Муин Ғафуров, варзишгари тоҷик, ки дар муҳорибаҳои размии омехта (ММА) рақобат мекунад, аз рӯи натиҷаи санҷиши допинг барои шаш моҳ аз ширкат дар мусобиқот маҳрум шуд. Дар ин бора сомонаи MMA Fighting хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ташхиси размкори 25-солаи тоҷик барои канренон натиҷаи мусбат нишон дод.
7-уми сентябри имсол Муин дар финали силсилаи номзадҳои Дана Уайт бо Чад Анҷелигери канадагӣ рӯбарӯ шуд. Дар сурати пирӯзӣ, Ғафуров метавонист дар таърих ҳамчун нахустин варзишгар аз Тоҷикистон бо UFC (Ultimate Fighting Championship) шартнома бандад, вале ӯ дар набарди ниҳоӣ бо тасмими тақсимшудаи доварон шикаст хӯрд.
Якҷоя бо намояндаи Тоҷикистон Лукаш Бржескии лаҳистонӣ низ аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот маҳрум карда шуд. Размикори 29-сола барои шикаст додани Дилан Поттери амрикоӣ бо UFC шартнома баста буд, ҳамакнун пирӯзии ӯ бекор хоҳад шуд.
Ҳанӯз маълумот дар бораи он ки Бржески пас аз муҷозот дар лига боқӣ мемонад ё на, маълумоте нест, вале то моҳи июни соли 2022 ӯ наметавонад дубора вориди октагон (майдони набард) шавад.
Қобили зикр аст, ки Муин то имрӯз аз рӯи рейтинг ё радабандии MMA размкори шумораи 1 дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Муин Ғафуров фаъолияти касбии худро соли 2013 оғоз карда, ҳамагӣ 21 қувваозмоӣ анҷом додааст. Ӯ дар 17 рақобат пирӯз шуда, дар 4-тоаш мағлуб шудааст. Вазни Муин Ғафуров 61 килограмм ва қадаш 1 метру 70 сантиметр мебошад. Ӯ дар мусобиқаҳои ACA, ONE FC, ADW ширкат кардааст.
Ёдовар мешавем, Муин Ғафуров соли 2013 дар мусобиқаи XIX қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои размӣ дар Маскав дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфта буд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Абзал Абилдашев аз Қазоқистон ғолиб омада, бо медали тилло мукофотонида шуд.