"Ду моҳ монд." Тафтиши номи 120 ҳазор муҳоҷири "зери назорат"

Санҷишу боздошт ва ихроҷи муҳоҷирон пас аз ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳол" дар Маскав (марти 2024) бештар шуд

Муҳлатеро, ки ба 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик барои ислоҳи камбудҳо ва пешгирӣ аз ихроҷу муҷозот шуданашон дар Русия додаанд, тақрибан ба поён мерасад. На ҳамаи муҳоҷирон дар бораи тафтиши номи худ ва роҳҳои берун овардани он аз рӯйхати "шахсони зери назорат" огоҳии кофӣ доранд.

Чӣ гуна номро санҷем?

Наврӯз, муҳоҷири тоҷик дар Русия, мегӯяд, номи бародарашро дар рӯйхат ёфтанд, вале қадами баъдиро намедонанд.

"Ба куҷо муроҷиат кунем, то номашро аз онҷо гиранд? Бародарам гуфт, як рӯз на аз роҳи зеризаминӣ, балки аз роҳи мошингузар ба тарафи дигари кӯча гузаштааст. Эҳтимол ҳамин боис шудааст, номашро ба руйхат ворид кунанд. Мегӯяд, кори дигари ғайриқонунӣ накардааст,” – афзуд ӯ.

Мирқурбон Наимов, як намояндаи Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, тарзи дуруст ва осони санҷидани номро шарҳ дод: “Вориди саҳифаи Вазорати меҳнат дар Телеграм мешавед. Минтақаи худро интихоб мекунед. Масалан, Хатлон, Суғд, Бадахшон, Душанбе ё ноҳияҳои тобеи марказ. Санаи таваллуди худро менависед, агар ном дар рӯйхат бошад, мебарояд.”

Вай афзуд, то ҳол зиёда аз 60 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон номи худро аз ин тариқ санҷидаанд. Ин намояндаи вазорат дақиқ посух надод, ки чанде аз онҳо тавонистаанд номи худро аз рӯйхати “шахсони зери назорат” дар Русия бароранд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар рӯйхати сиёҳи муҳоҷирон ҳастам ё не?

Агар исматон ҳаст…

Баъд аз шарҳи ӯ, мо таҷриба кардем. Санҷиши ном дар “рӯйхати шахсони таҳти назорат” камтар аз як дақиқа вақт мегирад. Зарур нест, ному насаби худро нависед, чун танҳо зикри рӯз, моҳ ва санаи таваллуд пешбинӣ шудааст ва ин сабаб ҳам дорад.

Намояндаи Вазорати меҳнат гуфт, мақомоти Русия исми тоҷиконро метавонанд бо иштибоҳ, ба гунаи мисол, ба ҷои “ҷ” “ч” ё ба ҷои “қ”, “к” нависанд, бино бар ин, роҳи беҳтараш танҳо зикри санаи таваллуд аст.

Агар номи худро дар ин рӯйхат ёфтед, ба гуфтаи Мирқурбон Наимов, бояд ин корҳоро анҷом диҳед:

“Дар хориҷ аз Русия бошед, саҳифаи якум ва саҳифаи муҳри баромад аз Русияро сурат гирифта, ба Хадамоти муҳоҷират дар маҳалли худ пешниҳод кунед. Ин рӯйхат ба Вазорати корҳои дохилии Русия фиристода мешавад ва ном аз феҳристи “шахсони таҳти назорат” бароварда хоҳад шуд. Дар ин руйхат танҳо шахсоне бояд бошанд, ки ғайриқонунӣ дар Русия ҳузур доранд. Агар имкони рафтан надоред, нусхаи шиносномаи худро ба воситаи admin@mehnat.tj ё info@migration.tj фиристед. Агар дар Русия ҳастед, ба намояндагии Вазорати меҳнат муроҷиат кунед.”

Интернет надоред?

Дар Вазорати кору муҳоҷират гуфтанд, шахсоне, ки ба Интернет дастрасӣ надоранд ё аз тариқи он наметавонанд исми худро санҷанд, ба намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муроҷиат кунанд. Санҷиши исми чунин афрод аз сӯи кормандони ин ниҳоди давлатӣ ройгон пешбинӣ шудааст.

Бар асоси санадҳои нав дар бораи иқомати хориҷиён, Вазорати корҳои дохилии Русия низоми махсуси ихроҷ ё депортатсияро ба роҳ мемонад ва “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-ро тартиб додааст. Он номи зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро дарбар мегирад.

Дар ин рӯйхат онҳое сабт шудаанд, ки дар қаламрави Русия ягон қонуншиканӣ кардаанд. Фарқ надорад, қарздорӣ аз пули телефон, напардохтани ҳаққи обу барқ, риоят накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳозир нашудан ба идораҳои давлатӣ бо вуҷуди даъватҳои батакрор ва ё қонуншиканҳои дигар.

Қаблан, Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон гуфта буд, ки шаҳрвандоне, ки дар ин рӯйхат ҳастанд, бояд то рӯзи 5-уми феврали соли 2025 ба мақомоти Русия муроҷиат кунанд ва агар мушкили қонуние дошта бошанд, ҳал намоянд ва ё умуман қаламрави Русияро тарк кунанд. Пас аз ин, якбора ба феҳрасти онҳое ворид мешаванд, ки дар сурати боздошт аз сӯи пулис, ба Тоҷикистон ронда хоҳанд шуд.

Феҳристи номи беш аз 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар ҳоле тартиб дода шудааст, ки пас аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав (марти 2024) вазъи корҷӯёни тоҷик дар Русия бадтар шуд.