Ширкати "Тселл", молики замимаи "Чӣ гап", ки муҳоҷирони тоҷик бо истифода аз он бо азизонашон дар Тоҷикистон гап мезананд, ваъда додааст, ки ба зудӣ ин замима дигарбора ба кор медарояд. Муҳоҷирони зиёде ҳар рӯз аз Радиои Озодӣ мепурсанд, ки чаро "Чӣ гап" чанд рӯз аст кор намекунад.