З.Исмоилзода: Сафи ИЖТ-ро аз "тасодуфиҳо" пок мекунем

Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси тозаинтихоби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, тоза кардани сафҳои иттифоқ аз “афроди тасодуфӣ”, аз иқдомҳои нахустини ӯ хоҳад буд.

Дар анҷумани 14-уми Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бисёре аз журналистони собиқадор аз он ибрози нигаронӣ карданд, ки ҳуҷҷати аъзои Иттифоқи журналистон ба дасти афроди тасодуфӣ ва комилан дур аз ин соҳа афтодааст ва онҳо обрӯву нуфузи журналистонро дар байни ҷомеа аз байн мебаранд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин эродҳо, Зиннатуллоҳ Исмоилзода, дар сӯҳбат бо “Озодӣ” гуфт, тоза кардани сафҳои иттифоқ аз ашхоси тасодуфӣ аз иқдомҳои аввалини ӯ дар ин симмат хоҳад буд. Вай афзуд: “Яке аз аввалин қарорҳои раёсати Иттифоқи журналистон ин дар давоми як моҳи оянда аз нав ба қайд гирифтани кулли аъзоҳои иттифоқ аст. Мақсади асосии ин иқдом, аз он иборат аст, ки мо мехоҳем суфуфи аъзоёни иттифоқро аз афроди ғайриҳирфаӣ тоза кунем. Онҳое аъзои ин иттифоқ бояд бошанд, ки ҳирфаиянд ва ба талаботи оинномаи иттифоқ ҷавобгӯ бошанд”.

Дар анҷумани мазкур ҳамчунин бархе аз ширкатдорон аз фаъолияти камранги ИЖТ ва ҷудо кардани журналистон ба “давлативу ғайридавлатӣ” ибрози нигаронӣ карданд. Шариф Ҳамдампур, молики як зумра газетаву маҷаллаҳо ва пойгоҳи иттилооти pressa.tj дар ҷараёни ин анҷуман гуфт, ҷаласаву анҷуманҳои иттифоқ тарзе ташкил карда мешавад, ки гӯё он иттиҳодияи танҳо журналистони расонаҳои давлатӣ бошад.

Вай афзуд: “Дар идораи мо беш аз 30 хабарнигорон фаъолият доранд, дар як ҳафта мо беш аз ним миллион мухотаб дорем. Аммо моро танҳо дирӯз аз баргузории ин анҷуман огоҳ карданд, ки мо натавонистем ҷаласаи ячейкаи ибтидоиро гузаронем ва вакилонамонро ба ин анҷуман пешниҳод кунем. Магар дар рӯзҳои сахтарин ҳамин расонаҳои ғайридавлатӣ набуданд, ки дар канори давлатӣ қарор гирифтанд? Чаро нисбати мо чунин муносибат сурат мегирад?”.

Бо вуҷуди ин радду бадал ва баҳсу мунозираҳо, дар анҷумани мазкур номзадии панҷ нафар -- Сайёфи Мизроб, Гули Зард, Фаррухшоҳи Сӯҳробшоҳ ва Ёқуб Исмоилзода барои интихоб шудан ба роҳбарии Иттифоқ пешниҳод шуданд. Вале ҳамаи онҳо номзадии худро пас гирифтанд ва танҳо номзадии Зиннатуллоҳ Исмоилзода ба овоз гузошта шуд.

Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси нави ИЖТ.

Ҳамин тариқ, Зиннатуллоҳ Исмоилзода бо аксарияи кулли орои вакилони ин Анҷуман, барои панҷ соли дигар раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб шуд. Зиннатуллоҳ Исмоилзода, мудири шабакаи мустақили маъруф ба СМТ ва директори муассисаи давлатии “Академияи васоити ахбори умум" мебошад.

Анҷумани 14-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи маҷмаи "Шарқи озод" баргузор гашт ва дар он ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон оид ба робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва 168 вакил ширкат доштанд.

Сайёфи Мизроб, молики нашрияи СССР дар ин анҷуман гуфт, вазъи душвори молӣ бисёре аз нашрияҳо ва хабарнигорони тоҷикро дастнигари грант ва кӯмакҳои созмону давлатҳои хориҷӣ кардааст, ки албатта бидуни ҳадаф ва мақсади муайян ба нашрияҳо дода намешаванд. Аз ин рӯ, оқои Мизроб аз Абдуҷаббор Раҳмонзода даъват ба амал овард, ки давлат барои дастгири нашрияҳои хусусӣ дар шароити буҳрон, кӯмакҳои вижаи молӣ ва ё субсидияҳо ихтисос бидиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Гули Зард, журналист ва адиби тоҷик аз зиндагии сахт ва фақиронаи 14 журналисти тоҷик гилоя кард, ки ба кӯмакҳои хайриявии таъҷилӣ ниёз доранд. Дар робита ба ин дархостҳо, Абуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент оид ба робита бо ҷомеа гуфт:

“Масъалаи ҷудо кардани грант ва ё субсидия ба нашрияҳои ғайридавлатӣ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, умедворам ин масъала ба тарзе ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Дар масъалаи 14 журналисте, ки ба кӯмак ниёз доранд: лутфан рӯйхати ин журналистҳоро ба мо пешниҳод кунед ва мо ба раисони шаҳру навоҳие, ки онҳо ба сар мебаранд дастур хоҳем дод, то ба онҳо кӯмак кунанд”.

Аммо хабарнигорони нашрияҳои мустақил мегӯянд, дарёфти грант ва кӯмаки молиявӣ аз сӯи давлат мустақилияти онҳоро зер суол мебарад ва аз ин рӯ беҳтар аст, давлат дар шакли кам кардани мизони андозҳо, ба нашрияҳо кӯмак расонад.