Аз мактаб – ба артиш. “Омӯзгорро “облава” карданд”

Фирӯз Бобиев, омӯзгори 22-сола ва донишҷӯи соли чаҳоруми бахши ғоибона дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, рӯзи 26 апрел, вақте дар мактаби рақами 57-и ноҳияи Восеъ ба хонандагон дарс мегуфт, аз сӯи намояндагони комиссариати ҳарбии ноҳия “ба таври иҷборӣ” ба хидмати ҳарбӣ фиристода шудааст. Наздикони Фирӯз рӯзи 29 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “онҳо галстук ва телефону бӯрро аз дасташ гирифта, рӯйи мизи корӣ мондаанд ва худашро бурдаанд.”

Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон дониста мешавад.

Насрулло Бобиев, бародари Фирӯз, гуфт, “вай як сол боз дар мактаби 57 ба ҳайси муаллими забон ва адабиёт кор мекард. Ба Фирӯз барои хидмат дар артиш ягон даъватнома наомада буд.” Ба қавли Насрулло Бобиев, Фирӯзро ба шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол додаанд ва ӯ рӯзи ҷумъа бо додараш дидор кардааст. “Сараш аллакай тарошида шудааст. Ӯ аслан мехонд, кор мекард ва падари нобиноямро дар деҳа нигоҳубин мекард”, - афзуд ӯ.

Озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат гуфта мешавад

Муаллимро аз пеши чашми роҳбари мактаб ба хидмат бурдаанд. Зокир Ҷобиров, мудири мактаби рақами 57 дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Восеъ мегӯяд, омадани намояндагони комиссариати ҳарбӣ барояш ногаҳонӣ буд. Вай гуфт, ин муассисаи таълимӣ ба муаллими забон ва адабиёт ниёз дошт ва дар пайи дархости онҳо ба мақомот, муаллими ҷавон ба кор омада буд.

“Онҳо гуфтанд, ки Фирӯз бояд пеш аз пеш дар ҷамоат ва ҳукумат ҳуҷҷатҳои худро дар бораи донишҷӯ ва омӯзгор буданаш мефиристод. Инчунин гуфтанд, ки бо онҳо якҷоя равад ва ҳуҷҷатҳояшро санҷида ҷавобаш медиҳанд. Ман ҳам як маълумотнома навишта додам, ки муаллим аст ва як сол боз кор мекунад”, - гуфт Зокир Ҷобиров.

Наздикону ҳамкорони Фирӯз Бобоиев мегӯянд, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ӯро ҳангоми дарс бо худ бурдаанд

Аз мактаб ва аз ҷараёни дарс ба хизмат бурдани муаллими ҷавон дар Восеъ дар ҳолест, ки Маҳмадхон Орифов, раиси ҷамоати Мирали Маҳмадалӣ мегӯяд, онҳо аллакай нақшаи даъвати ин ҷамоатро пурра иҷро карда буданд. Маҳмадхон Орифов гуфт, онҳо шахсиятҳои фаъоли ҷомеа махсусан омӯзгоронро дастгирӣ мекунанд ва дар навбати аввал ҷавонони бекорро ба хидмат ҷалб мекунанд.

Вай дар мавриди қазияи Фирӯз Бобиев гуфт, “талош кардем, ки ӯ дар мактаб бимонад, аммо нашуд. Ин ҷавонон дар таълиму тарбия саҳмгузоранд ва мо ҳамеша таъкид мекунем, ки ҷавонони бекор бояд ба хидмат ҷалб шаванд. Фирӯз дар тамоми чорабиниҳо ҳам саҳми худро мегузошт.”

Ба анҷоми мавсими даъвати баҳорӣ ба артиш расо 1 моҳи дигар мондааст. Бо онки мақомот вуҷуди облаваро рад мекунанду аз афзоиши ихтиёран ба хидмат рафтани ҷавонон хабар медиҳанд, зангҳои телефониву муроҷиатҳо дар мавриди иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон аз роҳу хона ва коргоҳ зиёд мешавад. Рӯзи 26 апрел як ҷавони дигар аз Душанбе аз дохили мусофирбар ба хидмат бурда шудааст. Ӯ ба фарқ аз омӯзгори ҷавон, ки эҳтимол ду сол аз мактабу хонандаҳо дур ва дар артиш хидмат хоҳад кард, ба далели вазъи сиҳатӣ аз хидмат озод шудааст.

Азим Иброҳим

Ин ҷавон худро Абдумалик муаррифӣ кард ва гуфт, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе таҳсил мекардааст. Абдумалик мегӯяд, вақте ӯро аз мусофирбар аз байни одамон берун оварда бо худ ба комиссариати ҳарбӣ бурданӣ шуданд, ӯ билети донишҷӯиашро нишон дод, аммо онҳо ба ин таваҷҷӯҳ накардаанд. Танҳо баъди ду дафъа аз ташхис гузаронидану тасдиқи бемории Абдумалик ӯро ҷавоб додаанд.

Бар асоси фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавсими даъвати баҳории соли ҷорӣ ҷавонони соли таваллудашон 1990-1999 ба хидмат дар артиши кишвар ҷалб карда мешаванд.

Қаблан Азим Иброҳим – муовини нахуствазири Тоҷикистон – аз масъулони комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои кишвар тақозо карда буд, ки дар мавсими баҳории даъват ба артиш ба “облава” ё сафарбаркунии иҷборӣ роҳ надиҳанд. Дар Тоҷикистон масъалаи даъват ба артиш, масъалаи ба истилоҳ ҷанҷолӣ аст, чун теъдоде аз ҷавонон аз хидмат дар сафи артиш худдорӣ мекунанд.

Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон дониста мешавад.