Даъвати сарвазири Украина, Арсений Ятсенюк ба узвияти кишвараш дар Паймони Атлантики Шимолӣ ё НАТО дар ҳоле садо медиҳад, ки нерӯҳои давлати украин панҷ моҳ ба ин сӯ даргири низои мусаллаҳона бо ҷудоихоҳони рӯ ба Русияанд. Ин даъват, ки хашми Русияро хоҳад овард, замоне метавонад воқеият пайдо кунад, ки порлумони Украина мақоми кишварро ҳамчун кишвари ҳамроҳнашуда ба ҳеч яке аз эътилофҳо беэътибор намояд.
Ба ақидаи Ятсенюк, ин талош барои он муҳим аст, ки Украина тавонад дар оянда узвияти Иттиҳоди Аврупоро ба даст орад. Вале барои ин порлумон ҳамчунин бояд қарор кунад, ки Украина наметавонад узви ягон эътилоф ё созмони дигар бошад. Иттифоқан, бӯҳрони Украина низ аз ҳаракати Киев ба тарафи Иттиҳоди Аврупо оғоз ёфта буд. Раисиҷумҳури пешини Украина Виктор Янукович ибтидо ба ин наздикӣ ризоият дод, вале пас аз ваъдаҳои Маскав аз имзои чуни созишнома даст кашид. Тазоҳуроти норозиён дар ин замина ба хунрезӣ ва барканории ҳукумат сабаб гашт. Баъд аз он Русия Қримро ишғол намуд ва акнун ҷанг дар вилоятҳои шарқии Украина, ки бахши умдаи аҳолии онҳо майл ба Русия дорад, ба авҷ расидаанд.
Дар паёме ба «пайкорҷӯёни Новороссия» раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин аз онҳо хост, бо асирони ҳарбӣ бархӯрди башардӯстона дошта бошанд ва онҳоро ба шарти бозгашташон ба назди назди фарзанд раҳо кунанд.
Дар ин паём, ки шаби 28 ва 29-уми август дар торнамои Кремл нашр шуд, омадааст, ки «пайкорҷӯён ба муваффақиятҳои ҷиддӣ ноил шуданд ва тавонистанд, амалиёти ҳарбии Киевро, ки барои аҳолии Донбасс хатари марговар дошт ва аллакай ба талафоти бузурге дар миёни аҳолии осоишта сабаб гашт, қатъ намоянд».
Путин мегӯяд, дар натиҷаи амалиёти пайкорҷӯён шумораи бузурги низомиёни украин ба муҳосира афтод. Ба ақидаи раисиҷумҳури Русия, ин низомиён ғайри иродаи худ дар амалиёт ширкат доранд ва бояд барои онҳо «коридори башарӣ» боз шавад, то талафоти ҷонии бештар иттифоқ наафтад ва онҳо тавонанд ба назди хонаводаҳои худ баргарданд. Раҳбари Русия ҳамчунин аз пайкорҷӯён хостааст, ки ба ин «асирон» кӯмаки тиббӣ расонида шавад.
Раҳбари ҷудоихоҳони Донетск Александр Захарченко дар як паёми видеоӣ рӯзи 29-уми август, гуфт, дархости раисиҷумҳури Русияро ба иҷро хоҳад расонд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар зимн, ин дувумин паёми президенти Русия Владимир Путин ба ҷудоихоҳони шарқи Украина аст ва интизор мерафт, ки дар он иттиҳомоти ворид шудани нерӯҳои ҳарбии Русия ба қаламрави Украина шарҳ дода хоҳад шуд. Аммо дар паём дар ин бора чизе гуфта нашудааст.
Паёми пешинаи Путин ба суқути ҳавопаймои мусофирбари малайзӣ рабт дошт, ки як моҳ пеш дар фазои Донетск ҳадафи мушак қарор гирифт ва ҳамаи сарнишинони он кушта шуданд. Он вақт Путин навишта буд, ки агар амалиёти ҳарбӣ дар шарқи Украина аз сар гирифта намешуд, ҳавопаймо низ ҳадаф қарор намегирифт.
"Шабнома"-и Путин дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомоти Украина мегӯянд, шаҳри Новоазовск дар вилояти ошӯбзадаи Донетскро нирӯҳои Русия ишғол кардаанд. Раисиҷумҳури Украина ба ин далел сафараш ба Туркияро лағв кардааст.
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милал сафири Иёлоти Муттаҳида Саманта Пауэр гуфт, бино бар аксҳое, ки аз моҳвора гирифта шудаанд, нерӯҳои Русия аз марзи Украина гузашта ба ҷудоиталабон кумак мерасонанд. Аммо вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров гуфт, Ғарб барои исботи ин иттиҳоми худ далел надорад. Сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин иқрор кард, ки дар Украина як қатор ихтиёриён аз Русия ба нерӯҳои мардумии он мадад мерасонанд.
Дар робита ба вазъи феълии Украина ва як рӯз баъд аз иттиҳоми ин ки Русия навоҳии шарқии Украинаро ишғол кардааст, вазирони дифои НАТО дар Бруссел амалкардҳои минбаъдаи худро баррасӣ мекунанд.