Пешниҳоди бархе аз раҳбарони ҷабҳаи зидди Толибон дар робита ба додани чархболҳои ҳукумати пешини Афғонистон ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, баҳсҳоро дар бораи сарнавишти ин таҷҳизоти низомӣ, дигарбора гарм кардааст. Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллии Афғонистон охири ҳафтаи гузашта гуфт, ки Тоҷикистон ва Узбекистон бояд ин чархболҳоро дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимати миллӣ қарор бидиҳанд.
Бархе аз таҳлилгарони умури низомӣ мегӯянд, ки чархболҳои артиши пешини Афғонистон дар Тоҷикистон ва Узбекистон ба Амрико тааллуқ доранд ва додани онҳо ба тарафҳои даргир дар Афғонистон, бояд ба хости ИМА бошад.
Асадуллоҳ Надим, як коршиноси умури низомӣ аз Афғонистон мегӯяд, ки молики ин ҳавопаймоҳо на Узбекистон ва Тоҷикистон, балки Амрико аст. Оқои Надим мегӯяд, ҳукумати пешин дар Кобул натавонист санадҳои ин чархболҳоро ба номи Афғонистон сабт кунад ва ҳоло бе ишораи Амрико, Тоҷикистону Узбекистон намехоҳанд ва наметавонанд ин ҳавопаймоҳоро дар ихтиёри касе бигузоранд.
Ба гуфтаи ин таҳлилгари низомии афғон, "дар сурате, ки Амрико ин ҳавопаймоҳоро дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимат бигузорад, Амрико вориди ҷанг бо Толибон мешавад. Ин гуна тасмимро Амрико дар ин замон намегирад ва намехоҳад бигирад".
Аз сӯи дигар, генерал Муҳаммад Родманиш, сухангӯи пешини Вазорати дифои ҳукумати пешини Афғонистон мегӯяд, ки пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон, ҳудуди шаст чархболи онҳо ба Тоҷикистон ва Узбекистон фиристода шуд, ки дар онҷо боқӣ монданд. Ӯ мегӯяд, наметавон пешбинӣ кард, ки Амрико оё Узбекистон ва Тоҷикистон ин чархболҳоро ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бидиҳанд.
Мухолифони ҳукумати Толибон рӯзи 11-уми феврал дар Лондон дар ҳамоиши ёдбуди Хайрмуҳаммад Хайрхоҳ, аз фармондеҳони шинохтаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки моҳи декабр дар Андароби вилояти Бағлон кушта шуд, гуфтанд, ки ба муборизаи худ зидди Толибон идома медиҳанд. Аҳмад Масъуд, Абдураб Расули Сайёф, Атомуҳаммади Нур, Абдурашид Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ, Абдулатиф Пидром ва дигарон дар ин ҳамоиш суҳбат карданд.
Абдурашид Дӯстум, собиқ муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон ва узви Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон дар ин нишаст гуфт, ки Узбекистон ва Тоҷикистон бояд чархболҳоеро, ки пас аз фурӯпошии ҳукумати пешин ба онҷо интиқол дода шудаанд, ба онҳо бидиҳанд.
"Ин кишварҳои ҳамсоя ё кишварҳои Осиёи Миёна бояд ба мо таваҷҷуҳ кунад ва чархболҳои моро баргардонад, то аз онҷо парвоз кунем ба Форёб ё Бадахшон бирасем. Дастикам 40 чархбол дар Тоҷикистон ва Узбекистон вуҷуд дорад. Онҳоро ба мо бисупоред",-гуфтааст Дӯстум.
Моҳи гузашта ҳукумати "Толибон" ҳам аз Узбекистон ва Тоҷикистон талаб карда буд, ки 40 чархболро баргардонанд.
То кунун мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон дар мавриди пешниҳодҳои Абдурашид Дӯстум чизе нагуфтаанд.
Аммо мақомот дар Тошканд қаблан гуфта буданд, ки ин чархболҳо аз Амрико мебошанд ва онҳоро ба Толибон таҳвил намедиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин чархболҳо расман суҳбат накардаанд.
Намояндагони Вазорати мудофиаи Амрико пеш аз ин гуфтанд, ки на Узбекистон ва на Тоҷикистон нияти баргардонии ҳавопаймоҳову чархболҳоро ба Афғонистон надоранд. Дар ҳамин ҳол, амрикоиҳо гуфтанд, то кунун тасмим нагирифтаанд, бо ин техникаҳо чӣ кор кунанд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар вокуниш ба нишасти Лондон ва изҳороти раҳбарони зидди ин гурӯҳ гуфтааст, "иҷоза нахоҳем дод, ки касе дубора инҷо ҷангеро оғоз кунад".
Пеш аз ин, Томас Николсон, намояндаи Иттиҳоди Аврупо барои Афғонистон дар мусоҳиба ба рӯзномаҳои Ҳиндустон гуфта буд, ки онҳо ҳимоят аз мухолифони Толибон дар Афғонистонро баррасӣ намекунанд.
Аз замони ба қудрат расидани Толибон дар моҳи августи соли 2021, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ба муқовимат алайҳи ин гурӯҳ бархостааст. Дар ин миён ҷангҳои сахте миёни нерӯҳои ин Ҷабҳа ва Толибон дар Панҷшер, Бағлон, Тахор ва Бадахшон сурат гирифтааст.
Гуфтугӯ