Ба иттилои Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, машқҳои дастаи мунтахаби кишвар дар Анталияи Туркия рӯзи 13-уми феврал таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Кемал Алиспахич, мутахассиси 46-солаи босниягӣ, шурӯъ шуд.
Ӯ афзуд, ба ҳайати даста дар ин ҷамъомад 21 футболбоз, ба ҷуз нимҳимоятгар Нуриддин Давронов («Истиқлол»-и Душанбе), дохиланд. Нуриддин 16-уми феврал ба Туркия меояд.
Бояд гуфт, ки футболбозони тоҷик дар Туркия ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Кореяи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд (29-уми феврал) ва сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2012 дар Непал (8-18 март) омодагӣ мебинанд. Инчунин дар Белек баргузории якчанд бозии санҷишӣ дар назар аст.