Собиқ корманди додгоҳи Фирдавсӣ ҳангоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд

Амалиёти боздошти Амриддин Шоев, писари муовини раиси ноҳияи Шӯрообод рӯзи шанбе, 2 феврал сурат гирифт.
Алайҳи Амриддин Шоев парвандаи ҷиноӣ боз ва таҳқиқ шурӯъ шудааст.


Як манбаъи мӯътамади радиои Озодӣ дар мақомоти интизоии минтақаи Кӯлоб 4 январ ба радиои Озодӣ гуфт, ки Амриддин Шоев, котиби додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҷараёни як малиёти кормандони амниятӣ дар маҳалли «Саричашма»-и ноҳияи Шуробод бо 50 килограмм маводи мухаддир боздошт шудааст. Амалиёти боздошти Амриддин Шоев рӯзи шанбе, 2 феврал сурат гирифтааст ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ин хабарро дар Шӯъбаи
минтақавии амнияти ноҳияи Шӯрообод ҳам тасдиқ карданд.

Дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба радиои Озодӣ яке аз додрасҳо, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, гуфт, Амриддин Шоев “чанд рӯз пеш аз вазифааш барканор карда шуд ва феълан дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ кор намекунад”. Ҳамсӯҳбати мо аз шарҳи бештар дар бораи сабаби барканории Амриддин Шоев худдорӣ кард. Тибқи иттилои Озодӣ, А.Шоев дар вазифаи котиби додгоҳ кор мекардааст. Ҳанӯз маълум нест, ки оё барканории А.Шоев аз мақоми котиби додгоҳ бо иттиҳоми эҳтимолии ӯ дар қочоқи маводи мухаддир иртибот дорад ё на.

Амриддин Шоев писари муовини раиси ноҳияи Шӯробод Шоислом Шоев будааст. Дар тамоси телефонӣ худи Шоислом Шоев ба мо гуфт, ки аз ин ҳодиса “аслан хабар надорад ва чизе намедонад” ва сӯҳбатро қатъ кард.


Шӯъбаи минтақавии амниятии ноҳияи Шуробод мегӯяд, ки то анҷоми пурраи парвандаи Амриддин Шоев аз шарҳи бештари қазияи бо эҳтимоли қочоқи маводи мухаддир дастгир шудани кормнади собиқи додгоҳи ноҳияи Фирдавси пойтахт худдорӣ мекунад. Масъулини ин шӯъба ҳамчунин гуфтанд, ки феълан дар бораи равобити эҳтимолии Шоев бо афроди дигар чизе гуфта наметавонад.

Радиои Озодӣ