Гаронӣ зиндагии тоҷиконро мушкил кардааст
Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише гуфтааст, болоравии якбораи нархи маҳсулот боиси бад шудани амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон шудааст. Ба гузориши ин бонк, имсол зиндагии оилаҳое мушкилтар шуд, ки аз дарёфти пули муҳоҷирон маҳрум шуданд. Мақомот ҳанӯз ба ин гузориш вокуниш накардаанд. Дар як соли охир нархи чандин маҳсулот, аз ҷумла орд, равған ва сӯзишворӣ боло рафт ва нигарониву танқидҳои зиёдро ба миён овард.