Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, мумкин аст, дар ояндаи наздик арзиши истифода аз Интернет поин равад. Солҳост, ки дар кишвар шикоят аз суръати сусти Интернет ва қимати баланди он зиёд аст ва рӯзе нест, ки як корбар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи суръати Интернет шикояту даъво накунад.