Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин бохти Тоҷикистон бо Камол Алиспаҳич


Тими миллии футболи Тоҷикистон дар нахустин бозии санҷишӣ дар Туркия аз дастаи "Шуртан"-и Узбакистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ба иттилои Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозии дӯстона дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби кишвар рӯзи 15-уми феврал дар шаҳри Белеки Туркия таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Камол Алиспаҳич, мутахассиси 46-солаи босниягӣ, барпо гардид.

Ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Нахуст Ботир Қодирқулов, бозигари “Шуртан” (тими лигаи олии Узбакистон), дар дақиқаи 54-ум ҳисобро боз кард. Баъди 11 дақиқа ҳамлагари дастаи Тоҷикистон Фарҳод Тоҳиров (бозигари “Истиқлол”-и Душанбе) ҳисобро баробар намуд.

Голи ҳалкунандаро боз ҳам Ботир Қодирқулов дар дақиқаи 74-ум ба самар расонд.

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон: Алишер Тӯйчиев (Алишер Додов, 46), Эраҷ Раҷабов (Баҳодур Шарифов, 46), Алексей Неъматов, Соҳиб Саванқулов (Даврон Эргашев, 46), Фаррух Чориев (Аҳтам Назаров, 46), Дилшод Восиев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46), Иброҳим Рабимов, Маҳмадалӣ Содиқов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Илҳом Ортиқов, 46), Комил Саидов (Юсуф Рабиев, 46), Аҳтам Ҳамроқулов (Фарҳод Тоҳиров, 46).

Рӯзи 18-уми феврал футболбозони тоҷик бо қаҳрамони дукаратаи Руминия - ЧФР "Клуж" рақобат мекунанд. Бояд гуфт, ки ин даста ду бор дар Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ширкат кардааст ва, минҷумла, бар "Рома"-и Италия пирӯз шуда, бозиро бо "Челси"-и Лондон бо ҳисоби мусовӣ анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG