Таҳаввулоти Димишқ пеш аз ҳама ҳамсояҳои Сурияро водор кард, ки чораҳои фаврӣ андешанд. Лубнон эълон кард, ки тамоми гузаргоҳҳои сарҳадии худро бо Сурия бастааст, ба ҷуз аз гузаргоҳе, ки Бейрутро бо Димишқ мепайвандад.
Артиши Исроил рӯзи 8-уми декабр гуфт, ки бо ҳадафи таъмини амнияти Баландиҳои Ҷулон нерӯҳояшро дар марзи шимолии худ бо Сурия ҷойгир кард.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар дод, ки ҳузури худро дар шарқи Сурия ҳифз мекунад ва барои пешгирӣ аз эҳёи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар минтақа чораҳои зарурӣ меандешад.
Анҷела Райнер, муовини сарвазири Бритониё, хоҳони "ҳалли сиёсӣ" дар Сурия шуд. Вазорати корҳои хориҷии Фаронса дар баёнияе гуфт, вақти он расидааст, ки дар Сурия ваҳдат ба вуҷуд омада, ҷанг поён ёбад ва гузариши сулҳомези сиёсӣ сурат бигирад.
Гейр Педерсен, фиристодаи вижаи Созмони Милал дар умури Сурия, таҳаввулоти охирро "нуқтаи атф дар таърихи Сурия" номид ва аз ҳама мусаллаҳон дар ин кишвар хост, ки тартиботи ҳуқуқиро риоя ва ниҳодҳои иҷтимоиро ҳифз кунанд.
Том Флетчер, раиси идораи ёриҳои башардӯстонаи Созмони Милал, дар бораи вазъи ногувори миллионҳо сурӣ (суриягӣ), ки бар асари тақрибан 14 сол ҷанги дохилии кишвар овора шуда буданд, ҳушдор дод.
Мақомоти Тоҷикистон дар бештар аз як ҳафтаи ҳамлаи шӯришиён дар Сурия, ки дар миёнашон зодагони ҷумҳурӣ низ ҳастанд, шарҳе надодааст. Мавқеи Душанбе ба вазъи Сурия пас аз суқути ҳукумати Башор Асад ҳам маълум нест.
Баъзе аз тоҷикон дар шабакаҳои иҷтимоӣ вазъро дар Сурия ба баҳс гирифта, ба тарафдорӣ аз вожгунии ҳукумати Башор Асад ва ё муқобили он назар додаанд. Нуктае, ки бисёре аз шарҳнависонро ба ҳам наздик кардааст, ҳукуматдории дурударози хонадони Асад дар Сурия аст. Чизе, ки дар Тоҷикистон беш аз сӣ сол боз таҷриба мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Саранҷоми ҳар истибдоде вайронист"
Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори маъруфи тоҷик дар Лондон, рӯзи 8-уми декабр дар Фейсбук навишт, ки "поёни ғамангези ҳукумати Башор Асад дар Сурия бояд дарси ибрате бошад барои фармонравоёни худкома ва мустабидди дигар."
"Башор Асад зарфи 24 сол бо мушти оҳанин Сурияро дар чанги худ дошт. Бо мадади Эрону Русия, албатта. Вориси падараш Ҳофиз Асад буд, ки 29 сол бар мардуми Сурия ҳукумат ва ситам кард. Зарфи 53 сол як хонавода як кишварро дар қабза дошт. Ва дақиқан ҳамин истибдод ва набуди интихоб боъису бонӣ ва решаи шӯришест, ки кишварро ошуфта карду саранҷом дудмони Асадро ҳам ба оташу дуд кашид. Саранҷоми ҳар истибдоде вайронист," -- афзуд ӯ.
Раҷабиён ибрози умед кардааст, ки "кош худкомаҳои дигар, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам "зи таҷрубаи рӯзгор баҳра бигиранд, ки баҳри дафъи ҳаводис ба кор ояд". Пояҳои истибдод ҳамеша сусту мутазалзил аст. Ва "чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд!"
Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, бовар дорад, ки фурӯ рехтани ҳукумати Асад, "пеш аз ҳама Путину Хоманаӣ ва диктаторони дигари Осиёи Марказиро, ки намояндагони барҷастаи диктатура ҳастанд, ба шикасти таърихӣ рӯ ба рӯ сохт."
"Бори каҷ ба манзил намерасад. Зулм дер давом намекунад," – навиштааст яке аз корбарон дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм. Корбари дигаре бо номи "Равшан" бовар дорад, ки "оқибати худро пешво сохтан ва зулму ситам бар сари мардум ҳамин аст."
Чанде аз шарҳнависон аз тарзи бархӯрди шӯришиён ва ояндаи Сурия ибрози нигаронӣ кардаанд.
Шӯришиён ба раҳбарии гурӯҳи "Таҳрир аш-Шом", ки Амрико ва кишварҳои дигар созмони террористӣ медонанд, рӯзи ҳаштуми декабр аз суқути давлати Башор Асад хабар доданд. Башор Асад соли 2000 ба қудрат расида буд. Пеш аз он, падараш Ҳофиз Асад, 29 сол бар ин кишвар раҳбарӣ кардааст.