмитрий Песков.

Аз ин пештар дар рӯзи 29-уми январ вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, ки агар Иёлоти Муттаҳида ба зидди Русия таҳримоти нав эъмол кунад, он ҳам ба “зидди ширкатҳои ғайрирусӣ хоҳад буд, ки бо ниҳодҳои дифоӣ ва амниятии Русия муомилоти чашмгир доранд.”

Ҳезер Ноэрт, сухангӯи вазорат гуфт, ки қонуни соли 2017 дар Амрико аз муомилаҳои чандмиллиардолларии дифоӣ бо Русия пешгирӣ мекунад ва агар ин қонун кор мекунад, “таҳримоти нав ба зидди таъсисоту афроди алоҳида зарур нест.”

Қабули Санади муқовимати Амрико ба зидди рақибон аз тариқи таҳримотро як имтиҳоне барои Доналд Трамп медонистанд, кӣ то чӣ ҳад моил аст, ба зидди Русия иқдом кунад. Конгресс аз ҳукумати Трамп хоста буд, ки то рӯзи 29-уми январ бар асоси санад гузоришро нашр кунад.

Доналд Трамп, онро қабл аз имзо як санади “ноқис” номида буд.

Ҳезер Ноерт рӯзи 29-уми январ гуфт: “Мо онгуна ки Конгресс мехоҳад, ин санадро барои фишор ба Русия истифода мекунем, то ба нигарониҳои мо дар робита ба таҷовузаш ба Украина, дахолат ба умури кишварҳои дигар ва нақзи ҳуқуқи инсон расидагӣ кунад.”

Ҳезер Ноерт таъйид кард, ки вазорати умури хориҷӣ ва молия мустақиман бо кумитаи марбутаи конгресс дар бораи санади Санади муқовимати Амрико ба зидди рақибон аз тариқи таҳримот муколама доштаанд ва вакилону мақомотро аз пешрафти ҳукумат дар иҷрои он дар ҷараён гузоштаанд.