Ширкати чинӣ дар Калифорния артиши Русияро таъмин мекунад?

Харков, 24-уми июни соли 2024

Бо вуҷуди талошҳои ҳампаймонҳои Украина барои пешгирӣ аз дастрас шудани васоили электронии истифодаашон дугона (ғайринизомӣ ва низомӣ) ба Русия, ҳамоно чунин маҳсулотро дар силоҳҳои ҷангии Маскав пайдо мекунанд.

Радио Свобода, бахши русии Радиои Озодӣ, маълум кард, ки дар ҷиҳози назорат ва боли бомбаҳои ҳавоии Русия ҳадди ақал як ҷузве истифода мешавад, ки онро корхонаи чинии воқеъ дар аёлати Калифорнияи Амрико таъмин мекунад. Маълум шудааст, ки ин корхона аз замони ҷанги васеъмиқёси Русия дар хоки Украина садҳо баста маҳсулоти электронии навтаринро интиқол додааст, ки метавонанд истифодаи дугона дошта бошанд. Бастаҳо ба ширкатҳои Русия, аз ҷумла ширкатҳои зери таҳрим, фиристода шудаанд.

Дар дохили бомбаи ҳавоие, ки дар хоки Украина таркидааст, ҳадди ақал як қисми эҳтиётиеро ошкор карданд, ки дар ҳамин корхона истеҳсол гардидааст. Ин маълумот аз манбаъҳои бози низомиёни украинӣ дастрас шуд. Бомбаҳое, ки бо чунин қисми эҳтиётӣ такмил шудаанд, то ҳол дар Бахмут ё Авдеевка барои ба хок яксон кардани ин шаҳрҳо истифода шудаанд.

Бахмут, апрели 2023

Манзур ширкати Yangzhou Yangjie Electronic Technology Company Limitedаст, ки қароргоҳаш дар вилояти Янчжоуи Чин дар наздикиҳои Шонгҳой мебошад. Як сол пеш саҳмияҳои ин ширкатро дар Швейтсария ба фурӯш бароварданд.

Радио Свобода бар асоси санҷиши маълумоти созмони ғайритиҷоратии C4ADS, ки дар Вашингтон қароргоҳ дорад, маълум намуд, ки аз моҳи феврали соли 2022 Yangzhou Yangjie Electronic Technology Company Limited ба Русия 238 дафъа бор фиристодааст. Дар дохили ин бор қисмҳои эҳтиётие ҷой доштанд, ки дар Иёлоти Муттаҳида онҳоро ба хотири истифодаашон дар системаҳои ҷангии русӣ “авлавиятнок” номидаанд.

Дар 17 маврид ин бор ба номи ширкати русие фиристода шудааст, ки мавриди таҳрими ИМА мебошад. Ин далел боис ба эҷоди нигарониҳое шуд, ки Русия бо вуҷуди таҳримҳо ҳамоно барои идомаи ҷанг ба фанновариҳои муҳим дастрасӣ дорад.

“Бародари бузург”

Дар давраи ҷанг равобити Чину Русия ҳам аз лиҳози стратегӣ ва ҳам иқтисодӣ наздиктар шуд. Пекин талош дорад, тавозунро нигоҳ дорад, ҳам бо Маскав робитаҳои хуб дошта бошад ва ҳам бо Амрико, ки шарики муҳими тиҷоратиаш ба шумор меравад.

Сӣ Ҷинпин, раисҷумҳури Чин (чап) бо Владимир Путин, президенти Русия. Қазон, октябри 2024

Вашингтон ва Иттиҳоди Аврупо зидди як қатор ширкатҳои чинӣ таҳрим ҷорӣ карданд, ки бо интиқоли фанновариҳои истифодаашон дугона машғул буда, барои артиши Русия мадад мекунанд. Таҳти фишори Ғарб, Чин дар моҳи октябр қоидаҳои нави назорати содиротро қабул кард, то дастрас шудани чунин маҳсулот ба Русия маҳдуд гардад.

Мақомоти ғарбӣ мегӯянд, фанновариҳои чинӣ ҳамоно барои тақвияти артиши Русия дар Украина нақши муҳим доранд. Аз маълумоти гумрукӣ бармеояд, ки ширкати Yangzhou Yangjie Electronic Technology Company Limited ба Русия диод ва транзисторҳои арзон интиқол медод, ки дорои қисмҳои эҳтиётии электронӣ мебошанд. Низомиёни украинӣ яке аз чунин диодҳоро дар ҷиҳози назорати ҳавоии навъи УМПК-и Русия ошкор карданд. Ин мавод идора ва раҳнамоии бомбаҳои ҳавоиро таъмин мекунад.

Ба ҷуз ин, Yangzhou Yangjie Electronic Technology Company Limited дастикам 173 бастаи фанновариҳои истифодаи дугонаро ба ширкати русии “Симметрон Электронние Компоненти” фиристодааст, ки моҳи майи соли 2023 мавриди таҳрими Амрико қарор гирифт. Таҳримҳо чун як чораи васеи кам кардани тавонмадиҳои ҷангии Русия дар хоки Украина ҷорӣ шуда буданд.

Вале маълум шуд, ки ҳатто баъд аз ҷорӣ кардани таҳримҳо таъминот идома кардааст ва дастикам се бастаи таҷҳизоти электронӣ моҳҳои август ва сентябри соли 2023 ба “Симметрон” фиристода шудааст.

Орзуҳои Калифорния

Ширкати Yangzhou Yangjie Electronic Technology Company Limited яке аз калонтарин истеҳсолкунандаҳои нимноқилҳо ва таҷҳизоти дигари электронӣ дар Чин ба шумор меравад. Бо 2,8 миллиард доллар сармоя он дар миёни ширкатҳои азимтарини ин соҳа дар ҷойи 15-ум қарор дорад.

Аз соли 2014 саҳмияҳои ширкат дар Бозори Шонгҳой ба фурӯш баромадааст ва аз соли гузашта ба биржаи Швейтсария роҳ ёфт. Ширкат дар Амрико муштарии Citibank буд, вале ин ниҳоди молӣ хидматрасониро бас кард. Замоне ки эҳтимоли вайрон кардани қонунҳои таҳрим аз тарафи ширкат ба миён омад.

Намояндаи Citibank дар посух ба номаи Радио Свобода дар бораи кори “Янгҷӣ Текнолоҷӣ” навишт: “Citi ҷиддан мутобиқ ба қонунҳои кишваре амал мекунад, ки дар он ҳузур дорад. Мо системаҳои назорати худро дорем, то ки иҷрои уҳдадориҳо, аз ҷумла таҳримҳоро таъмин кунанд”.

Соли 2015 “Янгҷӣ Текнолоҷӣ” ширкати амрикоии Micro Commercial Components (MCC)-ро харид, ки бо истеҳсоли нимноқилҳо машғул аст ва баъзе аз онҳо барои истифода дар фанновариҳои ҷангӣ ҳам ба кор мераванд. Қароргоҳи МСС дар Калифорния ҷойгир буда, марказҳои таҳқиқотии он дар Ҷопон, Чин ва Тайван қарор доранд.

МСС ҳам гуфт, ки мутобиқ ба қонунҳои Амрико амал мекунад ва нусхаи санадеро дар ихтиёри Радио Свобода гузошт, ки дар он сиёсати назорати маҳсулоти содиротӣ зикр шудааст. Масъулияти вайрон кардани ин санад пурра ба дӯши харидор вогузор шудааст. “Харидор вазифадор аст, ки ҳамаи қонунҳои вобаста ба харид, фурӯш ва содироти маҳсулотро риоя кунад”, -- гуфта шудааст дар санад.

Ҳуҷҷатҳое, ки созмони C4ADS таҳқиқ кардаву Радио Свобода бо маълумоти гумрук онҳоро санҷидааст, мегӯянд, ширкати “ВМ Компонентс” (зери унвони “Платан” кор мекунад) аз ширкати “Янгҷӣ Текнолоҷӣ” аз замони оғози ҷанг беш аз 30 дафъа бор гирифтааст. “ВМ Компонентс” маҳсулоти худро ба АО “Росэлектроника” интиқол медод ва ин ширкат аз моҳи июни соли 2022 таҳти таҳрими Амрикост.

Ширкати зертобеи “ВМ Компонентс” – ООО “Платан Электроникс” бо дигар ширкате бо номи ООО “Регион-Комплект” вобаста аст, ки ҳарду як соҳибмулк доранд. Дар сомонаи “Платан” он ҳамчун масъули “рушди шабакаи дилерӣ”-и ширкат ёд шудааст. Маълумоти харидҳои давлатӣ то соли 2017 баёнгари он аст, ки ин ширкат қисми низомии 34435-ро бо қисмҳои эҳтиётӣ таъмин мекард. Соли 2020 хабарнигорони Bellingcat, CNN, The Insider ва Der Spiegel маълум карданд, ки ин пажӯҳишгоҳи криминалистикаи ФСБ буда, кормандони ин муассиса талош кардаанд раҳбари мухолифон Алексей Навалнийро дар сафараш ба Сибир заҳролуд кунанд ва ҳам як дафъа дар вилояти Калининград талош карданд ӯро заҳролуд кунанд, вале ҳамсараш Юлия аз “Новичок” осеб дид.

Бино ба маълумоти гумрукие, ки C4ADS ва Радио Свобода омӯхтанд, маълум нест, ки оё қисмҳои эҳтиётии истеҳсоли “Янгчӣ Текнолоҷӣ” ба воситаи ширкати “ВМ Компонентс” ба дасти ФСБ афтодааст ё на. Дар ин ширкат ба муроҷиати Радио Свобода ҳеч посух надоданд. На ширкати “ВМ Компонентс” ва на ширкатҳои зертобеи он “Платан” ва “Регион-Комплект” дар феҳристи таҳримҳои ИМА ё Иттиҳоди Аврупо ворид нашудаанд.