Меҳмонони баландпоя роҳи сайёҳонро ба Тоҷикистон бастанд?

Акс аз бойгонӣ.

Мизбонии як нишасти байналмилалӣ дар Душанбе зоҳиран барои Тоҷикистон, ки муштоқи омадани сайёҳони хориҷӣ аст гарон афтод.

Аз як тараф вазорати умури хориҷӣ ба саёҳоне, ки аз моҳи апрел ба ин тараф дархости раводиди электронӣ додаанд, бепосух гузоштаанд, аз тарафи дигар баъзе меҳмонхонаҳо, сайёҳонро ба истилоҳ «дар кӯча мондаанд.»

Баъзе аз пажӯҳишгарон ва сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон рафтуо мекунанд, дар Твиттер навиштаанд, ки вазорати умури хориҷӣ аризаҳои саёҳон барои сафар ба Тоҷикистонро мепазирад, аз 50 то 70 доллар мегирад, вале дархостҳояшонро беҷавоб мегузорад. Аз ҷумла Кристиан Блюер, пажӯҳишгар аз Канада навиштааст: «Тоҷикистон аризаҳои электронӣ барои визаи сайёҳиро қабул мекунад, аз 50 то 70 доллари шуморо мегирад, вале раводид намедиҳад. Дар ду ҳафтаи гузашта бо бисёре аз дархосткунандагони раводид чунин иттифоқ афтодааст.»

Кристиан Блюер зоҳиран бо киноя навиштааст, «Маъракаи рушди туризм ба осонӣ ва бо муваффақият пеш меравад.» Чандин нафари дигар зери шикояти Кристиан Блюер шарҳ гузошта ва аз ҷумла гуфтаанд, ки дар ду моҳи гузашта шӯъбаи консулгарии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз хоҳишмандони сафар санадҳои иловагӣ талаб мекунад. Нафаре бо номи Иветта Бордел навиштааст, «Дар ду моҳи гузашта аз муроҷиаткунандагони билети ҳавопаймо, ҳадафи сафар ва ҷойи иқоматро талаб мекунанд.» Иветта Бордел ҳамчунин гуфтааст, ки дар бораи чунин дархостҳои ғайриоддӣ аз моҳи апрел аз як рафиқаш шунидааст, ки ба бурдани сайёҳон ба Тоҷикистон машғул аст.

Як нафари дигар бо номи Надим навиштааст, ки ин кори вазорати умури хориҷии Тоҷикистон “бисёр маъюскунанда аст ва ман бояд то замони ҳалли масъала сафарамро ба таъхир андозам.” Тоҷикистон бо ҳадафи ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва рушди соҳа аз соли 2016 низоми судури раводиди электрониро ба роҳ андохт. Вазорати умури хориҷӣ гуфт, раводиди электронӣ ва ё “e Visa” имкон медиҳад, “раванди гирифтани раводиди Тоҷикистон содда гардад, шумораи сайёҳонро ба Тоҷикистон зиёд шавад ва расмиёти раводидро барои тоҷирон содда мекунад.

Озода Раҳмон, ҳоло раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва дар он замон муовини вазири умури хориҷӣ гуфт,бартарии дигари раводиди электронӣ, “бо муҳайё кардани шароити содда барои сайёҳон, иштирокчиёни ҳамоишҳо ва шахсоне, ки ба Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани гуфтушунидҳои корӣ сафар мекунанд, алоқамандӣ дорад».

Вазорати умури хориҷӣ ҳанӯз таъхир дар судури раводид барои сайёҳони хориҷӣ ва дархости санадҳои иловагӣ ба онро шарҳ надодааст, ҳарчанд дипломатҳои тоҷики муқими Аврупо мегӯянд, мумкин аст, чунин кор ба сабаби мизбонии Нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бошад, ки рӯзи 15-уми июн ба поён расид. Ба гуфтаи онҳо, ҳузури меҳмонони зиёд аз ҷумла мизбонии раҳбарони тақрибан 27 кишвар сабаби андешидани тадобири изофии амниятӣ ва аз ҷумла эҳтиёткорӣ дар судури раводид ба хориҷиён шудааст.

Раводид гирифтанд, аммо меҳмонхона наёфтанд

Аммо мушкили дигаре, ки дар рӯзҳои мизбонии нишасти байналмилалӣ сайёҳон дучор омаданд, мушкили истиқомат буд. Баъзе аз меҳмонхонаҳо дар Душанбе, бо вуҷуди аз пеш киро кардани утоқ, ба чанде аз сайёҳон гуфтаанд, ки онҳоро қабул карда наметавонанд.

Марлӣ Бурнс, намояндаи ширкати Silk Road Adventures дар гурӯҳи Душанбе-экспатс навиштааст, ки барои гурӯҳе аз сайёҳон дар меҳмонхонаи панҷситораӣ ҷой гирифта буд, аммо ба онҳо гуфтаанд, ки ба сабаби нишасти байналмилалӣ дигар ҷой барои сайёҳон надоранд. “Баъди он мо дар меҳмонхонаи сеситораӣ ҷой гирифтем, аммо онро ҳам лағв карданд.”

https://www.facebook.com/groups/201937563243222/permalink/1907107362726225/

Баъди муроҷиати Марлӣ Бурнс барои кӯмак, даҳҳо нафар ба онҳо пешниҳоди меҳмонхонаи дигар, ё хона кардаанд. Айни мушкилро дигар ширкатҳои сайёҳие доштаанд, ки дар рӯзҳои мизбонии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бошад дар Душанбе рӯ ба рӯ шудаанд.

Зимнан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15-уми июн дар нишасти мазкур ваъда дод, ки ”Тоҷикистон дар давраи садорати худ ба пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ.. мусоидат хоҳад кард.” Тоҷикистон соли 2018 – ро соли рушди сайёҳӣ эълон кард ва мақомот гуфтанд, ки дар он сол бештар аз 900 ҳазор ба Тоҷикистон омадааст. Ба гуфтаи мақомот онҳо қасд доранд, теъдоди меҳмононро аз 1 миллион нафар бештар кунанд.