Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон, яке аз осебпазиртарин кишварҳои ҷаҳон дар баробари тағйироти иқлим


Яке аз деҳоти вилояти Бағлон пас аз сел.
Яке аз деҳоти вилояти Бағлон пас аз сел.

Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон яке аз осебпазиртарин кишварҳои ҷаҳон  дар баробари тағйири иқлим аст ва айни замон ҳеҷ абзору имконоти мутобиқат ба паёмадҳои вайронгари гармоиши курраи Заминро надорад.

Афғонистон, ки яке аз кишварҳои фақиртарини ҷаҳон аст, дар радифи он кишварҳои ҷой дорад, ки бештар аз ҳама аз оқибатҳои тағйири иқлим ранҷ мекашад.

Ҷангҳое, ки даҳсолаҳо идома дошт, муҳити зисти Афғонистонро ба ҳадде табоҳ кардааст, ки ҳоло дар байни чаҳор кишвари дигарест, ки назар ба тамоми дигар кишварҳои ҷаҳон дар баробари тағйири иқлим осебпазир ҳастанд.

Боло рафтани ҳарорат, фалокатҳои табииро зиёдтар ва бадтару сахттар кардааст, аз ҷумла хушксоливу сел ва ярчу дигар офатҳоро.

Офатҳои маргбори табиӣ дар солҳои ахир айни замон вазъи фалокатбори башарӣ ва бӯҳрони иқтисодии Афғонистонро бадтар кардаанд, ки ҳоло миллионҳо нафар аз мардумаш ба хатари қаҳтиву гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Ба навиштаи мутахассисон, тағйири иқлим як дарди сари бузурге барои 40 миллион нафар аз аҳолии Афғонистон, ки ҳудуди 80 дар сади онҳо дар зиндагӣ аз манобеи табиӣ истифода мебаранд.

Бозгашти Толибон ва бадтар шудани вазъ

Суқути ҳукумати таҳти ҳимояти Ғарб дар Афғонистон ва ба қудрат баргаштани Толибон дар соли 2021, имконоти кишвар барои мутобиқ шудан ба тағйири иқлимро заифтар кардааст.

Баъди ғасби қудрат, кишварҳои кӯмакрасон ба Афғонистон ихтисоси миллиардҳо доллар барои рушди ин кишварро қатъ карданд. Муассисаҳои имдодии байналмилалӣ ҳам кӯмакҳои башариро бисёр коҳиш доданд ва як сабабаш ҳам ба далели зери по кардани ҳуқуқи мардум аз тарафи Толибони ифротӣ аст.

Як ҳайати Толибон ҳоло дар Конфронси Созмони Милал дар бораи тағйири иқлим дар Боку, пойтахти Озарбойҷон ба ҳайси нозир ширкат дорад, вале ҳукумати эътирофнашудаи Толибон зоҳиран дар инҷо ҳам кӯмаке барои сабук кардани оқибатҳои тағйири иқлим дар Афғонистон ба даст оварда наметавонад.

Афғонистон дар гармоиши курраи Замин ва ихроҷи газҳои олудакунандаи ҳаво нақши бисёр каме дорад, вале ҳаво дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон босуръат гармтар мешавад. Аз соли 1950 то кунун ҳарорат дар Афғонистон 1.8 дараҷа боло рафтааст, агарчӣ болоравии миёнаи ҳарорат дар саросари ҷаҳон 1.5 дараҷа будааст.

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, болоравии ҳарорат “соҳаи кишоварзӣ ва занҷираҳои вобастаи онро, ки сутуни иқтисоди кишвар аст, гирифтори бебандуборӣ кардааст.” https://www.undp.org/afghanistan/blog/afghanistan-brink-climate-catastrophe-we-must-act-now

Фалокатҳои имсол ва оқибатҳои онҳо

Селу обхезиҳо дар баҳору тобистони имсол ҷони 300 афғонистониро гирифт ва бештар аз 20 000 нафари онҳоро беҷову бемакон кард, ҳазорон хона ва ҳазорон гектар аз киштзорҳои мардум нобуд шуд. Ба гуфтаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, обхезиҳо дар Афғонистон имсол бо арзиши 400 миллион доллар ба иқтисоди ин кишвар зарар расонидаанд.

Афғонистон яке аз сарчашмаҳои асосии оби кишварҳои ҳамсояааш ба ҳисоб меравад, вале тағйироти иқлим камобӣ дар худи кишварро зиёд кардааст, ки зербунёдҳои обёриаш ҳам аз байн мераванд.

ЮНИСЕФ, Бунёди Ҳимоят аз Кӯдакон дар Созмони Милал ҳисоб кардааст, ки айни замон аз байни ҳар 10 нафар аз афғонистонӣ, 8 нафари онҳо ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. https://www.unicef.org/media/118356/file/%20UNICEF%20Afghanistan%20WASH%20on%20the%20Brink%202022.pdf

Бар асоси омори Созмони Милал бештар аз 64 дар сади аҳолӣ ҷабри хушксолиро мекашанд ва теъдоди афзояндаи мардум ғизоӣ кофӣ барои ҳӯрдан намеёбанд. https://unocha.exposure.co/afghanistan-the-alarming-effects-of-climate-change

Балои дигаре, ки тағйири иқлим ба сари Афғонистон овардааст ба гуфтаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, “беҷошавӣ дар дохили Афғонистон ва муҳоҷират ба хориҷ аз ин кишвар аст.” https://reliefweb.int/report/afghanistan/afghanistan-crisis-response-plan-2024

XS
SM
MD
LG