Аъзои гуруҳи тундрави “Толибон” ду сол пеш ҷилави қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд, аммо то кунун ҳеч кишвар ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Тоҷикистон ҳам. Кишвару созмонҳо Толибонро ба нақзи ҳуқуқи одамон, бахусус занону духтарон, муттаҳам мекунанд.