Абдуқаюм Юсуфов, узви Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон, аз вакилони дифоъ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар даъват кардааст, ки рӯзи 8-уми декабр барои муштариён хидмати бепули ҳуқуқӣ расонанд. Даъвати Юсуфов рӯзи панҷшанбе тавассути Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд.
Созмони мо утоқҳои алоҳида дорад, ки ба корафтодагон хидмати бепул расонда, дар баҳсҳои додгоҳӣ бо адвокат таъмин мекунад.
Бархе аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ин пешниҳодро пазируфта, изҳори омодагӣ намуданд, ки 8-уми декабр хидмати ройгон ё бепули ҳуқуқӣ хоҳанд расонд. Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифои шинохта, рӯзи 7-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аслан шикояту даъво ва муроҷиатҳо ба ҳуқуқдонҳову вакилони дифои мустақил аз ҷониби қишри нодор ва осебпазир сурат мегирад ва як рӯз кумаки бепули ҳуқуқӣ барои мардуми кишвар иқдоми башардӯстона хоҳад буд.
Суҳбати видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шоира Давлатова, раиси созмони "Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон" ба Радиои Озодӣ гуфт, аз иқдоми вакили мудофеъ Абдуқаюм Юсуфов пуштибонӣ мекунад. Ӯ гуфт, ҳуқуқшиносони Эътилофи зидди шиканҷа рӯзи 8-уми декабр ба ниёзмандоне, ки муроҷиат мекунанд, ройгон машварати ҳуқуқӣ хоҳанд дод. "Албатта, ин иқдом барои мо таҷрибаи нав нест. Созмони мо утоқҳои алоҳида дорад, ки ба корафтодагон хидмати бепул расонда, дар баҳсҳои додгоҳӣ бо адвокат таъмин мекунад. Ҳар қадар ба мардум ёрии ройгони ҳуқуқӣ расонда шавад, эътибори ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамон андоза боло меравад”, - афзуд Давлатова.
Ба гуфтаи Абдуқаюм Юсуфов, фаъолияти якрӯзаи вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон метавонад тақрибан 50 сомонӣ арзиш дошта бошад. Вай гуфт, агар дар ин рӯз ҳар ҳуқуқшинос тавонанд ҳадди ақал ба ду корафтода кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонад, беш аз як ҳазор нафар имкон доранд, аз ин ёрӣ бархӯрдор шаванд.
Баъд аз қабули қонуни баҳсбарангез "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ", ки ду сол пеш аз сӯи порлумон қабул шуд, комиссияи махсус аз 1200 вакили мудофеъ танҳо ба 655 ҳуқуқшинос расман иҷозати кор дод. Дар натиҷаи ин тасмим, бисёре аз ҳуқуқшиносони варзида ва онҳое, ки дар қазияҳои ҳассоси сиёсӣ вакилӣ кардаанд, аз ҳаққи фаъолият маҳрум шуданд. Чанд вакили дифои мустақил, ки бо қазияҳои ҳассоси сиёсӣ машғул буданд, аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Шӯҳрат Қудратов пушти панҷара рафтанд.
Созмони Афви Байналмилал дар гузориши худ аз рӯзи 24-уми майи имсол навишт, фишор болои адвокатҳо дар Тоҷикистон дар ду соли ахир афзоиш ёфтааст. Ба иттилои ин созмон, дар пайи ислоҳи Қонун "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" фаъолияти вакилони мудофеъ таҳти назорати Вазорати адлия гирифта шуд.
Тавре вакилони мудофеъ нақл мекунанд, мушкили умдаи онҳо дар фаъолияти адвокатӣ номустақилии додгоҳҳо дар баҳсҳост. Дар чунин шароит ҳам вакилони дорои ҳаққи кор талош мекунанд, рисолатҳои худро иҷро кунанд.
Яке аз онҳо Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аст, ба ҳайси вакили дифоъ низ кор мекунад. Ӯ гуфт, дар таҷрибаи кории худ бо қазияҳои зиёде дучор шудааст, ки зарурати кумаки ройгони ҳуқуқиро дар миён мегузорад.
"Ҳар ҳуқуқшинос мувофиқи иродаву виҷдони касбии худ амал мекунад ва медонад, ки бисёриҳо барои расидан ба ҳақиқат фақат пул надоранд, ки вакили дифои хубе бигиранд. Ман дар таҷрубаи адвокатии худ ба ҳар корафтода як рӯз хидмати бепул анҷом медиҳам. Албатта, пешниҳоди Юсуфов хуб аст, вале ҳадди ақал ҳар ҳафта як дафъа ё ҳар моҳ як бор кумаки ройгони ҳуқуқӣ дода шавад, беҳтар аст", - афзуд ӯ.
Як рӯз кумаки ҳуқуқии бепул дар Тоҷикистон дар остонаи таҷлил аз рӯзи ҷаҳонии дифоъ аз ҳуқуқи инсон сурат мегирад. Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон ҳар сол 10-уми декабр таҷлил мешавад.